Аҳволи мардуми Ғазза дар тобистони сӯзон ва тоқатфарсо

Сокинони беҷошудаи Ғазза дар гармои тоқатфарсои тобистон талош мекунанд аз хаймаҳои мисли танӯр дар оби баҳр нафаси роҳате бикашанд.

Фадӣ ал-Аровӣ дар миёни вайронаҳои шаҳри Хон Юнус дар Ғазза бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро тамошо мекунад.

Компютери хурди ӯ гоҳе рӯшан мешавад, гоҳе хомӯш. Дар утоқи як мактабе маскан гирифтааст, ки барои беҷошудагон аз амалиёти низомии Исроил сарпаноҳ шудааст.

Фадӣ мегӯяд, суръати интернет бисёр суст аст ва ин танҳо яке аз мушкилоти онҳост. Шароити имрӯз қобили муқоиса бо соли 2022 нест, ки бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатарро тамошо мекард. Он вақт барқи доимӣ, интернети баландсуръат ва хона дошт.

Ҳоло шабона садои паҳподҳои Исроилро мешунаванд, ки аз таҳдиди маргбор дарак медиҳанд.

Фадӣ ал-Аровӣ мегӯяд, "ҳар рӯз аҳвол ҳамин аст. Худо медонад, ки интернет мешавад ё не. Мо дар ин ҷо ҷамъ шудаем. Садои паҳподҳоро мешунавед? Ҳар лаҳза мумкин аст бомбборон шавем ва бимирем, касе кафолати зинда монданро надорад."

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аҳволи мардуми Ғазза дар тобистони сӯзон ва тоқатфарсо

Аммо ин таҳдидҳо натавонистанд, шавқи футболро дар дили мухлисон бикушанд. Онҳо барои тамошои бозиҳо дар қаҳвахонаи "Роял"-и шаҳри Ғазза ҷамъ меоянд. Молики қаҳвахона ду хати барқ кашидааст, то намоиши бозиҳо қатъ нашавад.

Ҳодӣ Абуризқ, яке аз мухлисон мегӯяд, сокинони Ғазза худро ҳатто дар маконҳои умумӣ амн эҳсос намекунанд.

"Мумкин аст, қаҳвахонаро ҳадаф гиранд. Ё вақте ки ман пас аз бозӣ ба хона бармегардам, шояд дар наздикиям чизе таркад ва кушта шавам. Бо вуҷуди ин ҳама ранҷ, мо зиндагӣ ва бозиҳоро тамошо мекунем,”- гуфт Ҳодӣ Абуризқ.

Дар амалиёти низомии Исроил, ки пас аз ҳамлаҳои "Ҳамос" дар моҳи октябри соли 2023 оғоз шуд, бахши бузурги Навори Ғаззаву зербунёдҳои он вайрон шуд. Амрикову Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мушу ҳашарот зиндагии беҷошудагони Ғаззаро талх кардааст

Бо вуҷуди эълони оташбас дар моҳи октябри соли 2025, Исроил ҳамлаҳои худро ба инҷо идома медиҳад. Гурӯҳи тундрави "Ҳамос" низ талабҳоро барои халъи силоҳ рад кардааст. Қисми зиёди минтақа дар тассаруфи нерӯҳои Исроил аст.

Тақрибан тамоми аҳолии беш аз думиллионанафарии Фаластин дар як хати борики соҳилӣ, асосан дар хаймаҳо ва биноҳои нимавайрона, зиндагӣ мекунанд.

Варзиш низ аз ҷанг дар амон намонд. Ба гуфтаи Федератсияи футболи Фаластин, дар миёни 73 ҳазор фаластинии кушташуда, камаш 1000 нафарашон варзишгар буданд. Аз кӯдакон, то ба доварону варзишгарони касбӣ.

Исроил ҳамчунин 285 иншооти варзиширо вайрон кардааст. Баъзе ба хок яксон ва бархеи дигар нимавайрон шудаанд.

Варзишгоҳи маъруфи "Ал-Ярмук" дар шаҳри Ғазза, ки мояи ифтихори инҷо буд, ҳоло ба хаймазоре барои хонаводаҳои овора табдил ёфтааст.

Аҳмад Ҳамид мегӯяд, ин варзишгоҳ қаблан мисли як қолини сабзи бузург буд, ки ҳазорон мухлис дар он барои ҳаводории дастаҳои худ ҷамъ мешуданд. Ҳоло дар ин майдон хаймаҳо сар кашидаанд ва ӯ дар тамошогаҳи варзиши дӯстдоштааш зиндагӣ мекунад.