Ҳамлаҳо, шубҳа ва ихтилофҳо. Амрико, Русия ва Украина музокиротро аз сар мегиранд?

Пайомадҳои ҳамлаи Русия ба Днепри Украина. 3-юми ноябри 2026

Нерӯҳои Русия рӯзи дувуми ноябр бо ҳамла ба як мактаб дар вилояти Запорожйеи Украина, ки дар онҷо ёриҳои башардӯстона тақсим мешуд, ба 31 касро куштаанд. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский онро "разилона" хонд.

Мақомоти Украина 3-юми ноябр гуфтанд, ҳамлаҳои Русия ба як бемористон дар Харков низ дастикам 62 нафарро захмӣ карда, ба зербунёдҳои энержӣ дар гӯшаҳои дигар осеб расонд.

Зеленский гуфт, Маскав шаби 3-юми ноябр ба Украина бо 365 паҳподу мушак зарба зад. Вай дар шабакаи "X" навишт, "ин ки ҳамаи ҳодисаҳо дар рӯзи интихоботи Конгресси Амрико рӯй доданд, баёнгари бисёр чиз аст."

Вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибиҳа гуфт, шаби гузашта дастикам 13 иншооти энержӣ дар нӯҳ вилояти Украина мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Вай навишт: "Путин барқасдона зербунёдҳои барқу гармидиҳиро ҳадаф қарор дода, умедвор аст, ки пеш аз фаро расидани зимистон шароити мардумро тоқатфарсо мекунад. Ин яке аз таърифҳои дурусти наслкушӣ аст."

Дар ҳамин ҳол, ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина ба як корхонаи коркарди нафт дар шаҳри Ярославли Русия зарба задаанд.

Стив Виткофф

Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, рӯзҳои 10 ва 11-уми ноябр ҳайатҳои Украина ва Русияро барои даври нави музокирот дар Абузабӣ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ) гирди ҳам меорад. Ҳадаф поён бахшидан ба ҷанги Русия алайҳи Украина аст ва Вашингтон талош дорад аз натиҷаи оташбаси муваққатии ҳафтаи гузашта дар Олешкии Украина, ки зери ишғоли нерӯҳои Русия аст, истифода кунад.

Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида, 2-юми ноябр аз баргузории ин нишаст хабар дод ва гуфт, Амрико гуфтушунидеро миёнравӣ мекунад, ки ба "тартиботи амниятии пас аз ҷанг, коҳиши танишҳо, талошҳои башардӯстона ва қадамҳои баъдӣ ба сӯйи сулҳ" тамаркуз хоҳад кард.

Баъзе аз таҳлилгарон ва мансабдорони пешини амрикоӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳушдор доданд, ки аз нишасти Абузабӣ набояд интизори пешрафти бузург буд. Онҳо ба ихтилофи амиқи байни Маскав ва Киев, инчунин, набудани нишонаи рӯшан дар мавриди омодагии Путин барои пазируфтани оташбас ишора карданд.

Инро ҳам бинед:

Помпео: Путин ба поён додани ҷанг дар Украина майле нишон надодааст

Вилям Тейлор, сафири собиқи Иёлоти Муттаҳида дар Украина дар замони президенти пешин Ҷорҷ Буш ва сипас кордори сафорати Амрико дар давраи аввали раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп, суол гузошт, ки "оё Путин тасмим гирифтааст, ки ба оташбас розӣ шавад?"

Вашингтон ва Киев борҳо аз оташбас ҷонибдорӣ карда, Доналд Трамп низ қаблан оташбасро дар бахши энержӣ пешниҳод карда буд. Тейлор мегӯяд, Украина онро пазируфт, аммо Русия не. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, борҳо гуфтааст, ки ҷанг танҳо пас аз расидан ба созиши комили сулҳ метавонад бас шавад.

Вилям Тейлор. Акс аз соли 2023

Ба гуфтаи Тейлор, дар ҷараёни нишастҳои пешини сеҷонибаи сатҳи коршиносон дар моҳҳои январ ва феврали имсол, музокиракунандагон дар масъалаҳои техникӣ (фаннӣ), аз ҷумла чигунагии назорати эҳтимолии оташбас, пешрафт карданд. Аммо онҳо натавонистанд бар сари худи оташбас ба тавофуқ бирасанд.

"Бахши душвор ва нуқтаи чархиш он хоҳад буд, ки Путин бигӯяд: бале, ӯ ба оташбас розӣ шудааст," – гуфт Вилям Тейлор ба Радиои Озодӣ.

Талошҳои нави дипломатӣ барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина дар ҳоле сурат мегирад, ки оташбаси ҳафтаи гузашта бо миёнравии Амрико дар шаҳри Олешкии Украина то андозае дастёбиро ба созиши васеътар умедвор кардааст. Аммо Кремл ишора кардааст, ки ин амалиёт ҳанӯз маънои омодагии Маскавро барои пазируфтани оташбаси фарогир надорад.