"Дар осиёби дигарон об мерезем." Чаро маҳсулоти сохти Тоҷикистон кам аст?

Сари ҳар қадам дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон маҳсулоти хориҷиро дидан мумкин аст. Аз хӯрок то либосу дастгоҳҳо. Маҳсулоти сохти Тоҷикистон қариб дида намешаванд. Аз ин вазъ президенти Тоҷикистон ҳам огоҳ будааст.

“90 фоизи бозори мо, тамоми зиндагии мо имрӯз аз хориҷа аст. Мо дар осиёби дигарон об рехта истодаем, боигарии мо берун рафта истодааст.” Ин ҳарфҳо рӯзи 16-уми декабри 2025 дар паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба порлумон садо дод.

Нобаробарӣ дар содироту воридоти кишвар дар бештар аз 30 соли соҳибистиқлолӣ ҳамоно боқист. Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ, гуфт, “воқеан, Тоҷикистон ҳанӯз ба кишвари содиркунанда табдил нашудааст. Воридоти кишвар нисбат ба содирот се бар як аст. Мо се аз хориҷа мехарем, танҳо як мефурӯшем, ки хуб нест. Кишвар талош дорад, ақаллан воридот ба содироташ баробар шавад. Танҳо он замон иқтисоди Тоҷикистон метавонад худкифо шавад.”

Аммо чаро чунин аст? Сабабу омилҳои нобаробарӣ дар содироту воридотро Абдулло Ашӯров чунин шарҳ дод: “Солҳои охир аз ташкили даҳҳо корхонаи нав гузориш дода мешавад. Аввалан, аксари ин корхонаҳо хурданд. Дувум, маҳсулоте намебароранд, ки рақобатпазир бошанд, чӣ дар дохил, чӣ дар хориҷ. Масалан, Тоҷикистон бисёр ашёи хомро дар намуди пахта, алюминий, тило ва маъданҳои дигар дар шакли ашёи хом ба хориҷа содир мекунад. Баъдан мо молу маҳсулоти омодаро аз хориҷа гарон мехарем.”

Ба назари ӯ, барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазир фазои мусоиди соҳибкорӣ, пешниҳоди имтиёзҳои назаррас, мустақилии додгоҳҳо ва бартараф намудани мушкили ҳуҷҷатгузорӣ муҳим аст. Инҳисор ё монополияи бахшҳои муҳиму фоидаовари бозори Тоҷикистон ҳам аз монеаҳое гуфта мешавад, ки борҳо аз забони коршиносону соҳибкорон борҳо садо додааст.

Навор дар Инстаграм:

Баъзе аз сокинони одӣ мегӯянд, бахше аз маҳсулоти озуқаро аз ҳисоби тавлидоти ватанӣ дастрас мекунанд, вале либосу таҷҳизоту дастгоҳҳои лозим аксаран аз хориҷи кишваранд.

“Моли Тоҷикистонро тақрибан истифода намебарем. Ба ҷуз хӯрок, масалан, орду равған. Либос асосан аз хориҷа аст. Сифаташ ҳам дуруст. Агар корхонаҳои худамон бо сифати хуб бароранд, мегирем. Корхона мекушоданд, мутахассисони нағз мегирифтанд, ҳама кор пеш мерафт,” – гуфт яке аз роҳгузарон дар Душанбе.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар робита ба ин мавзуъ то лаҳзаи таҳияи гузориш ба номаи Радиои Озодӣ посух надод.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба беш аз 7,8 миллиард доллар баробар аст, вале зиёда аз 6 миллиарду 23 миллион доллари он ба воридот рост меояд. Ин дар ҳолест, ки раҳбарони блоки иқтисодӣ ҳамеша дар суҳбатҳои расмии худ аз рушди иқтисод, саноатикунонӣ ва ташкили корхонаҳои нав гузориш медиҳанд, вале вазъият бетағйир мемонад.

Навор дар Фейсбук: