"Сохтакорӣ" ва "тақсими замин". Боздошти муовини раиси Кӯлоб

Алишер Бобоҷонзода. Акс аз 13-уми феврали 2026

Мақомоти интизомӣ Алишер Бобоҷонзода, муовини раиси шаҳри Кӯлобро боздошт кардаанд.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки Алишер Бобоҷонзода рӯзи 23-юми феврал дастгир шуда, Додситонии шаҳри Кӯлоб ӯро ба “сохтакорӣ” ва “тақсими нодурусти замин” гумонбар медонад.

Алишер Бобоҷонзода муовини раиси Кӯлоб дар умури сохтмон ва замин буд.

Мақомот парвандаи ӯро шарҳ надоданд ва наздиконаш низ аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.

Як манбаи Радиои Озодӣ бе зикри номаш рӯзи 26-уми феврал гуфт, "Бобоҷонзода дар пайи тафтиши фаъолияти Бахтиёр Назарзода, раиси собиқи шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст."

Ҳамзаалӣ Музофиров, додситони минтақаи Кӯлоб, соли гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки 43 қарори раиси Кӯлобро дар мавриди додани замин бекор карданд.

Бахтиёр Назарзода

Бахтиёр Назарзода рӯзи 7-уми январи имсол бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мансаб барканор шуд. Дар матни фармони барканории ӯ ибораи “гузаштан ба кори дигар” зикр нашуда буд ва бисёриҳо инро як навъ танбеҳ донистанд. Ба ҷойи ӯ, Диловар Пирзода раиси шаҳр шуд.

Ду нафаре, ки дар муаррифии раиси нави Кӯлоб ширкат дошта, шоҳиди гуфтугузор будаанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Асадулло Раҳмон, ёвари президент, ба талоши ситоиш аз шаҳрдори собиқ Бахтиёр Назарзода вокуниши манфӣ кардааст. Ин ҷаласа рӯзи 7-уми январ гузашт.

Бахтиёр Назарзода феълан ҳеч мансаб надорад, вале мақоми худро ҳамчун узви Маҷлиси миллӣ ҳифз кардааст ва дар ҷаласаҳои он ширкат мекунад.

Замин дар Тоҷикистон моликияти давлат аст. Бо сабаби кам будани замин ва зиёд будани довталабони он ҷараёни тақсими замин бо мушкилот, аз ҷумла гоҳо олуда бо фасод пеш меравад. Дар гузашта даҳҳо мансабдор барои тақсими нодурусти замин аз вазифа ронда ва бархе ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар ин миён аксаран, мардумони одӣ ранҷ мекашанд, ки баъди гирифтани қарор дар бораи насиби онҳо шудани порчае аз замин, дар он бо заҳмату пули зиёди ба сахтӣ ҷамъоварда хона месозанд, вале баъди як ё ду сол раиси наве меояд ва он қарроро беэътибор мекунад. Видеоҳои дилхароше вайрон кардани хонаҳои нимасохта ва доду фарёди занону кӯдакон дар ин миён дар Интернет солҳост, ки чарх мезананд.