Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ гуфт, муовини собиқи раиси Восеъ зиндонӣ шуд. ВИДЕО


Алихон Худоёрзода, муовини собиқи раиси ноҳияи Восеъ
Алихон Худоёрзода, муовини собиқи раиси ноҳияи Восеъ

Додгоҳи ноҳияи Восеъ Алихон Худоёрзода, муовини собиқи раиси ин ноҳияро бо айби “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” ба шашу ним соли зиндон маҳкум кард.

Мақомот сабаби зиндонӣ шудани ӯро шарҳ надоданд, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, парвандаи ӯ ба тақсими нодурусти замин рабт дорад.

Абдулҳай Бегаҳмадзода, додситони ноҳияи Восеъ рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотии ҳукумати ин ноҳия гуфт, дар додгоҳ айби Худоёрзода тасдиқ шуд. Ӯ ҷузъиёти парвандаро шарҳ надод, вале гуфт, аъмоли муовини собиқи раисро муфаттишони додситонӣ тафтиш карда буданд.

Видеоро инҷо бинед:

Муовини раиси Восеъро паси панҷара андохтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ дар масъалаи сохтмон ва ҳамзамон раҳбари ҳайати давлатии тақсими замин моҳи феврали соли 2023 боздошт шуда буд.

Муфаттишон фаъолияти ӯро аз соли 2017 ба ин сӯ тафтиш кардаанд.

Худоёрзодаи 58-сола, моҳи июни соли 2017 муовини раиси ноҳияи Восеъ таъин шуда буд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола даҳҳо мансабдор барои тақсими ноодилона ё фурӯши ғайриқонунии замин боздошту зиндонӣ мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG