Дар як соли ахир нархи як саҳмияи тилло дар бозори ҷаҳонии бурс бо суръат боло рафт ва аз се ҳазор доллар то ба беш аз панҷ ҳазор доллари амрикоӣ расид. Аммо пас аз оғози низоъ дар Ховари Миёна нарх дубора беш аз ҳазор доллари амрикоӣ поин рафт.
"Савдо нест"
Нодира Азимова, корманди як дукони тилофурӯшӣ дар Душанбе ноустувории нархи тиллоро як сабаби набудани муштарӣ донист.
Ӯ гуфт, “ҳозир муштарӣ нест, чун ҳар рӯз нарх баланду паст мешавад. Пештар савдо каме нағз буд, ҳозир савдо нест, одам нест.”
Ба нақли ин ҳамсуҳбати мо, соле пеш як грам маснуоти заргарӣ дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон 700 сомонӣ ҳисоб мешуд, ҳоло 1150 сомонист.
Вай мегӯяд, афзоиши нархи маснуоти заргарӣ ба кору зиндагии онҳо низ бетаъсир намонд.
“Барои мо ҳам зарар аст. Меоем, мешинем, маош намегирем. На фақат ба мо, ба ҳама мушкил аст. Ҳам харидор ва ҳам фурӯшанда,”- гуфт Нодира Азимова.
Нархи сабикаҳои тило дар бонк ва нархи бозор
Аксари сокинон маснуоти тиловориро ба хотири зебоӣ ва ҳифзи сармоя харидорӣ мекунанд.
Дукони маснуоти заргарӣ дар Душанбе
Неъматулло Рабиев, як савдогари дукони фурӯши маснуоти заргарӣ дар Душанбе мегӯяд, ҳоло тавоноии мардум барои хариди гӯшвору дастпона ва гарданбанди тилоӣ намерасад. Ӯ гуфт: “Дар як рӯз як чиз савдо мекунем, баъзе рӯз савдо намекунем. Чизҳое савдо мекунем, ки 1 грам тило дошта бошад. Дигар зӯри мардум ба 10-15 грам намерасад."
Хабаргузории "Азия Плюс" бо такя ба маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон навишт, ки ҳафтае пеш нархи сабикаҳои тило ҳудуди 14 дарсад поин омадааст.
Ба иттилои манбаъ, агар дар охири моҳи феврал нархи як сабикаи 5-граммии тило беш аз 8000 сомонӣ (беш аз 800 доллар) буд, то охири моҳи март он то тақрибан 7000 сомонӣ (беш аз 700 доллар) расид.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Арӯсони тоҷик бе зару зевар мемонанд?
Ба назар мерасад, он ба арзиши маснуоти заргарӣ дар дӯконҳои тилофурӯшии Тоҷикистон таъсир нагузоштааст. Бархе савдогарон гуфтанд, онҳо бештар тилои аз хориҷ, аз ҷумла аз Туркия воридшударо ба фурӯш мегузоранд ва аксари онҳо қаблан ва дар замоне ки нархи тило баланд буд, оварда шудаанд.
“Мо бозори ҷаҳониро нигоҳ мекунем”
Дар фурӯшгоҳи “Тоҷиккристал” таъкид карданд, ки вобаста аз завқу хоҳиши муштариён аз тилои ватанӣ низ ҷавоҳирот месозанд.
Фархунда Султонова, корманди ширкати “Тоҷиккристал” мегӯяд, тағйирёбии нархи тилло дар бозори ҷаҳонии бурс ба Тоҷикистон таъсир дорад.
Ӯ мегӯяд, ҳоло бештар маснуоти заргарие харидор дорад, ки аёраш 585 ё 750 аст.
Ин маънои онро дорад, ки агар як маҳсулоти тиловорӣ 1000 грам вазн дошта бошад, танҳо 585 ё 750 грамми он тилои холис буда, боқӣ дигар навъи метал аст, чун тилои холис мулоим буда, бо омехтаи дигар навъи метал аз он маснуоти заргарӣ месозанд.
“Тилои 585 нархаш аз 1000 то 1150 сомонӣ аст. Нархгузории тило аз биржаи ҷаҳонӣ муайян карда мешавад. Дар биржаи ҷаҳонӣ нарху наво паст ё баланд мешавад ва дар тамоми ҷаҳон низ ҳамонро нигоҳ карда, нархро муайян мекунанд,”—гуфт Фархунда Султонова, корманди ширкати “Тоҷиккристал”.
Дар Тоҷикистон ангуштарӣ, гарданбанд ва ё дастпонаи тилоро бештар дар тӯйҳо ва зодрӯзу маросими дигари хурсандӣ тақдим мекунанд.
Чаро нархи тило дастрас нест?
Чанд нафар дар Душанбе гуфтанд, ки нархи тило дар Тоҷикистон як муддати кӯтоҳ поин рафта, вале дигарбора гарон шудааст.
Манучеҳр Абдураҳмонов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, як муддат нархи маснуоти заргарӣ поин рафт, вале дубора боло шуд. Ӯ гуфт, барои тӯҳфа дар маросими арӯсии хоҳарзодааш як бастаи ороишоти тилоиро бо 12 ҳазор сомонӣ харидаанд, дар ҳоле ки чанд моҳ пеш ҳазор то дуҳазор сомонӣ арзонтар буд.
Нархи болои тило дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки кишвар конҳои зиёди маъдан дорад ва аксаран ширкатҳои чинӣ дар онҷо машғули ҷустуҷӯ ва коркард ҳастанд.
Рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ Абдулло Ашӯров мегӯяд, беҳтар аст, ин корҳоро ширкатҳои ватанӣ анҷом диҳанд, то арзиши маъданҳои гаронбаҳое чун тило ба мардум дастрас гарданд.
Абдулло Ашӯров гуфт, тилло як метале аст, ки арзиши худро асрҳо нигоҳ доштааст ва боз нигоҳ хоҳад дошт. “Бино бар ин, онҳое, ки онро харидорӣ мекунанд, барои дарозмуддат, ақаллан 5-6 сол нигоҳ медоранд ва ҳатман аз фурӯши он фоида мебинанд. Танҳо масъала ин аст, ки Тоҷикистон бештар аз ширкатҳои худӣ, мутахассисони худӣ дар коркарду истихроҷ истифода кунад,”—афзуд ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон ҳар сол аз афзоиши истеҳсоли тило хабар медиҳанд, вале солҳои охир омори онро махфӣ нигоҳ медоранд. Бино бар ин гоҳе шаффофият дар истихроҷу содирот ё фурӯши он зери шубҳа қарор мегирад.