Дар баёнияи муштараки ин кишварҳо омадааст, ки бар асоси созишнома ҳамлаи мусаллаҳона ба ҳар як аз ин се тараф ба унвони ҳамла ба ҳамаи онҳо баҳо дода мешавад.
Бо ин ҳол, ҷузъиёти низомии ин паймон ошкор нашудааст.
Як мақомдори Туркия гуфта аст, ки ин созишнома моҳияти дифоӣ дорад, зидди ҳеч кишвари мушаххасе нест ва барои пайвастани кишварҳои дигари минтақа низ боз аст.
Ин тавофуқ ё созишнома дар шароите имзо мешавад, ки танишҳои амниятӣ дар Ховари Миёна афзоиш ёфта ва кишварҳои минтақа дар бораи чолишҳои марбут ба Эрон, Исроил ва нақши амниятии Иёлоти Муттаҳида нигарониҳои худро матраҳ кардаанд.
Туркия дувумин артиши бузурги НАТО-ро дар ихтиёр дорад. Арабистон, қудратмандтарин кишвари Халиҷи Форс, мизбони муқаддастарин маконҳои исломӣ ва аз бузургтарин содиркунандагони нафти ҷаҳон аст ва Покистон низ танҳо кишвари исломии дорои силоҳи ҳастаӣ аст.