Баҳром Ҳамроев дар зиндони Русия бе дору мондааст

Баҳром Ҳамроев. Акс аз бойгонӣ

Баҳром Ҳамроев, ки дар гузашта аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳимоят мекард, вале ҳоло бо гуноҳи пайравӣ аз "Ҳизби Таҳрир" зиндонист, бе дору мондааст. Вай аз бемории диабет ё қанд азият мекашад.

Ҳамроев чордаҳ сол аз озодӣ маҳрум шудааст ва ин давраи ҷазоро, ки худаш бепоя медонад, дар муассисаи ислоҳии "Полярная сова" дар Русия адо мекунад.

Риёзидон Озод Мифтоҳов, ки ӯ ҳам дар "Полярная сова" аст, дар як мурофиаи додгоҳии онлайн хабар дод, ки зиндонбонҳо доруи Баҳром Ҳамроевро гирифтаанд.

Вай афзуд, масъулон ҳамчунин хӯрок ва ашёи шахсии Ҳамроевро, ки дар ҷараёни як кофтукоб мусодира кардаанд, дигар барнагардондаанд. Ин кофтукоб, ба қавои Мифтоҳов, рӯзи 22-юми ноябр анҷом шудааст. Пас аз ин пахши мустақими мурофиаи додгоҳиро қатъ карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Баҳром Ҳамроев гуфтааст, дар зиндон шиканҷа шуд

Баҳром Ҳамроев дар гузашта чанд бор аз муносибати бераҳмона ва шиканҷа дар ин муассиса шикоят карда буд.

Ин корманди пешини маркази "Мемориал" дар Русия бахши кумаки ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро ба муҳоҷирон роҳбарӣ мекард. Ӯро моҳи феврали соли 2022 боздошт ва моҳи майи соли 2023 бо иттиҳоми узвият дар ҳаракати "Ҳизб Таҳрир" ба 13 солу нӯҳ моҳ зиндон маҳкум карданд.

Ҳамроев ин иттиҳомро напазируфт.

Фаъолияти "Ҳизби Таҳрир" аз соли 2003 дар Русия манъ шуда, созмони террористӣ ба шумор меравад.