Баъзе аз ронандаҳои таксӣ дар шаҳри Душанбе аз он шикоят доранд, ки баъди барҳам додани аксар ширкатҳои таксиронӣ ва пайвастани онҳо ба барномаи "Ҷӯра" (Jura) корашон мушкилу серхарҷ шудааст. Онҳо мегӯянд, чунин омил, яъне пойбанди як барнома кардани хадамот ба кори онҳо таъсири манфӣ гузошт.
“Агар мошини иҷора бошад, бояд 200-250 сомонӣ ба соҳиби он дод. Агар қарздор бошӣ, бояд пули бонкро супорӣ. Боз зиндагӣ ҳаст. Аксар ронандаҳо зери фишор кор мекунанд. Шитоб мекунанд, ки як муштарӣ гиранд, зиёдтар кор кунанд. Фикр мекунам, мушкили асосӣ ҳамин аст,” – гуфт яке аз ронандаҳо.
Ин ронанда бо андешаи эҳтиёткорӣ нахост, ки номаш ошкор ва чеҳрааш дар видео нишон дода шавад. Як нигаронии ронандаҳо ин аст, ки новобаста аз кор кардан ё накардан, онҳо бояд ҳар рӯз 100 сомонӣ ба барномаи "Ҷӯра" (Jura) пардохт кунанд ва мехоҳанд мақомот ин масъаларо ҷиддан ба баррасӣ гиранд.
Ин ширкатҳо медонанд, ки ягон рақобат нест. Чи тарзе хоҳанд хидматрасонӣ ва чи гунае хоҳанд бо муштарӣ муносибат мекунанд.Фозилҷон Фатҳуллоев
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, чанде пеш дар нишасти хабарӣ гуфт, наметавонанд ба ҳалли ин мушкили ронандаҳои таксӣ дахолат кунанд.
Ӯ афзуд: “Масъалаи таксиҳо, дар ҳақиқат, ба ёдам ҳаст, дар ҳамин толор бо шумо суҳбат доштем. Ман гуфтам, ки масъала ҳалли худашро пайдо кардааст. Мо ба масъалаи хоҷагидории таксиҳо дахолат карда наметавонем. Бинед, ҳозир нархи таксиҳо ҳамин хел аст, ки ҳар одам мехоҳад, бо таксӣ биравад. Як вақт мо дар бораи чанд ҳазор гап мезадем, ҳоло 4 ширкат ва 14 ҳазор ронанда аст. Мо ба фаъолияти моливу иқтисодии онҳо дахолат карда наметавонем.”
Ин дар ҳолест, ки вазири нақлиёт дар нишасти хабарии пешинааш аз ҳалли ин мушкили ронандаҳо хабар дода буд.
Баъзе аз коршиносон бар инанд, ки Вазорати нақлиёт ва ҳукумати Душанбе метавонанд ба мушкили ронандаҳои таксӣ дахолат кунанд. Ба қавли Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси иқисодӣ, мушкили аслӣ дар он аст, ки бозори таксиронӣ монополия ё инҳисор шудааст ва рақобат миёни ширкатҳо ба назар намерасад.
“Ширкатҳое, ки аллакай бозори таксирониро инҳисор, яъне монополия кардаанд, дар амал, дар таҷриба бояд рақобати худро нишон диҳанд. Ин ширкатҳо медонанд, ки ягон рақобат нест. Чи тарзе хоҳанд хидматрасонӣ ва чи гунае хоҳанд бо муштарӣ муносибат мекунанд. Ин бемасъулятиии мақомоти дахлдор, алалхусус ҳукумати шаҳр ва вазорати нақлиёт шаҳодат медиҳад,” – изҳор дошт ӯ.
Чанде аз муштариёни чунин таксиҳо, ки миёни мардум бо номи “Ҷура-таксӣ” маъруфанд, мегӯянд, сатҳи хидматрасонии онҳо мисли пеш набуда, роҳкирояшон низ гаронтар шудааст.
“Оё касе онҳоро назорат мекунад? Ҳарчанд мебинам, ки сокинон шикоят мекунанд, дар Фейсбук менависанд, ягон кор ҳал намешавад. Нархнома чӣ гуна аст? Ба назарам, касе ҳамон дастгоҳи ҳисобро тоб медиҳад. Як километрро 4 сомонӣ нишон медиҳад. Баъзан 3 сомонӣ. Бо як роҳ меравам, вале ҳар замон нарх дигар аст,” – гуфт яке аз назардиҳандагон.
Дигаре афзуд, “нисбат ба пештар ҳоло каме гарон шудааст.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҷӯра" корамонро мушкилу серхарҷ кардааст"
Ҳукумати Душанбе танҳо ба чор ширкат – “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” иҷозаи кор дод. Дар як санаде, ки бо имзои яке аз муовинони раиси шаҳри Душанбе расонаӣ шуд, номе аз 9 ширкати дигари таксиронӣ зикр нашуда буд.
Баҳсу мушкилоти ронандаҳои таксӣ дар Тоҷикистон масъалаи нав набуда, дар гузашта борҳо садо додааст. Дар робита ба чунин нигарониҳо ширкатҳои таксиронӣ ё намояндагони барномаи “Ҷӯра” аз шарҳи мавзуъ худдорӣ мекунанд.