Аксҳои ихтисосӣ. Калисоҳое, ки дар Қарабоғи Кӯҳӣ вайрон шуданд

Калисои "Модари муқаддаси Худо" дар шаҳри Хонкендӣ.

Калисои ҷомеи калонтарин шаҳр дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон тахриб шудааст. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин мавзӯъро аз тариқи аксҳои моҳвораии сабтшуда дар 26 апрел таъйид кардааст.

Гузоришҳое дар бораи тахриби калисои ҷомеаи "Модари муқаддаси Худо" дар шаҳри Хонкендӣ аз миёнаҳои моҳи апрел дар расонаҳои арманӣ нашр шуда буд. Аммо то пеш аз ин, ҳеч акси нав ва рӯшане, ки вазъияти ин маҳалро нишон диҳанд, дастрас набуд.

Ин ду тасвир калисои ҷомеаи "Модари муқаддаси Худо"-ро дар охирҳои соли 2025 ва ҳамон маҳалро дар 26 апрел нишон медиҳад.

Бинои ин калисои ҷомеъ дар Хонкендӣ, шаҳре, ки арманиҳо онро Снепанакерт меноманд, дар соли 2006 оғоз шуд ва ин бино дар соли 2019 мавриди истифода қарор гирифт. Ин макон илова бар онки маҳалии аслии ибодат дар ин шаҳр буд, дар ҷараёни даргириҳо бо нерӯҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар даҳаи 2020 оғоз шуд, аз зерзаминии он ҳамчун паноҳгоҳ истифода мешуд.

Калисои ҷомеаи "Модари муқаддаси Худо" дар сентябри соли 2023.

Ҳамчунин тасвирҳои бадастомада тавассути Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъйид мекунад, ки калисои Яъқуби Муқаддас, яке дигар аз маконҳои муҳими масеҳӣ дар ин шаҳр низ, дар ҳафтаҳои ахир ба таври комил аз рафтааст.

Намое аз Калисои Яъқуби Муқаддас дар шимоли Хонкендӣ, пеш аз он, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон назорати Қарабоғи Кӯҳиро дар даст бигирад. Акс аз (monumentwatch.org).

Калисои Яъқуби Муқаддас дар соли 2007 ташкил шуд ва хароҷоти бунёди он аз сӯи як марди некӯкори арманӣ-амрикоӣ ба ёди писари даргузаштааш таъмин шуда буд.

Калисои Яъқуби Муқаддас дар шимоли Хонкендӣ дар охирҳои соли 2025 (боло) ва ҳамон маҳал дар 26 апрели соли 2026.

Мақомоти калисои ортодокси Арманистон рӯзи 23 апрел Ҷумҳурии Озарбойҷонро муттаҳам карданд, ки "барқасдона ҷойҳои муқаддаси масеҳиёни арманиро ҳадаф қарор медиҳад ва дар пайи маҳви ҳузури арманиҳо" аз Қарабоғи Кӯҳӣ аст. Ин калисо ҳамчунин иддао кард, ки сангҳои салибӣ дар атрофи калисои таърибшудаи Яъқуби Муқаддас низ аз байн бурда шудаанд.

Элнора Акимова, як вакили порлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон 22 апрел ба бахши озарбойҷонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки иддаоҳо дар бораи тахриби ин калисоҳо "иқдоми таҳрикомез аз сӯи нерӯҳои интиқомҷӯ" барои хадшадор кардани обрӯи Боку аст. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки кишвараш "ҳамчун як сиёсати давлатӣ, биноҳои мазҳабӣ ва таърихиро дар қаламрави худ ҳифз карда, нияти вайрон кардани мероси диниро надоштааст".

Гунбади калисои ҷомеаи "Модари муқаддаси Худо" дар соли 2018 (чап) ва акси гирифташуда аз як видео аз апрели соли 2026 аз ҳамон маҳал.

Дар 26 апрел, Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ бо яке аз кормандони меҳмонхонае, ки чанд метр бо калисои ҷомеъ фосила дорад, гуфтугӯ кард. Ин шахс дар оғоз телефонӣ гуфт, ки маълумоте дар бораи вазъияти калисо надорад. Аммо баъд гуфт, ки "ҳама чиз дар атрофи меҳмонхона дар ҷойи худаш аст" ва дар идома иддао кард, ки калисо ҳамчунон бопарҷост.

Як паём дар шабакаҳои иҷтимоӣ (боло) дар аввалҳои моҳи феврал нишон медиҳад, ки деворе монанди деворҳои коргоҳе, атрофи калисои ҷомеъ кашида шудааст. Гумон меравад, ин бино то аввалҳои моҳи апрел тахриб шуда бошад.

Беш аз 100 ҳазор армании сокини Қарабоғи Кӯҳӣ ва минтақаҳои атрофи он, дар пайи ҳамлаҳои низомии Арманистон, ки дар сентябри соли 2023 ба бозпасгирии комили ин минтақа аз сӯи Ҷумҳурии Озарбойҷон анҷомид, аз маҳали зиндагии худ гурехтанд.

Ин амалиётҳои низомӣ пас аз даҳсолаҳо назорати амалии ин сарзамин ва минтақаҳои атрофи он тавассути арманиҳо, дар пайи ҷанги аввали Қарабоғи Кӯҳӣ, сурат гирифт.

Никола Пашинян, нахуствазири Арманистон (байн) рӯзи 24 апрел дар маросими ёдбуди наслкушии арманиҳо, дар Ереван гулгузорӣ мекунад.

Гузоришҳо дар бораи тахриби ибодатгоҳҳои масеҳӣ дар Қарабоги Кӯҳӣ, дар остонаи интихоботи порлумонии пешорӯи Арманистон ҷанҷолбарангез шудааст. Мунтақидон Никола Пашинян, нахуствазирро ба кӯтоҳӣ дар расидагӣ ба ин мавзуъ муттаҳам мекунанд. Пашинян ба хабарнигорон гуфт, ки ҳукуматаш дар ҳоли талош барои ба даст овардани маълумоти комил дар бораи ин масъала аст, аммо хостори "эҳтиёт" дар чунин мавридҳо шуд.

Ӯ афзуд, "бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои гузашта, фикр намекунам ин мавзӯъро дар сатҳи давлатӣ ба баҳсҳои байналмилалӣ табдил кунем".