Гурӯҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Осиёи Марказӣ бо муроҷиат ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хостаанд, ки барои риояти ҳуқуқи инсон дар минтақа саъйи бештар кунад. Баёнияи чаҳор созмон дар бораи Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон 5-уми октябр, дар рӯзи аввали ҷаласаи солонаи ҳуқуқи инсон, дар пойтахти Лаҳистон нашр шуд.
Кумакрасон ё “таҳдиди эҳтимолӣ”?
Сухан гуфтан аз мушкилоти Тоҷикистон ба маънои мухолифат бо он нест. Мо метавонем кишварамонро дӯст дорем ва дар айни замон хоҳони тағйиру ислоҳот дар он бошем.Убайдулло Саидӣ
Нукоти асосии он дар бораи Тоҷикистон роҷеъ ба фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Дар баёния омадааст, ки мақомот ба намояндагони ҷомеаи маданӣ ё созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар воқеъ дар ҳалли баъзе аз мушкилот кумак мекунанд, ба ҳайси “таҳдиди эҳтимолӣ” менигаранд. Ба қавли муаллифон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон зери назорати аз ҳад зиёд ҳастанд ва аз онҳо талаб мешавад, ки доир ба фаъолияти худ, аз ҷумла ёриҳои хориҷӣ гузориши зиёде бидиҳанд.
Дар гузашта ҳам аҳволи фаъолони маданӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон мояи нигаронӣ буд. Танҳо дар соли 2025 беш аз 80 созмон фаъолияташонро қатъ кардаанд ва фишори мақомот ва мушкилоти молӣ аз сабабҳои асосии даст кашидани фаъолони маданӣ аз кор бо мардум номбар шудаанд. Фаъолияти ҳафт созмонро додгоҳҳои Тоҷикистон бо ҳар баҳонае қатъ кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи июли соли 2026 хоҳони назорати бештари фаъолияти созмонҳои ҷомеаи маданӣ шуд ва моҳи сентябр порлумон тарҳи тағйиру иловаҳоро ба Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” баррасӣ кард, аммо матни қонуни нав нашр нашудааст. Ин вазъ ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ нигарониҳоро аз эҳтимоли бештар шудани маҳдудиятҳо зиёд кардааст.
Қазияи Рухшона дар нишасти Варшава
Рухшона Ҳакимова
Дар ин баёния дар бораи парвандаи Рухшона Ҳакимова, хабарнигори ҷавони тоҷик низ сухан рафтааст. Ӯ соли 2024 ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуд. Муаллифони баёния гуфтаанд, Рухшона Ҳакимова танҳо барои таҳқиқот дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон ва мусоҳиба бо коршиносону мансабдорони собиқ чунин ҷазои сахте гирифтааст.
Сарнавишти ин хабарнигорро Убайдулло Саидӣ (Носиров), намояндагони яке аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, низ дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо матраҳ кард.
Ӯ гуфт: “Имрӯз бисёре аз ҷавонони тоҷик аз он нигаронанд, ки озодона баён кардани андеша то чӣ андоза хатарнок аст. Мо шоҳиди мавридҳое шудаем, ки бояд ба онҳо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир шавад. Моҳи феврали соли 2025 хабарнигори тоҷик Рухшона Ҳакимова пас аз муҳокима дар паси дарҳои баста ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуд. Сухан гуфтан аз мушкилоти Тоҷикистон ба маънои мухолифат бо он нест. Мо метавонем кишварамонро дӯст дорем ва дар айни замон хоҳони тағйиру ислоҳот дар он бошем. Мо ҳамзамон бо эҳтиром ба таъриху фарҳанги худ ҳақ дорем, ҳимояи беҳтари ҳуқуқи инсонро талаб кунем."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Танқиди Тоҷикистон дар нишасти Варшава
Дар воқеъ, парвандаи Рухшона Ҳакимова сару садои зиёде барангехт, чун модари ду тифл аст, вале бо вуҷуди муроҷиатҳо ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ӯ дар зиндон монд. Танҳо бар асоси қонуни афв се сол муҳлати ҳабси ӯро кам карданд.
Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳо боз барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон аз минбари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо танқид мешаванд. Худи онҳо ин танқидҳоро беасос мешуморанд.
Конфронси байнулмилалии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳар сол баргузор мешавад ва дар он намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои узв ва созмонҳои байнулмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ ширкат ва суханронӣ мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол пеш баъди як моҷаро бо намояндагони мухолифони давлат аз ширкат дар ин нишаст даст кашид, вале намояндагони мухолифон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар он ширкат меварзанд.