Ҷанг дар Эрон кай поён меёбад? Хостҳои гуногуни Амрико ва Исроил

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоӣ дар инҷост

Бо идомаи амалиёти низомӣ дар Эрон ихтилофҳои хурде миёни Амрикову Исроил зуҳур намудааст. Дар ҳоле, ки Доналд Трамп гуфт, ҷанг ба зудӣ хотима меёбад, сарвазири Исроил дар бораи афзоиши ҳамлаҳо мегӯяд. Ин масъаларо хабарнигори Радиои Озодӣ Рей Фурлонг дар Исроил пайгирӣ кард.

Рей Фурлонг, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

Дар Исроил изҳороти раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар бораи хатми зудраси амалиёт дар Эрон таваҷҷуҳи зиёд ҷалб кардааст. Дар кӯчаҳои Телавив ҷанг дида намешавад, вале ҳангоми ҳушдори ҳамлаҳои мушакӣ мардум ба паноҳгоҳҳо фирор мекунанд. Онҳо мехоҳанд, донанд, ки кай чунин ҳол анҷом мепазирад?

Дар ин байн сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ҳамоно дар бораи тағйири режим дар Эрон суҳбат мекунад. Амале, ки ба ақидаи шореҳон ба зудӣ иҷро нахоҳад шуд. Пас, агар Амрико амалиётро дар Эрон дар муқоиса бо Исроил барвақттар ба поён расонад, чӣ иттифоқе пеш хоҳад омад?

Мири Эйсин, шореҳ ва собиқ муовини раиси бахши иктишофи ҷангии Исроил, гуфт, "ба ақидаи ман, Амрикост, ки замони хатми амалиётро муқаррар мекунад. Исроил мехоҳад ҳамлаҳоро зидди режими исломӣ давом диҳад. Мо ҳамчунон бо "Ҳизбуллоҳ", дастпарвари режими исломӣ дар Лубнон, даст ба гиребон ҳастем. Мо мехоҳем амалиётро идома диҳем, вале вақте Амрико ба зарурати қатъи амалиёт ишора кард, мо таваққуф мекунем."

Қазияи "Ҳизбуллоҳ" далели ҷой доштани авлавиятҳои каме гуногуни Амрико ва Исроил дар ин ҷанг аст. Барои Вашингтон зарба ба Эрон масъалаи муҳимтарин аст. Дар Исроил "Ҳизбуллоҳ" таҳдиди рақами як аст, зеро дар ҳамин наздикиҳо қарор дорад.

Ҳамчунон баъзе ишораҳо ба ихтилоф дар интихоби ҳадафи зарбаҳо ба чашм мехӯрад. Ба назар мерасад, Вашингтон аз зарбаҳои исроилӣ ба анборҳои сӯзишвории Эрон хушҳол набудааст.

Узви собиқи Шӯрои Амнияти Миллии Исроил Йоэл Гужонский мегӯяд, зарбаҳои Исроил ба анборҳои маводи сӯхти Эрон "ҳушдори ҳисобшуда" аст.

Вай афзуд: "Ҳам Амрико ва ҳам Исроил аз эҳтиёт кор гирифта, талош доранд, корхонаҳои асосии тавлиди маводи сӯхтро тахриб накунанд, зеро дар ҷавоб эҳтимол Эрон ба кишварҳои Халиҷ ҳамла мекунад. Он гаҳ сенария тағйир меёбад."

Шореҳи исроилӣ мехоҳад гӯяд, ки имкон дорад, ҳамлаҳои Эрон ба корхонаҳои нафту гази кишварҳои Халиҷи Форс бештар шаванд.

Мардум дар саросари олам пайгирӣ доранд, ки идомаи ҷанг ба болоравии нархи нафт ва ба хусус, ҷайби онҳо чӣ таъсир хоҳад гузошт? Ба назар мерасад, ки тахмини Доналд Трамп дар бораи хатми зудраси амалиёт нигарониҳоро коҳиш дод, ҳарчанд ки шояд намехост ҷанги Эрон иқтисоди ҷаҳониро ба гаравгон мубаддал кунад.