Ба шумо аз Русия пул мефиристанд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Русия на камтар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва аз ноноварони аслии хонаводаҳояшон дар кишвар ҳастанд. Ҳамкори мо, Шаҳлои Абдулло, дар Душанбе аз чанд раҳгузар пурсид, ки оё фарзанд, ё бародаронашон ба онҳо кумаке мекунанд, пул мефиристанд?