Як ташкилоти воқеъ дар Лаҳистон (Полша) аз созмону кишварҳои ғарбӣ хостааст, ба қазияи намояндаи мухолифини тоҷик, Асадулло Бобоев, фаврӣ таваҷҷуҳ кунанд.
Асадулло Бобоев, ки худро узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як ҳаракати мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, медонист, моҳи июни имсол аз Олмон ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ дар шаҳри Душанбе дастгир шуда, дар боздоштгоҳи муваққатӣ аст, аммо дар бораи дар чӣ ҳол буданаш иттилои дақиқ надоранд.
"Вақте ӯро бо чунин рафтор ба Тоҷикистон бурдаанд..."
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар Полша рӯзи 14-уми июл дар эъломияе навишт, ки бехабарӣ аз Асадулло Бобоев нигарониҳои ҷиддиро дар бораи вазъи ӯ ба миён овардааст.
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумита, рӯзи 15-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "то имрӯз ба Асадулло Бобоев имкони истифода аз вакили мудофеи мустақил дода нашудааст. Пайвандонаш бо ӯ ҳаққи мулоқот надоранд. Ба вай хӯрок ва либос бурдаанд, аммо мақомот қабул накардаанд."
Абдусаттор Бобоев
Вай аз гузоришҳое нигарон аст, ки бар асоси онҳо гуё Асадулло Бобоев ҳангоми интиқол аз Олмон ба Тоҷикистон дар дохили ҳавопаймо латукӯб шудааст. Радиои Озодӣ ин мавридро мустақилона тасдиқ ё инкор карда наметавонад.
Абдусаттор Бобоев мегӯяд, "вақте ӯро бо чунин рафтор ба Тоҷикистон бурдаанд, мо аз ҷараёни тафтишот нигарон ҳастем. Маълум аст, ки дар онҷо чӣ гуна бо ӯ бархӯрд мешавад."
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон аз мақомоти Олмону Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои Созмони Милал ва Салиби Сурх хостааст, ба сарнавишти Асадулло Бобоев бефарқ набошанд.
"Барои дастрасии фаврии Асадулло Бобоев ба вакили мустақил, имкони мулоқот бо наздикон, назорати байнулмилалӣ аз вазъи ӯ ва пешгирии шиканҷа ва дигар муносибатҳои ғайриинсонӣ чораҳои таъҷилӣ андешанд. Ҳар лаҳзаи бетаваҷҷуҳӣ метавонад ба фоҷиаи навбатӣ оварда расонад," – гуфта шудааст дар эъломияи созмон.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Тоҷикистон аз Австрия хостааст, 18 касро ба Душанбе супорадТоҷикистон - Литва - Олмон - Тоҷикистон
Мақомоти қудратии Тоҷикистон то кунун дар бораи боздошт шудан ва дар чӣ ҳол будани Асадулло Бобоев хабар надодаанд. Зангҳои мо ба чанд ниҳод то ин дам бенатиҷа монд.
Асадулло Бобоев 54 сол дорад ва пеш аз ихроҷ шуданаш аз Олмон гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ӯро ба ифротгароӣ гумонзад медонанд ва дар сурати бозгашт метавонад бо шиканҷа ва азият рӯ ба рӯ шавад.
Мақомоти Олмон ба таври расмӣ далели аз ин кишвари аврупоӣ рондани ӯро нагуфтаанд, вале худаш тасдиқ карда буд, ки ӯ барои мушкил дар санади иқомат ва ба поён расидани муҳлати зист боздошт шудааст. Асадулло Бобоев соли 2017 ҳамроҳи ҳамсар ва ду духтару як писараш аз Тоҷикистон ба Литва ва аз онҷо ба Олмон рафта буд.
Ҳамроҳи ӯ писари нуздаҳсолааш, Муҳаммад, низ аз Олмон ба Тоҷикистон ронда шуда, ба қавли пайвандон, дар озодӣ ва дар назди модарбузургаш аст. Ҳамсару як фарзанди дигари Асадулло Бобоев дар Олмон мондаанд. Онҳо аз соли 2022 дар ин кишвари аврупоӣ ҳастанд.
Бори аввал нест, ки мақомоти Олмон намояндагони мухолифин ё мунтақидони ҳукумати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба Душанбе мефиристанд. Олмон аз соли 2023 то кунун Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон фиристодааст. Ҷое, ки онҳо бо иттиҳомҳои, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, сохта аз 7 то 10 сол зиндонӣ гаштанд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch мақомоти Олмонро барои ба Тоҷикистон фиристодани Асадулло Бобоев танқид кард. Ҳю Вилямсон, намояндаи ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, рӯзи 7-уми июл гуфт, Бобоев барои танқидҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф қарор гирифтааст ва “Олмон бояд баррасӣ кунад, ки чаро ӯ дар чунин шароит ронда шуд ва ҳамчунин дар мавриди боздошташ ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварад.” Ҷониби Олмон ҳанӯз вокуниш накардааст.