Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, ки бори аввал аст баргузор мешавад, таваҷҷуҳи густардаи расонаҳои ин кишвар ба кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистонро ҷалб кардааст.
Нашрияҳои аслии Кореяи Ҷанубӣ, аз ҷумла хабаргузории «Ёнҳап», рӯзномаҳои «Korea Herald» ва «Korea Times» нишасти сарони Корея ва Осиёи Марказиро дар Сеул ба таври густурда пӯшиш додаанд.
Мулоқот чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки соли 2007 дар сатҳи вазирон таъсис ёфта буд, бори нахуст ба сатҳи раҳбарони олӣ бардошт. Расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ навиштаанд, Сеул қасд дорад, захираҳои бойи литий, уран, хром ва дигар филиззоти нодир дар Осиёи Марказиро бо иқтисоди пешрафтаи худ дар арсаи иктишоф, коркард ва истеҳсол пайванд диҳад.
Таҳлилгарон ин гоми Кореяи Ҷанубиро як қадами муҳим барои гуногунии занҷираи таъминоти ҷаҳонӣ барои саноати нимноқилҳо (микрочипҳо), батареяҳо ва мошинҳои барқии Кореяи Ҷанубӣ арзёбӣ кардаанд. Дар гузоришҳои таҳлилӣ ва баёнияи вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ гуфта мешавад, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо ба сохтмони зербунёдҳо ва корхонаҳо маҳдуд намешавад ва ҳуши маснӯӣ, рақамисозӣ, мубориза бо тағйири иқлимро ҳам фаро мегирад.
Бар асоси иттилооти расмӣ дар Ҳамоиши тиҷоратии Корея ва Осиёи Марказӣ тақрибан 500 мақоми давлатӣ ва соҳибкор ширкат ва содда кардани қоидаҳои тиҷорат, гумрук ва сармоягузорӣ баррасӣ кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми сентябр бо сафари расмӣ ва ҷиҳати ширкат дар нахустин ҳамоиши "Осиёи Миёна-Ҷумҳурии Корея", ба Сеул сафар кард. Ҳамоиш рӯзи 16 сентябр баргузор мешавад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, энержӣ ва захираҳои об, раиси Бонки миллӣ ва дигар раҳбарони баландпоя ҳамроҳӣ мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Таҳлилгарон Кореяи Ҷанубиро як ҳамкору шарики бисёр муҳими Тоҷикистон медонанд
Ли Ҷай Мюнг, раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ҳафтаи гузашта гуфт, кишвараш мехоҳад, бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ равобити амиқтари иқтисодиву стратегӣ ба роҳ монад. Ӯ афзуд: "Осиёи Марказӣ дар маркази қораи Авруосиё имконоти бузурги рушд ва захираи бузурги энергетикӣ ва филлизоти нодир дорад."
Тоҷикистон яке аз муштариёни таҷҳизоти электронӣ, ба мисли яхдону телевизион ва телефонҳои Самсунги Кореяи Ҷанубӣ аст, вале ба Корея асосан ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр содир мекунад. Телефони “Самсунг” ҳам аз маҳбубтарин телефонҳои ҳушманд дар байни муштариён дар Тоҷикистон аст.
Чанде пеш Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, Кореяи Ҷанубӣ барои омӯзиш ва таҳияи тарҳи нахустин метро дар шаҳри Душанбе 200 000 доллар ихтисос додааст. Қарор аст, ин тарҳ бо ширкати мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ амалӣ гардад.
Дар Душанбе ҳамчунин марказҳои омӯзиши забони кореягӣ амал мекунанд ва барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳои ройгони таҳсил дар Корея дастрасанд. Байни ду тараф ҳамчунин дар мавриди муҳоҷирати кории тоҷикон ба Кореяи Ҷанубӣ созиш шуда, шуморе аз корҷӯёни тоҷик дар ин кишваранд. Ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ чанд ширкат ва ниҳоди тиҷоратӣ созмон додаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
$1700 моҳона. Ҷавонони тоҷик барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ забон меомӯзанд. ВИДЕОКореяи Ҷанубӣ яке аз низомҳои пешрафтаи мардумсолори Осиёи Шарқӣ буда, президентҳо ва ҳукуматҳо дар он посухгӯйи майли мардум ва волоияти қонун ба шумор мераванд.
Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, барои Тоҷикистон Кореяи Ҷанубӣ як шарики бисёр муҳими иқтисодию сиёсӣ шудааст: “Кореяи Ҷанубӣ ба даҳгонаи сармоягузорони калонтарини Тоҷикистон шомил аст. Яъне ин тақрибан 70 миллион доллар аст, дар 10 соли охир аст, ин хеле зиёд аст. Соли 2024 гардиши молӣ байни ду тараф аз 150 миллион доллар гузашт. Ин кам нест. Як чизи дигар ин аст, ки на танҳо ҳаҷми сармоягузорӣ муҳим аст, лекин сифат муҳимтар аст. Аз ин нуқтаи назар нигоҳ кунем, мебинем, ки Кореяи Ҷанубӣ ба чанд соҳаи калидии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекнуад. Ин пеш аз ҳама ҳуши маснуӣ, ҳукумати электронӣ, рақамисозии иқтисод, энержии сабз, зербунёдҳо, мудирияти захираҳои обӣ ва маъданҳои табиӣ. Ин ҳама соҳаҳои муҳим барои Тоҷикистон аст, на ҳар кишвар ба ин соҳаҳои сармоягузорӣ карда метавонанд. Яъне барои мо ин хеле муҳимтар аст, яъне мешавад гуфт, ки ингуна додугирифтҳо ба Тоҷикистон муҳимтар аст назар ба худи Кореяи Ҷанубӣ”.
Сиёсатшиноси дигар Муҳаммад Шамсуддинов гуфт, таваҷҷӯҳи бештари Кореяи Ҷанубӣ ба Осиёи Марказӣ з рӯйи рақобат ва талоши нуфузу дастёбӣ ба захираҳои нодири он маншаъ мегирад: “Вақте сухан аз манфиатҳои Кореяи Ҷанубӣ ба ҳайси яке аз бозигарони калидии робитаҳои замонавии байналмилалӣ аст, дар Осиёи Марказӣ ин муносибатҳо аз дидгоҳи талоши боздоштани Чин таъйин мешаванд. Ин талошҳои боздоранда ахиран ба таври аён дар бахши маъдан мушоҳида мешаванд. Чин дар ин соҳа дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши аввал дорад. Чин тахминан 90% истеҳсоли ҷаҳонии маъданҳои нодирро дар ихтиёр дорад ва ин мавод барои рушди иқтисоди пешрафтаи фаннӣ муҳим аст. Чин мавқеи пешбарандаашро дар ин соҳа ба ҳайси василаи фишор ба рақибони геоиқтисодиву сиёсӣ истифода мекунад ва Кореяи Ҷанубиро ҳам мешавад ба он ворид намуд. Дар ин чаҳорчӯб Осиёи Марказӣ ҳамчун манбаи захираҳои азими маъданҳои нодир мавриди таваҷҷӯҳи бозигароне мисли Кореяи Ҷанубӣ мешавад, ки дар талоши эҷоди занҷираҳои алтернативии таъминоти маъданҳои нодиранд”.
Зимнан бино ба иттилои расмӣ, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав бо Ким Ҷонг Кван, вазири савдо, саноати Корея ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноати маъдан, иқтисод, сармоягузорӣ, рушди саноат, истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот ва истихроҷи маъданҳоро баррасӣ кардааст.
Рӯзи 15-уми сентябр, мақомоти расмии Тоҷикистон хабар доданд, ки ширкати давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон бо KORAIL, ширкати роҳҳои оҳани Кореяи Ҷанубӣ қарордоди ҳамкорӣ бастааст. Дигар санади имзошуда ба навиштаи хабаргузории давлатии “Ховар” барои рушди тарҳҳои муштаракро дар соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, кӯҳӣ, кимиё, мошинсозӣ, инчунин ҳуши маснӯӣ ва технологияҳои нав пешбинӣ шудааст.