Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, ҳафтаи гузашта, пеш аз нишасти 13-уми Созмони Кишварҳои Туркӣ, дар Анкара зиёфат орост. Дар ҳоле ки раҳбарони Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қибриси Шимолӣ сари дасторхон ҳозир буданд, аз Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ва яке аз ҳампаймонҳои наздиктарини Эрдуғон, дараке набуд.
Набудани ӯ на танҳо ихтилофҳои миёни Туркия ва Озарбойҷонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дод, балки суолҳоро дар бораи таъсири онҳо ба тарҳҳои бузурги нақлиётӣ ва энержии мавриди ҳимояти Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар минтақа ба миён овард. Дар ҳоле ки даргирӣ дар Украина ва Эрон идома дорад, кишварҳо барои ёфтани роҳҳои алтернативӣ талош мекунанд.
Таҳлилгари сиёсӣ Ҳасан Октай дар нишасти Созмони Кишварҳои Туркӣ ҳамчун нозир ҳузур дошт. Вай набудани Илҳом Алиевро “зиён барои худи Озарбойҷон” номид. “Ҳатто агар танишҳои дипломатӣ боис ба лағв ё бекор шудани тарҳҳо нагарданд, метавонанд ҳамоҳангии идорӣ, машваратҳои фаннӣ (техникӣ), равандҳои сармоягузорӣ ва созишҳои сиёсиро суст кунанд,” – шарҳ дод ӯ.
Ба гузориши расонаҳои Озарбойҷон, барнома ё ҷадвали кории Илҳом Алиев имкон надодааст, ки ӯ дар нишасти Анкара иштирок кунад. Набудани Алиев дар зиёфати Эрдуғон ва сипас дар нишасте, ки Озарбойҷон раёсати давраии Созмони Кишварҳои Туркиро ба Анкара месупурд, дар пасманзари афзоиши ихтилофҳо миёни ду кишвар бар сари масъалаҳои дохилӣ ва сиёсати хориҷӣ суолҳоеро ба миён овард.
Яке аз нуктаҳои мавриди ихтилоф муносибатҳои наздики Озарбойҷон бо Исроил аст. Ба фарқ аз Туркия, ки дар робита ба ҷанги Исроил дар Ғазза мавқеашро зидди ин кишвар шиддат бахшидааст, Боку пайвандҳои роҳбурдӣ ё стратегиашро бо Телавив, бавижа дар бахшҳои низомӣ ва энергетика, нигоҳ медорад.
Бенямин Нетаняҳу
Танқидҳо пас аз он бештар шуданд, ки намояндаи Озарбойҷон моҳи сентябри имсол ҳангоми суханронии Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок кард.
Боку аз ончи дахолати сиёсатмадорон ва расонаҳои Туркия ба тасмимҳои дохилӣ ва сиёсати хориҷии худ медонад, норозӣ аст. Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон дар моҳҳои охир 31 шаҳрванди Туркияро ба сабаби изҳороте, ки ба гуфтаи ин ниҳод истиқлолу сохтори конститутсионӣ ва раҳбарияти кишварро нишон гирифтааст, шахсони номатлуб эълон кард.
Изҳороти Октай Сарал, мушовири Раҷаб Таййиб Эрдуғон, дар бораи қоидаҳои нави либоспӯшӣ дар мактабҳои Озарбойҷон, аз ҷумла манъи манъи ҳиҷоб, дар аввали моҳи октябр ба танишҳо афзуд. Сарал дертар аз мақомаш барканор шуд.
Фармон Ойдин, таҳлилгари озарбойҷонӣ, дар матлабе барои “AzerNEWS”, нашрияи тарафдори ҳукумат, навиштааст, ки "набудани Алиев дар як нишаст худ ба худ далели канда шудани пайвандҳо нест". Ойдин нигоштааст, "метавон дар як нишаст ҳузур наёфт. Муносибате, ки дар даҳсолаҳо бунёд шудааст, набояд ба сабаби як таҳаввулоти сиёсӣ канор гузошта шавад. Аммо ин муносибатро ҳам набояд як амри тазминшуда донист."
Созмони Кишварҳои Туркӣ моҳи октябри соли 2009 таъсис ёфта, дар ибтидо Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия аъзои он буданд. Узбекистон соли 2019 ба узвият пазируфта шуд. Маҷористон, Туркманистон ва Қибриси Шимолӣ мақоми нозирро доранд.
Ин баҳс дар замони бисёр муҳим барои тарҳҳои нақлиётӣ ва энержие пеш омадааст, ки минтақаи Баҳри Хазар ё Каспийро ба Аврупо мепайванданд.
Ҷанги Русия алайҳи Украина Долони Шимолиро аз тариқи Русия суст кардааст. Ҷанги Амрико ва Эрон низ осебпазирии масирҳои энержӣ ва нақлиётии ҷанубиро бармало карда, аҳамияти роҳҳои алтернативӣ аз тариқи Қафқози Ҷанубиро бештар намуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Бо бӯҳрон дар Ҳурмуз, Авруосиё ба "Даҳлези Миёна" рӯ меорадИттиҳоди Аврупо ба тарҳи Долони Миёна бартарӣ дода, гуфтааст, додугирифт дар ин масир аз соли 2022 чаҳор баробар афзудааст. Ба ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ, ба камияш 25 миллиард доллар сармоягузорӣ ба зербунёдҳо метавонад то соли 2040 ҳаҷми тиҷоратро беш аз се баробар афзуда, замони ҳамлу нақлро нисф кунад.
Ин роҳ Чин ва Осиёи Марказиро ба воситаи Қазоқистон, Баҳри Хазар (Каспий), Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия, ба Аврупо мепайвандад.
Инро ҳам бинед:
"Осиёи Миёна дигар мунтазир намемонад." Афғонистону Покистон ба ҷойи Эрон?Ташаббуси бузурги дигар TRIPP ё “Масири Трамп барои сулҳ ва шукуфоии байнулмилалӣ” аст, ки аз пуштибонии Амрико баҳраманд аст. Вашингтон мегӯяд, ин ташаббус додугирифтро бештар карда, занҷираҳои таъминотро тақвият мебахшад ва миёни Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Хазар ва Аврупо роҳҳои нави транзитиро эҷод мекунад.
Долони Ҷанубии Газ, ки аз Лӯлаи Қафқози Ҷанубӣ, TANAP ва TAP иборат аст, гази Озарбойҷонро ба воситаи Гурҷистон ва Туркия ба бозорҳои Аврупо интиқол медиҳад. Лӯлаи нафти Боку-Тифлис-Ҷайҳон ва лӯлаи гази Боку-Тифлис-Эрзурум низ аз бахшҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энержӣ ҳастанд.
Ҳасан Октай, таҳлилгари сиёсӣ, мегӯяд, ба бовари ӯ, халалдор шудани кори лӯлаҳо аз эҳтимол дур аст, аммо ҳушдор дод, ки сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои оянда метавонанд зиён бинанд.
Ӯ гуфт, “ин тарҳҳо ба созишномаҳои дарозмуддати тиҷоратӣ, консорсиумҳои байнулмилалӣ ва робитаҳои густурдаи сармоягузорӣ асос ёфтаанд. Аз ин рӯ, сардии муваққатии дипломатӣ ба эҳтимоли зиёд ба кори ин лӯлаҳо мустақим халал намерасонад.”
“Аммо сармоягузориҳои нав, афзоиши зарфиятҳо ва ҳамкориҳои иловагӣ дар бахши энержӣ метавонанд зери таъсири раванди муносибатҳои сиёсӣ монанд,” – хулоса кард ӯ.