Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Карим Абдулов


Карим Абдулов, профессор, доктори илми таърих
Карим Абдулов, профессор, доктори илми таърих

Карим Абдулов, профессор, доктори илми таърих ва собиқ раҳбари дафтари раёсатҷумҳури Тоҷикистон дар замони президентии Раҳмон Набиев, дар синни 71-солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт.

Ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш - деҳаи Сурхкати ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба хок супурда шудааст.

Карим Абдулов дар таърихи 26-уми феврали соли 1939 ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна шомили техникуми молияви шаҳри Сталинобод гашт. Таҳсилоти худро баъдан дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома додааст.

Карим Абдулов соли 1970 ба кори ҳизбӣ гузашта дар зинаҳои гуногуни ҳизбӣ анҷоми вазифа намудааст. Солҳои 1988-90 вай дотсент, унвонҷӯи докторӣ ва профессори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 1991 то соли 1992 мудири котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Дар лаҳзаҳои ахири ҳаёти худ Карим Абдулов мушовири раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси ҷамъияти «Дониш»-и вилоят будааст.
Профессор Карим Абдулов барои хизматҳояш бо нишону медалҳои зиёд сарфароз гардида буд. Ҳамчуни вай барои хизмаҳои илмияш бо ҷоизаиҳои ба номи Бобоҷон Ғафуров, Алоуддин Баҳовадинов, ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мукофотонида шудааст.

Корҳои илмии Карим Абдулов дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон ва Париж тарҷума ва нашр шудаанд. Вай соҳиби беш аз 20 асари илмӣ ва беш аз 300 мақола буда то лаҳзаҳои ахири ҳаёти худ дар Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба тадриси шогирдон машғул буд.
XS
SM
MD
LG