75 соли Акбаршоҳ Искандаров. Пайвандонаш умеди раҳоии ӯро доранд

Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 1-уми август 75-сола шуд. Ин сиёсатмадор севумин зодрӯзи худро дар боздошт ва пушти милаҳои зиндон сипарӣ мекунад.

Ӯ моҳи июни соли 2024 дар доираи парвандаи пурсарусадои “чеҳраҳои шинохта” боздошт ва моҳи феврали соли 2025 аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши табаддулот” ба 18 сол зиндон маҳкум шуд. Айбномае, ки ӯ ва пайвандонаш ҳаргиз напазируфтаанд.

Ин сиёсатмадори 75-сола дар зиндони шаҳри Ваҳдат, маъруф ба “Кирпичний”, адои ҷазо мекунад. Шумори дигари шахсиятҳое, ки дар доираи ин парванда ба зиндон маҳкум шудаанд, низ дар онҷо ҳастанд.

Яке аз пайвандони Акбаршоҳ Искандаров бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ ба сурати умум вазъи саломатӣ ва рӯҳии ӯ хуб аст, "аммо аз дарди дил, фишорбаландӣ ва бемории қанд ранҷ мебарад ва чандин бор дар бемористони маҳбас бистарӣ шудааст".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Акбаршоҳ Искандаров хост, ба дигар шудани "Толибон" бовар накунанд

Мусоҳиби Радиои Озодӣ бархӯрд ва муомилаи масъулин ва зиндонбонҳоро бо ӯ “хуб” тавсиф кард. "Наздикон сари ҳар чанд вақт ба хабаргирияш мераванд ва барояш хӯроку либос ва чизҳои дигари заруриро мерасонанд," – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи як манбаи дигари наздик ба хонаводаи Акбаршоҳ Искандаров, ӯ аксари вақтҳои холигии худро дар маҳбас бо мутолиаи китоб, асосан адабиёти таърихӣ, мегузаронад.

Пайвандони Акбаршоҳ Искандаров мегӯянд, умедвор буданд, ки ӯ шомили Қонуни афв мешавад ва раҳо мегардад. Аммо ба сабаби ҷой доштани иттиҳоми талоши ғасби қудрат дар парванда, ин қонун нисбат ба ҳеч яке аз чеҳраҳои шинохта, аз ҷумла, Акбаршоҳ Искандаров татбиқ нашуд. Мақомот танҳо чанд сол аз муҳлати ҷазои хабарнигор Рухшона Ҳакимоваро се сол кам карданд ва он ҳам бинобар зан буданаш. Ӯ низ дар доираи парвандаи "чеҳраҳои шинохта" дастгиру ҳабс шудааст.

Як манбаи огоҳ аз "парвандаи чеҳраҳои шинохта" бо ёдоварӣ аз ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, он замон ҳеч яке аз шоҳидони берунӣ нисбат ба Акбаршоҳ Искандаров гувоҳии “бад” надоданд ва додгоҳ танҳо бар асоси баёноти яке аз боздоштшудаҳо ӯро ба зиндон маҳкум кард. Ҳамин тариқ ҳукми ӯ он замон бе ҳузури наздиконаш содир шуд.

Дар пайи эълони ҳукм, додгоҳ ба мусодираи амволи ӯ, аз ҷумла, ҳавлияш, дастур дод.

Акбаршоҳ Искандаров соли 1992 дар авҷи рӯёрӯиҳои солҳои навадум ба мақоми раиси Шӯрои олӣ расид ва муддате иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Тоҷикистон буд.

Аммо вазъи сиёсии кишвар дар он рӯзҳо бадтар мешуд ва зарурати даъвати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон пеш омад. Иҷлосияе, ки ба карйераи раҳбарии Акбаршоҳ Искандаров дар Тоҷикистон поён дод ва раисҷумҳури ҳозираро сари қудрат овард.

Искандаров солҳои охир дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекард. Пеш аз он сафири Тоҷикистон дар Туркманистон ва дертар намояндаи Душанбе дар Қазоқистон буд.