ВКХ Русия гуфт, соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия беш аз ду ҳазор нафар кӯчидааст

ВКХ Русия гуфт, соли 2025 ба Русия аз кишварҳои дигар дар маҷмӯъ 27 ҳазор ҳамватан кӯчидааст.

Ин нафарон ширкатдорони барномаи ба истилоҳ «Переселение» аст, ки ба Русия кӯчидани шаҳрвандони Русия аз кишварҳои беруна, аз ҷумла Тоҷикистонро дар назар мегирад. Нашрияи "Важные истории" навиштааст, ки омори ахир поинтарин баъди соли 2011 мебошад.

Дар як мусоҳибааш бо ТАСС Геннадий Овечко, сардори раёсати ВКХ Русия оид ба кор бо ҳамватанон дар хориҷа гуфт, соли 2025 аз кишварҳои дигар ба Русия 27 ҳазор кас кӯчидааст ва дар хориҷа аз номи 33,5 ҳазор кас 14 ҳазор аризаи кӯчидан дастрас шудааст.

Овечко гуфтааст, соли 2025 назар ба соле аз он пеш ба Русия чор баробар бештар кӯчидаанд. Вале ӯ омори соли 2024-ро нагуфт. Ӯ иддао кардааст, ки шумори кӯчидаҳо аз кишварҳои хориҷаи ба истилоҳ ғайридӯст бо Русия, мисли Олмон, Латвия, Эстония, Украина, Литва, Канада ва ИМА афзудааст, ҳарчанд ин оморро ҳам дақиқ нагуфт.

Вале нашрияи "Важные истории" пештар бо такя ба ВКД Русия навишт, ки соли 2025 аз рӯи барномаи «Переселение» 26,7 ҳазор нафар кӯчидаанд. Вале ба фарқ аз ВКХ, нашрия гуфт, ки ин омори камтарин баъди соли 2011 мебошад, чун он сол шумори кӯчидаҳо 31,4 ҳазор нафарро ташкил додааст. Соли 2022 ин омор 64,8 нафарро ташкил дода буд.

Ба навиштаи ин нашрия, баръакс, аксари кӯчидаҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Аз Қазоқистон - наздики 9,5 ҳазор, аз Қирғизистон - беш аз 2,8 ҳазор, аз Узбекистон – беш аз 2,6 ҳазор, аз Туркманистон - беш аз 2,5 ҳазор ва аз Тоҷикистон 2426 ҳазор нафар кӯчидаанд. Инҳо 75% ҳамаи омори соли 2025-ро ташкил медиҳанд. Нашрия мегӯяд, воқеан ҳам, шумори хосторони аз Аврупо ба Русия кӯчидан зиёд шудааст. Масалан, аз Олмон соли 2025 ба Русия 1,3 ҳазор кас кӯчидааст. Соли 2021 шумори онҳо 110 кас буд.

Барномаи давлатии ёрӣ ба ҳамватанон дар хориҷа барои кӯчидани ихтиёрӣ ба Русия соли 2006 ҷорӣ шуд. Овечко гуфтааст, ки аз соли 2007 то 2025 ба Русия беш аз 1,25 миллион нафар кӯчидаанд. Омори кӯчидаҳо солҳои 2014-2015 якбора афзуд. "Важные истории" мегӯяд, далелаш ин буд, ки сокинони минтақаҳои ишғолшудаи Украинаро, ки бояд дар Русия қонунӣ мешуданд, маҷбур мекарданд, ки ба ин барнома ҳамроҳ шаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Пешниҳоди андоз ба ҷои патент. Русия барои муҳоҷирон қоидаи нав ҷорӣ мекунад? ВИДЕОБаъди Украина. Чаро тоҷикон "ташна"-и шаҳрвандии Русия мемонанд? ВИДЕО