Иттиҳоди Аврупо дар гузориши нави худ дар бораи ҳуқуқи инсон ва демократия дар ҷаҳон гуфтааст, ки вазъи риояи ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистон дар соли 2025 ҳамчунон сахту душвор боқӣ монд.
Аз гурӯҳҳои осебпазир то хабарнигорон
Гузориш рӯзи 11-уми август нашр шуд. Дар он омадааст, нозирони байналмилалӣ дар Тоҷикистон маҳдудиятҳоеро сабт карданд, ки ба амнияти хабарнигорон, озодии баён ва озодии гирдиҳамоиҳо асари манфӣ мегузошт.
"Нигарониҳо аз ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла занон ва паноҳандагон аз байн нарафт ва фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ ва дастрасӣ ба иттилооти муҳим барои ҷомеа маҳдуд буд. Расонаҳои мустақил ҳамчунон мушкилоти зиёд доштанд, хабарнигорон ва мудофеони ҳуқуқи башар ҳам бо иттиҳомоти гуногун паси панҷара рафтанд, ё дар зиндонҳо монданд," – гуфта шудааст дар гузориш.
Аз соли 2022 то кунун даҳ рӯзноманигору блогер дар Тоҷикистон зиндонӣ шуда, се нафари онҳо бар асоси қонуни афв раҳо гардидаанд
Иттиҳоди Аврупо сарнавишти чанд хабарнигору блогери зиндонии тоҷикро ҳам зикр кардааст, ки бо иттиҳомоти гуногун паси панҷара ҳастанд. Аз ҷумла, Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Хушом Ғулом, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода. Завқибек ва Абдусаттор бар асоси Қонуни афв имсол раҳо шуданд ва мумкин аст, Абдулло Ғурбатӣ ҳам то чанд вақти дигар ба назди азизонаш баргардад.
Иттиҳоди Аврупо бо такя ба баёнияҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, ин афрод барои инъикоси эътирозҳо ва навиштани матолиби танқидӣ зиндонӣ шуданд. Ба иддаои мақомоти интизомии Тоҷикистон, ҳеч яке аз ин хабарнигорону фаъолони маданӣ бегуноҳ набуданд ва барои ҷиноят, аз ҷумла ифротгароӣ, зиндонӣ шудаанд. Худи хабарнигорон гуфтаанд, ҳеч кори ғайриқонунӣ ё хато накардаанд.
Дар гузориш омадааст, фаъолони маданӣ ва хабарнигорони бадахшонӣ аксаран бо барчаспи “ифротӣ” ба зиндон рафтаанд. Иттиҳоди Аврупо шохиси созмони Гузоришгарони Бидуни Марзро ёдрас кардааст, ки Тоҷикистон аз назари озодии баён дар радифи кишварҳои ноозод қарор дод. Тоҷикистон дар ин шохис дар миёни 180 кишвар дар мақоми 153 ва яке аз зинаҳои поёнӣ қарор дорад.
Инро ҳам хонед:
Ҳабс, саркӯб ва марг дар зиндон. Вазъи ҳуқуқи одамон дар ТоҷикистонШиканҷа дар боздоштгоҳҳо; ихроҷи паноҳҷӯён
Дар идомаи гузориш омадааст, ки нигарониҳо дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳамчунон идома дошт ва ихроҷи паноҳҷӯён ва паноҳандагони афғонистонӣ нигарониҳои ҷиддӣ эҷод кард. Мақомоти интизомӣ соли гузашта ва имсол садҳо муҳоҷир ва паноҳҷӯйи афғонистониро якбора ва ногаҳонӣ ба автобусҳо савор карда, ба Афғонистон фиристоданд, агарчӣ онҳо мегуфтанд, аз бими ҷонашон ва аз тарси “Толибон” гурехта, дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Тамоми дору надорам дар Тоҷикистон монд". Шикояти паноҳҷӯи афғонистонӣҲамзамон дар гузориш баъзе аз пешрафтҳои ҳукуматро барои таъмини риояи ҳуқуқи мардум зикр кардаанд. Бино бар он, дар чаҳорчӯби Стратегияи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон барои солҳои 2023-2025 дар Тоҷикистон “баъзе пешрафтҳо барои мубориза бо хушунат ва тақвияти кори додгоҳҳо дида шудаанд”. Аммо дар умум, ба гуфтаи Иттиҳоди Аврупо, чаҳорчӯбҳои қонунӣ ва механизмҳои посухгӯӣ ҳамчунон ноқис монданд ва натиҷаҳои қобили зикр дар заминаи ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ ҳосил нашудааст.
Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, соли соли 2025 таҳаввулоти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро аз наздик зери назар дошт ва вориди гуфтугӯҳои сиёсӣ бо мақомоти расмӣ шуд. Ҳамчунин ҳамкорӣ бо ҷомеаи маданӣ ва созмонҳои байналмилалиро идома дод. Ҳавзаҳои аслии тамаркузи Иттиҳоди Аврупо дар ин муколамаҳо иҷрои Стратегияи миллии ҳимоят аз ҳуқуқи инсон то соли 2038, бавижа дар заминаи озодии баён, ҳимоят аз ҷомеаи маданӣ ва мудофеони ҳуқуқи башар, ва ҳамчунин баробарии ҷинсӣ, ҳуқуқи занон, дастрасӣ ба адолат ва ҷавонон буд.
Гуфтугӯи солонаи ҳуқуқи башари Иттиҳодии Аврупо ва Тоҷикистон рӯзи 17-уми октябри 2025 дар шаҳри Брюссел баргузор шуд. Мавзуъҳои мавриди баҳс ҳуқуқи занон ва маҳви табъиз, пешгирӣ аз шиканҷа ва ислоҳот дар умури зиндонҳо, озодии баён ва фазои маданӣ ва ҳамчунин вазъияти камшуморон ё ақаллиятҳо буд.
Иттиҳоди Аврупо, ки яке аз сармоягузорони ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, гуфтааст, ки барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон ва таҳкими аркони демократӣ ва рушди ҷомеаи маданӣ дар зарфи камтар аз 5 сол тақрибан 12 миллион евро ихтисос додааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Ягон машваратро иҷро накард." Гузориши HRW ба СММ дар бораи ТоҷикистонДар интиқоди ҳукумати Тоҷикистон барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон Иттиҳоди Аврупо танҳо нест ва созмонҳои зиёди дигари ҳуқуқи инсон ва кишварҳои дигар низ ҳукуматро барои маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон дар чанд соли гузашта сахт танқид мекунанд.
Як баррасии дигари муҳими авзои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар пеш аст. Қарор аст, моҳи ноябри имсол Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гузоришҳои ҳукумати Тоҷикистонро доир ба тадбирҳои андешидааш роҷеъ ба ҳуқуқи инсон баррасӣ кунад ва назари худро ҳам дар ин бора бигӯяд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баҳо ба вазъи озодӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон