Пайвандони Муҳаммадназрӣ Саломзода, як ҷавони тоҷик, мегӯянд, ӯ дар ҷанги Украина кушта шудааст. Пайкари Муҳаммадназрӣ ҳоло дар сардхонаи Ростови лаби Дон буда, наздикон ва муҳоҷирон талош доранд, онро Тоҷикистон расонанд.
Ба гуфтаи пайвандонаш, Муҳаммадназрӣ Саломзодаи 22-сола ҳаққи иқомати Русияро дошт ва чанд моҳи ахир дар шаҳри Тюмен кор мекард.
"Ҳуҷҷатҳояшро барои дарёфти шаҳрвандии Русия ба мақомот пешниҳод карда буд ва мехост, ба Тоҷикистон баргашта, тӯй кунад. Идораи сабт ба ӯ шиносномаи Русия дода, пешниҳоди ширкат дар ҷанги Украина мекунанд. Вай розӣ шуда, ба ҷанг меравад. Мо фақат аз шабакаҳо дидем, ки ба ҷанги Украина фиристода шудааст, интизор будем, ки омада тӯй мекунад," – гуфт яке аз пайвандони ин ҷавон.
Баъзе аз дӯстони Муҳаммадназрӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба маҳзи додани шиносномаи Русия ин ҷавонро маҷбуран ба ҷанги Украина фиристодаанд.
Маълум нест, ки ин ҷавони тоҷик кай ва дар кадом минтақаи Украина кушта шудааст. Наздиконаш 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти Русия ба онҳо ягон санад пешниҳод накардаанд ва шиносномаи русӣ ва билети ҳарбии Муҳаммадназрӣ ҳам ёфт нашудаанд.
Қарор аст пайкари Муҳаммадназрӣ Саломзода дар ноҳияи Рашт хоксупорӣ шавад.
Дар як моҳи ахир ин ҳадди ақал чорумин мавриди кушта шудани ҷавонони тоҷик дар Украина аст, ки расонаӣ мешавад. Моҳи декабри соли 2025 ҷасади се зодаи дигари Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудаанд, дар зодгоҳҳояшон дафн кардаанд. Аюбҷон Пиров аз ноҳияи Рӯдакӣ, Азамат Сангинов аз шаҳри Панҷакент ва Ғайрат Бегалиев аз ноҳияи Ҳамадонӣ.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ рӯзи 23 декабр гуфтанд, ки ду нафари онҳо аз боздоштгоҳу зиндон ва яке бо ваъдаи гирифтани ҳуҷҷат дар Русия ба майдони ҷанг бурда шуданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: “Сари сӯхта ва нимаи гӯш”. Дафни се куштаи дигари ҷанги Украина дар ТоҷикистонБо вуҷуди гузоришҳои батакрор дар бораи ҳузури зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Украина ва куштаву захмӣ шудан ва асир уфтодани теъдоде аз онҳо, мақомот дар Душанбе ин падидаро шарҳ намедиҳанд. Шумораи дақиқи тоҷикон дар ин ҷанги бегона низ маълум нест. Дар ҳеч маврид парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.
Барномаи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина дар се рӯйхат номи тақрибан ду ҳазор зодаи Тоҷикистонро ҷамъ овардааст, ки аз тарафи Русия дар ҷанг ширкат карда, қисме аз онҳо кушта шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Мо сипари гӯштием". Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкати тоҷикон дар ҷанги Украина чизе намегӯяд