Баъди занозанӣ дар "Парламент", додситони Бӯстонро аз кор ронданд

Абдқаҳҳор Азизов аз соли 2024 додситони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд буд.

Пас аз нашри гузориш дар бораи занозании додситони шаҳри Бӯстон бо молики як тарабхона дар шаҳри Хуҷанд, ӯро аз вазифа сабукдӯш кардаанд. Манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Абдуқаҳҳор Азизов бо фармони додситони кулл аз вазифа сабукдӯш ва ҳам умуман аз ҳаққи кор дар идораҳои додситонӣ маҳрум шудааст.

Бархе аз додситонҳо дар вилояти Суғд ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Абдуқаҳҳор Азизов охири ҳафтаи гузашта аз ин ниҳод хориҷ карда шудааст. Ҳамкоронаш дар додситонии Бӯстон гуфтанд, ки ӯ рӯзи шанбе, 17-уми январ расман аз вазифаи додситони шаҳр сабукдӯш шуд ва рӯзи 19-уми январ бо ҳамкорон хайрухуш кард.

Тибқи иттилои расмӣ, Абдуқаҳҳор Азизов моҳи январи соли 2024 прокурори шаҳри Бӯстон таъйин шуда буд.

Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми январ дар бораи ҷанҷолу хархаша бо иштироки ӯ дар охири моҳи декабр гузориш дода буд. Видеои ин воқеа дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм дар як рӯз зиёда аз 1 миллион бинанда дошт. Ҳангоми занозанӣ миёни додситони Бӯстон ва молики тарабхонаи «Парламент» дар Хуҷанд тирандозӣ сар зада, садои тирандозӣ шунида шудааст.

Манбаъҳои Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ ва додситонӣ гуфтанд, кашокаш миёни Абдуқаҳҳор Азизов ва Парвиз Ашӯров молики “Парламент” сар задааст. Ба гуфтаи шоҳидон, муноқиша аз он шурӯъ шудааст, ки додситон, ки бо дӯстонаш дар тарабхона ҳузур доштааст, гӯё бо Парвиз Ашӯров ҷанҷол карда, ба сари ӯ даст бардоштааст. Дар ҷавоб гӯё Парвиз Ашӯров ва дигар пайвандонаш додситонро задаанд. Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки ҳоло як ҷияни ноболиғи Парвиз Ашӯров дар боздошт аст.

Барои ҷудо кардани ду тараф як корманди милиса, ки дар тарабхона будааст, ба ҳаво тир андохтааст. Гуфта мешавад, барои баррасии ҳодиса кормандони милиса низ ба онҷо рафтаанд. Дар Додситонии шаҳри Хуҷанд ҳодисаро расман тасдиқ, ё рад накарданд. Онҳо гуфтанд, қазияро Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунад. Намояндаи Додситонии кул гуфт, баъди муайян кардани қазия посух хоҳад дод, вале аз ҳафтаи гузашта то ҳол ҳеч ҷавобе ба Радиои Озодӣ наомадааст.

Назари ҷонибҳо маълум нест. Ҳарду тарафи ҷанҷол аз наздикони мансабдорони баландпояи Тоҷикистон ба шумор мераванд. Абдуқаҳҳор Азизов, писари Абдуҷаббор Азизов ёвари собиқи президенти Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо, муовини аввали раиси Ҳизби ҳокими Халқии Демократӣ ва корманди баландмақоми парлумон ва Парвиз Ашӯров домоди собиқи Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аст.

Занозанӣ бо иштироки мансабдорон ва ё наздикони онҳо дар Тоҷикистон дар гузашта ҳам сабт шудааст, аммо дар аксар маврид натиҷаи парвандаашон расонаӣ намешавад. Мақомоти интизомии Тоҷикистон, ки аз хурдтарин қонуншиканиҳо хабар медиҳанд, умдатан дар бораи ҷанҷоли фарзандону пайвандони мансабдорон ва афроди бонуфуз сукут мекунанд.