Додгоҳи парвандаҳои ҷиноӣ дар Вена, маркази Австрия, як дархости дигари Тоҷикистонро рад кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон аз ин кишвари аврупоӣ хостаанд, ки Ҳанифамои Дӯстмуҳаммад (Шарифова), ҳамсари Шавкати Муҳаммад, намояндаи мухолифини ҳукуматро ба Душанбе таслим кунад.
Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарифов) дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа рӯзи 14-уми август баргузор ва ба нафъи онҳо анҷом шуд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон Ҳанифамоҳи Дӯстмуҳаммади 48-соларо ба "иштирок дар фаъолияти ҳизбу созмонҳои мамнӯи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динӣ ва мусоидат ба кори онҳо тавассути расонаҳо ё интернет" муттаҳам кардаанд.
Ин банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон (қисми 2-и моддаи 307, замимаи 3) аз панҷ то ҳашт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Шавкати Муҳаммад бо модараш Шарофат Шарифова
Аз ин қабл, Додгоҳи парвандаҳои ҷиноии Вена дархости Душанберо дар бораи таслими Шавкати Муҳаммад, модараш Шарофат Шарифова ва бародараш Билолиддин рад карда буд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳар сеи онҳоро ба тундгароӣ муттаҳам кардаанд, аммо худи онҳо дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.
Шавкати Муҳаммад 48-сола ва сухангӯи Паймони миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, аст. Дар гузашта раиси дафтари Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд буд.
Беш аз даҳ сол боз дар хориҷа қарор дорад ва дар навиштаву барномаҳои видеоияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро башиддат танқид мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2026 аз Австрия хостааст, дар умум 18 нафар аз паноҳҷӯён ва намояндагони мухолифини ҳукуматро ба Душанбе супорад.