Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобул таҷовузгаронро ба қатл маҳкум карданд


Дар Афғонистон 7 мардро, барои таҷовузи ҷинсии чаҳор зан, ки хашми мардуми кишварро барангехт, ба қатл маҳкум карданд. Додгоҳи Кобул рӯзи 7-уми сентябр ҳамаи ин ҳафт нафарро ба он гунаҳкор донист, ки рӯзи 23-уми август, чаҳор занро ҳангоми бозгашташон аз як ҷашни арӯсӣ ба Кобул аз дохили мошин кашида ва нимашаб дар майдони наздики канори роҳ таҷовуз кардаанд. Ин занон ҳамроҳи хонаводаҳои худ аз Пағмон ба Кобул бармегаштаанд, ки ба дасти ин гурӯҳи мусаллаҳ афтодаанд. Муҳокимаи ин афрод мустақим дар телевизиони Афғонистон намоиш дода мешуд ва гурӯҳе аз мардуми хашмгин дар назди додгоҳ тазоҳурот карданд. Дар Афғонистон мавридҳои таҷовузи ҷинсӣ кам ба додгоҳ бурда мешавад, зеро занон аз тарси бадномӣ ҷиноятро пинҳон медоранд. Бар асоси қонуни шариат, қурбониёни таҷовузи ҷинсӣ бояд барои собит кардани ҷиноят чаҳор шоҳид дошта бошанд, дар акси ҳол худашон ба зино гунаҳкор мешаванд. Дар ин қазия баъзе аз занони таҷовузшуда, ки бурқа доштанд, дар додгоҳ худашон шаҳодат доданд.

XS
SM
MD
LG