Телевизиони давлатии Эрон баъди қариб 20 соат кушта шудани роҳбари Ҷумҳурии Исломиро дар ҳамлаи субҳи шанбеи 28-уми феврал эълон кард. Гӯяндаи хабар ҳангоми ин эълон гиря сард дод.
Қароргоҳи Алии Хоманаӣ дар Теҳрон маъруф ба "байти роҳбарӣ" дар хиёбони Постури Теҳрон, аз нахустин маконҳое буд, ки субҳи шанбеи 28-уми феврал ҳадафи ҳамлаи Амрико ва Исроил қарор гирифт. Дар оғоз аз интиқоли Роҳбар ба макони амн хабар дода шуд, аммо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил соате пас аз ҳамла гуфт, нишонаҳои зиёде аз кушта шудани Хоманаӣ дар даст ҳаст.
Дертар Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо интишори матлабе дар шабакаи иҷтимоии худ аз кушта шудани Алии Хоманаии 86-сола хабар дод.
Шогирди Хумайнӣ
Алии Хоманаӣ бо Руҳуллоҳ Хумайнӣ
Алии Хоманаӣ кӣ буд ва чаро кушта шуданаш дар ҳамлаи Исроилу Амрико зарбаи сангине ба Ҷумҳурии исломӣ гуфта мешавад?
Бар пояи ҳолномаи расмӣ, Алии Хоманаӣ соли 1939 мелодӣ (1318 шамсӣ) дар хонаводаи рӯҳонӣ дар шаҳри Машҳади Эрон ба дунё омада, аз ҳашт фарзанд, писари дуюми хонавода буд. Аз хурдӣ ба омӯзиши ислом пардохт ва ба адабиёт алоқа дошт. Замони таҳсил дар мадрасаи Қум Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ устодаш буд. Нафаре, ки соли 1979 Инқилоби Исломиро дар Эрон раҳбарӣ кард.
Хоманаӣ дар 26-солагӣ нахустин бор ба зиндон афтод ва ба гуфтаи тарафдоронаш, шиканҷаи зиёд дид.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ кӣ буд?
Аз оғози таъсиси Ҷумҳурии Исломӣ Хоманаӣ як чеҳраи таъсиргузор дар ин низом буд. Ӯ соли 1981 бо ҳимояти Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳури Исломии Эрон раиси ҷумҳур шуд ва то замони даргузашти Хумайнӣ дар соли 1989 дар ин ҷойгоҳ монд. Интихоб шудани Хоманаӣ ба унвони роҳбари баъдии Эрон бисёриҳоро шигифтазада кард.
Худи Хоманаӣ дар ҷаласаи интихобаш ба ин мақом дар маҷлиси хубрагон гуфта буд, "ман на аз лиҳози қонуни асосӣ ва на аз лиҳози шаръӣ барои бисёри шумо имкони раҳбари аввал буданро надорам. Ин чӣ раҳбарӣ хоҳад буд?"
Он замон вай ҳанӯз унвони динии "оятуллоҳ"-ро надошт, барои мустаҳкам кардани ҷойгоҳаш, бахусус дар миёни руҳониёни норозӣ кори сахте дар пеш дошт. Алии Хоманаӣ бо эҷоди як дастгоҳи амниятии қудратманди хусусияш саранҷом ҷойгоҳи худро устувор кард.
Мушти оҳанин
Дар 36 соли роҳбарӣ Хоманаӣ назорати комили ниҳодҳои кишвар ва артиши Эронро ба даст гирифт. Ҳарчанд ба зоҳир кишварро президент раҳбарӣ мекард, ҳеч кас наметавонист дар масъалаҳои калидӣ, бахусус робита бо Иёлоти Муттаҳида бидуни тасдиқи Хоманаӣ қадам бардорад.
Алии Хоманаӣ ба Ғарб, бахусус ба Иёлоти Муттаҳида беэътимод буд ва солҳо боз Вашингтонро ба талоши сарнагунии Ҷумҳурии Исломӣ ва худаш гунаҳкор мекард.
Теҳрон ва Вошингтон солҳои зиёд дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон ихтилоф доштанд. Амрико ва Исроил мегуфтанд, Эрон дар пайи сохтани бомби атомист, вале Хоманаӣ инро рад карда, иддао дошт, ки кишвараш ба неругоҳи ҳастаии тавлиди барқ ниёз дорад.
Вашингтон хоҳони канор гузоштани барномаи ҳастаӣ ва маҳдуд кардани барномаи мушакии Эрон аст. Мақомоти Эрон ҳозир шуданд дар масъалаи ҳастаӣ гузашт кунанд, аммо музокира дар бораи барномаи мушакиро рад карданд. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бовар доранд, ки мушакҳо ягона силоҳи коромади онҳо зидди Исроил аст.
Ҳифзи низом бо ҳар қимат
Неруҳои саркӯбгари Ҷумҳурии Исломии Эрон. Шаҳри Мозандарон
Роҳбари Ҷумҳурии Исломӣ борҳо эътирозҳои дохилиро бо мушти оҳанин саркӯб кард ва аз фишорҳои хориҷӣ ҳам ҷони солим бурда буд. Намунаи ахираш моҳи январи имсол бо чароғи сабзи Хоманаӣ неруҳои амниятӣ ба тарафи эътирозгарон, ки фарёди "марг бар диктатор" сар дода буданд, оташ кушоданд ва ҳазорон нафарро куштанд. Эътирозҳои густардаи солҳои 2009, 2017, 2021 ва 2022 низ бераҳмона саркӯб шуданд.
Хоманаӣ ҳеч гоҳ барои куштори ҳазорон нафар эҳсоси пушаймонӣ накард, балки эътирозҳоро кори дасти берунӣ ва душманон меномид.
Баъди соли 2023 ва бо суқути ҳукумати Башор Асад дар Сурия ва заиф шудани Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, доираи нуфузи Хоманаӣ дар Ховари Миёна маҳдуд шуд.
Ҷонибдоронаш Алӣ Хоманаиро хирадманд, вале мухолифонаш худкома меноманд.
Карим Саҷҷодпур, пажӯҳишгари Муассисаи Корнеги барои сулҳи байнулмилал бовар дорад, ки "як тасодуфи таърихӣ" боис шуд, ки Хоманаӣ аз "роҳбари заиф" ба яке аз "панҷ эронии қудратманди сад соли ахир" табдил шавад.
Ҳоло 88 узви Шӯрои хубрагони Эрон, ки аз рӯҳониёни муҳофизакор иборатанд, бояд Раҳбари олӣ, ҷойгузини Хоманаиро интихоб кунанд.