Ҷамшед Абдулов аз боздошт озод шуд

Ҷамшед Абдулов. Акс аз саҳифаи "Топ-50"

Молики ширкати “Олими Каримзод” ва корхонаи нассоҷии “Олим текстайлз” дар ноҳияи Мастчоҳ, ки бо иттиҳоми бозпас надодани 15 миллион доллар қарзаш аз “Тоҷпромбонк” боздошт шуда буд, озод шуд.

Як масъули Боздоштгоҳи мувақатии умури дохила дар ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 21 декабр ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Ҷамшед Абдулов субҳи рӯзи 20 декабр ба озодӣ баромад. Мӯҳлати боздошти Абдулов дар

“Олими Каримзод” яке аз ширкатҳои бузурги содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

маҷмӯъ тақрибан ду моҳро дар бар гирифт. Ин масъули боздоштгоҳи муваққатӣ, ки ба шарти нашр нашудани номаш сӯҳбат мекард, гуфт, бо чӣ шароит озод шудани Абдуловро муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ бояд шарҳ бидиҳанд. Аммо наздикони Ҷамшед Абдулов дар сӯҳбати ҷудогона бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки соҳибкор баъди пардохти пурраи қарзи “Тоҷикпромбонк” озод шуда ва дигар қарздор нест ва ҳоло дар назди пайвандонаш мебошад.

Аз оғоз то имрӯз ҳеҷ як намояндаи тафтишот омода нашуд қазияи Абдуловро барои матбуот шарҳ диҳад.

Яке аз манобеи Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҷамшед Абдулов қаблан аз “Тоҷиксодротбонк” низ 4 миллион доллар қарздор буд ва дар ҷараёни чиҳил рӯзи дар боздошт буданаш ин миқдор пулро бозпас додааст. Зоҳиран бахши дигари қарз - 15 миллион долларро баъди ин пардохт кардааст.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар “Тоҷпромбонк”, ки бо қарори Бонки миллӣ муҷаввизаш бозхонд шуда, ҷараёни барҳамхӯриаш идома дорад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми декабр гуфта буд, ки Абдулов пас аз шикояти гуруҳи амонатдорони бонк дар назди Давлаталӣ Саид – муовини нахуствазир боздошт шудааст.

​“Амонатдорон рӯзи 7-уми сентябр дар назди Давлаталӣ Саид шикоят карданд, ки чанд қарздори калон, аз ҷумла Ҷамшед Абдулов 15 миллион доллар қарзи бонкро бознагардондааст ва амонатдорони бонк наметавонанд пулҳояшонро бозпас бигиранд. Саидов дар ҳузури амонатгузорон ба мақомоти қудратӣ дастур дод, ки қарздорон ё қарзро баргардонанд ё дар назди қонун ҷавоб гӯянд”, - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Ҷамшед Абдулов молики ширкати “Олими Каримзод” ва корхонаи нассоҷии “Олим тестайлз” дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд аст.

“Олими Каримзод” яке аз ширкатҳои бузурги содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. То соли 2009 “Олими Каримзод” ширкати фючерсӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо сармоягузории хоҷагиҳои пахтакор машғул буд. Корхонаи нассоҷии “Олим текстайлз” дар Суғд муддатҳои зиёд аз камбуди ашёи хоми нахи пахта бекор монда буд.

Абдулов танҳо нест

Боздошт шудани Ҷамшед Абдулов бо иттиҳоми напардорхтани қарзи “Тоҷпромбонк”-ро вебсайти англисизабони EurasiaNet.org ҳам хабар дода гуфтааст, ки ин соҳибкор танҳо нест ва бо айни чунин иттиҳом ду соҳибкори дигар ҳам феълан дар боздошт аст: Илҳом Шарбатов (маъруф бо лақаби Илҳом Командир дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ) ва раҳбари ширкати пахтаҷаллоби Tamer INB барои напардохтани қарзи ҳамин бонк дар ҳаҷми 1,5 миллион доллар ва Тӯрабек Қаноатов барои 826 ҳазор доллар қарз. Тасдиқи дурустии ин хабар феълан имкон надорад. Вале EurasiaNet.org мегӯяд, ки 29 миллион доллар қарзи дигари ин бонкро 12 ширкате гирифтаанд, ки ба худи бонки варшикаста марбут буда, раҳбаронаш ҳам афроди наздик ба мақомот мебошанд.

Коршиносони дигар мегӯянд, ки мушкили бонкҳои Тоҷикистон бо қарздории як ё ду соҳибкор тамом намешавад, балки ба қарздории афрод ва ширкатҳои наздик ба ҳукумат бармегардад, ки дар ин гирудорҳо тавонистанд ҷон ба саломат бубаранд ва маълум нест, масъулияти пардохти қарзҳои худро чӣ гуна ва дар чӣ мӯҳлат иҷро мекунанд.

Соли мушкили бонкҳо

Ин ҳама таҳаввулот дар ҳолест, ки соли 2017-ро коршиносон соли бӯҳрони бонкҳо меноманд. Аз чор бонки дучори мушкилшуда, “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” варшикаста ва “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” дучори мушкили пардохтпазирӣ шудаанд. Ҳазорҳо муштариёни бонк давоми соли ҷорӣ натавонистанд пурра маблағу пасандозҳои худро бигиранд ва бино ба иттилои мақомоти Бонки Миллӣ, мушкили пардохтпазирии муштариҳо ҳам, ки 4 миллиард сомониро ташкил медиҳад, бӯҳронро амиқтар кардааст.