Амрико баррасии визаҳои муҳоҷиратро боздошт

Ҳукумати президент Доналд Трамп баррасии визаҳои муҳоҷиратро боздошт. Манзур раводидҳои кӯчидан ба Амрико бо даъвати хешу табори наздик аст. Аз он бештар касоне истифода мекарданд, ки солҳои охир дар Иёлоти Муттаҳида расман муқим шудаанд.

Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА гуфт, додани чунин визаҳо замоне аз сар гирифта мешавад, ки ҳамаи кормандони консулгариҳои ин кишвар давраҳои махсуси омӯзишро сипарӣ кунанд. Аммо муҳлати ин омӯзишҳо эълон нашудааст.

Гуфта шуд, ҳадаф аз омӯзишҳо шеваҳои таҳқиқи ҳар дархости кӯч ба Амрико аст. Ҳукумати Доналд Трамп мехоҳад, дар мавриди ҳар хостори муҳоҷират маълумоти кофӣ ва ҳамаҷониба дарёфт кунад ва ба натиҷае расад, ки дархостдиҳанда дар оянда ба ҳимояти молии ҳукумат муҳтоҷ намешавад.

Доналд Трамп мегӯяд, ин чораҳо ба тақвияти амнияти дохилӣ равона шудаанд

Пештар рӯзномаи Financial Times хабар дод, ки дархостдиҳандаҳое, ки кайҳо даъватномаи мусоҳиба гирифта буданд, аз таъхир ёфтани онҳо огоҳинома гирифтаанд. Барояшон гуфта шудааст, ки санаи нави мусоҳиба дертар муайян хоҳад шуд.

Ҳафтаи равон Департаменти давлатӣ гуфт, раводиди 200 000 шаҳрванди хориҷиро бекор мекунад, зеро онҳо бо визаҳои ҷаҳонгардӣ ё тиҷорат вориди Иёлоти Муттаҳида шуда, сипас дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Бино бар хабари "Рейтерс", Трамп маъракаи шадиди ихроҷро пеш мебарад ва сиёсати муҳоҷиратро сахттар мекунад. Аз ҷумла, кортҳои сабзи муҳоҷират ё дархости раводид бо сабабҳои гуногун, монанди боварҳои сиёсӣ ва тарафдорӣ аз Фаластин, ҷиноятҳои гуногун бекор карда мешаванд. Доналд Трамп иддао дорад, ки ин чораҳо ба тақвияти амнияти дохилӣ равона шудаанд.

Додгоҳи Амрико рӯзи 22-юми август қарори Департаменти давлатиро барои қатъи додани раводиди муҳоҷирати шаҳрвандони 75 кишвар бекор кард ва онро ғайриқонунӣ донист. Додрас хадамоти консулиро берун аз салоҳияти Департаменти давлатӣ номид ва котиби он Марко Рубиоро барои гузаштан аз ҳадди ваколатҳояш сарзаниш кард.

Инҳоро ҳам бинед:

“Моро озод кунед”. Гуруснашинии муҳоҷирони тоҷик дар як боздоштгоҳи АмрикоНа хавфи дуздон, на бими тӯфон: Сафари пурхатар аз Осиёи Марказӣ ба Амрико. ВИДЕОКорти сабз - роҳе, ки садҳо кас мехоҳад ба Амрико равад. ВИДЕО"Ҳуҷҷати иқомат надошт". Боздошти як ҷавони тоҷик дар АмрикоБоздошти як афсари амрикоӣ бо "миёнравӣ"-и муҳоҷири тоҷик