Хоҷазода: “Аломатгузории хати марз бо Қирғизистон 90% анҷом шуд”

Ориф Хоҷазода. Шаҳри Душанбе, 17-уми июли 2026

Раиси Кумитаи замин дар Тоҷикистон гуфт, таъйину нишонагузории хати марз бо Қирғизистон, ки солҳо сабаби задухӯрд буду аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, 90 дарсад ба поён расидааст.

"Танҳо каме корҳои муҳандисӣ мондааст ва соли 2027 пурра ба анҷом хоҳад расид," – гуфт Ориф Хоҷазода рӯзи 17-уми июл дар нишасти матбуотӣ. Вай афзуд, "корҳои мушкилтаре, ки дар самти вилояти Суғд буд, ба анҷом расонида шуд."

Мақомот дар Суғд аввали моҳи июл гуфтанд, ки таъйину нишонагузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра поён ёфтааст. Вале на Кумитаи замин ва на ҳукумати Суғд ҷузъиёти таъйину аломатгузориро шарҳ надоданд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳсолаҳо боз наметавонистанд сарҳади байни ду кишварро таъйину нишонагузорӣ кунанд ва танҳо моҳи марти соли гузашта Созишномаи ниҳоии марзиро ба имзо расонданд.

Номуайянии марз сабаби чанд даргирии мусаллаҳонаи байни ду кишвар шуда, дар натиҷаи онҳо садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ гаштанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Баҳс солҳо боз сари он идома кард, ки харитаҳои кадом замон асос шумурда шаванд. Тарафи Қирғизистон бештар ба ҳалли масъала бар пояи вазъи феълӣ таъкид мекард. Ду тараф барои ҳалли мушкил табодули қаламрав карданд.

Баъзе аз сокинони ду тарафи марз аз ин табодул норозӣ монданд ва мегӯянд, талафоти онҳо ҷуброн нашудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Дигар нотарсида мегузарем". Сокинони Ворух мунтазири сохтани роҳи нав ҳастанд"Ё пул диҳанд, ё худашон созанд." Сокинони Хоҷаи Аъло чӣ доданд ва чӣ гирифтанд?Тоҷикистон ва Қирғизистон марзро чӣ гуна тақсим карданд?