Ҳукми қатли 7 марди таҷовузкор дар Кобул

Мардони муттаҳам ба таҷовуз дар додгоҳи Кобул

Додгоҳи Афғонистон 7 марди муттаҳам ба ғоратгарӣ ва таҷовузи ваҳшиёна ба номуси 4 зан дар парвандаи пурсарусадоеро, ки ин кишварро такон дод, ба қатл маҳкум кард.

Додгоҳи Афғонистон рӯзи 7 сентябр 7 марди муттаҳам ба ғоратгарӣ ва таҷовузи ваҳшиёна ба номуси 4 зан аз гурӯҳеро, ки аз як маросими арӯсӣ ба Кобул бармегаштанд, маҳкум ба қатл кард. Пулис мегӯяд, як гурӯҳи мардон рӯзи 23 август дар вулусволии Пағмон, воқеъ дар канори шаҳри Кобул, корвони мошинҳоеро, ки аз як тӯй бармегашт, манъ карда, баъди тасарруфи пулу мол ва тиловорашон ба номуси 4 зан аз ин тӯякиҳо таҷовуз кардаанд. Бархе аз ҳамлагарон дар тан либоси пулис дошта, бо силоҳҳои худкор мусаллаҳ будаанд.

Ҳамлагарон занон, бо шумули як зани ҳомиларо дар нимаи шаб аз мошинҳо берун оварда, дар як саҳрои воқеъ дар канори шоҳроҳ ба номуси онҳо таҷовуз кардаанд. Ин занҳо ҳамчунин мавриди латукӯб қарор гирифта, таҷовузгарон тиловор ва телефонҳои мобили онҳоро низ ба яғмо бурдаанд.

Ин қазия нигарониҳо дар бораи амнияти мардум дар Афғонистон дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии ба раҳбарии НАТО-ро бештар кардааст. Интизор меравад, хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз ин кишвари ҷангзада то поёни соли 2014, яъне то камтар аз 4 моҳи дигар такмил шавад. Ин ҳамлаи ваҳшиёна ба аҳли тӯй ва он ҳам дар канори пойтахт мавҷи эътирозҳородар саросари Афғонистон ба по кард. Эътирозгарон дар рӯзи эълони ҳукм дар назди додгоҳи Кобул низ ҷамъ омаданд ва телевизионҳои афғонӣ ҷараёни мурофиа ва эълони ҳукмро зинда пахш карданд.

Раисиҷумҳури кунунии Афғонистон Ҳомид Карзай ҳафтаи гузашта ба як ҳайати занон гуфт, таҷовузкорон бояд ба қатл маҳкум шаванд. Тибқи қонунҳои Афғонистон, ҳар ҳукми эъдом қабл аз иҷрояш бояд аз тарафи раисиҷумҳур тасвиб шавад.

Рӯзи эълони ҳукм дар додгоҳ

Ин 7 маҳкум ҳамчунин ҳақ доранд, аз ҳукми имрӯза ба додгоҳи болотар шикоят баранд, вале бо дарназардошти сарусадое ки дар атрофи ин парванда ба вуҷуд омадааст, гумон аст ки ягон додгоҳе дар Афғонистон ҳукми қатли ин 7 нафарро бозбинӣ кунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аксари қазияҳои марбут ба таҷовуз ба номус дар Афғонистон номаълум боқӣ мемонанд, чунки дар шароити ҷомиаи муҳофизакори ин кишвар касе намехоҳад дар чашми мардум ҳамчун қурбонии таҷовуз маълум ва як умр ба чунин ҳайс ангуштнамо шавад. Қазияҳое низ зиёд аст, ки занони таҷовузшуда баъдан қурбони “қатлҳои номусӣ” аз тарафи пайвандони худи онҳо мешаванд.

Тибқи қонунҳои Шариат низ қурбониён бояд дастикам 4 шоҳидеро пайдо кунанд, ки таҷовуз шудани ӯро тасдиқ кунад, вагарна худи ин қурбониҳо метавонанд ба хиёнат ба шавҳар айбдор шаванд. Аммо дар қазияе, ки рӯзи 7 сентябр бо эълони ҳукмаи қатли 7 таҷовузкор анҷомид, аъзои хонаводаҳои қурбониён баракс ин 4 занро ташвиқ кардаанд, ки барои тантанаи адолат то охир мубориза баранд.

Бисёре аз қурбониён дар толори додгоҳ бурқаъ ё либосу рӯмоли дигар дар тан, ки чеҳраи онҳоро бипӯшонад, зоҳир шуданд ва аз байни мардони зиёде ин 7 нафари ба номуси онҳоро расидаро нишон доданд.

Эътирози зидди таҷовузкорон дар Балх. 7 сентябр

Таҷовузи ҷинсии дастаҷамъӣ бар гурӯҳе аз занон дар минтақаи Пағмон ҷомеаи Афғонистонро такон дод. Расонаҳои афғонӣ менависанд, ки ин гурӯҳи занон бо мардони хонаводаашон дар роҳи бозгашт аз як маросими арӯсӣ аз минтақаи Пағмон, аз сӯи як гурӯҳи мардони мусаллаҳ мутаваққиф шуданд. Афроди мусаллаҳ, ки 16 нафар будаанд, мардони ин хонаводаро дуртар бурда дастони онҳоро бастанд ва чаҳор занро то субҳ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор доданд.

Пас аз ин ҳодиса, фармондеҳи амнияти Кобул дар чанд амалиёти ҷудогона ва ба ҳамкории пулиси вилояти Ғазнӣ 7 тан аз ҳамлагаронро боздошт кард ва хоҳони ҳукми эъдоми онҳо шуд. Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон ҳам гуфтааст, агар додрас алайҳи омилони ин ҷиноят ҳукми эъдом содир кунад, дар имзои он таъхир нахоҳад кард. Сафорати Амриқо дар Кобул низ таҷовузи гурӯҳии занони афғон дар Пағмонро маҳкум кард ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар низ хоҳони муҷозоти шадиди омилони ин ҷиноят шудаанд.

Тазоҳурот дар Пағмон. 5 сентябр

Рӯзи 5 сентябр садҳо тан аз донишҷӯёни донишгоҳи Кобул ва сокинони пойтахти Афғонистон ва минтақаи Пағмон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии он кишвар дар як раҳпамоии эътирозомез дар наздикии "Тоқи Зафар"-и Пағмон хоҳони эъдоми ҳар чӣ зудтари омилони ин таҷовузи ҷинсӣ шудаанд. Онҳо аз ҳукумати Афғонистон хостаанд, то хомӯшӣ ихтиёр накунад ва ҳарчи зудтар иқдом намояд. Бархе аз ширкаткунандагон дар ин раҳпаймоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки агар ба ин қазия аз сӯи ҳукумат расидагӣ сурат нагирад, даст ба эътирозҳои густурда хоҳанд зад.

Пас аз вуқӯи ин ҳодиса ва эътирофи омилони он пас аз дастгир шудан аз сӯи пулис, бештари ниҳодҳо ба шумули мардуми Афғонистон тақозо карданд, ки ин афрод эъдом шаванд. Мардум мегӯянд, ҳар гоҳе ин афрод муҷозот ва дар пеши чашми мардум ба дор овехта шаванд, пеши роҳи ин гуна ҷиноятҳо дар оянда гирифта хоҳад шуд ва касе дигар ҷуръати чунин корро нахоҳад кард.