Муомилоти ғайринақдӣ ва пули нақд дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Бино ба омори Бонки миллӣ, ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон то нимаи имсол ба 41 дар сад расидааст, ки қадами ҷиддӣ дар роҳи гузариш ба иқтисоди рақамӣ маҳсуб меёбад. То чанд соли пеш дар кишвар бисёре аз муомилот нақдӣ сурат мегирифт ва базӯр аз 10 то 15 дар сад мерасид.

Бонки миллӣ дар як иттилоияе дар бораи таърихи низоми бонкдорӣ дар Тоҷикистон навиштааст, ки “Соли ҷориро (соли 2026) метавон марҳилаи нави рушди низоми бонкӣ, рақамисозӣ унвон кард. Ба санаи 30 июни соли 2026 дар кишвар 10 561 терминали электронӣ барои пардохтҳои ғайринақдӣ насб гардида, шумораи кортҳои пардохтӣ ба 12,4 миллион адад ва ҳамёнҳои электронӣ ба 19,8 миллион адад расидааст. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ 41 фоизро ташкил медиҳад.” Ба қавли Бонки миллӣ, омори мазкур далели он аст, ки пардохти рақамӣ дигар танҳо як воситаи алтернативии муомилот, “балки тадриҷан ба қисми муҳимми фаъолияти иқтисодии кишвар табдил меёбад.”

Айни замон аудити Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 нишон медиҳад, ки ҳаҷми пули пули нақди вориди муомила дар кишвар 7.4 миллиард сомонӣ афзуда, аз 38.8 миллиард сомонии соли 2024 ба 46.2 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расидааст. Сабаби афзоиши пули нақд дар муомилот маълум нест, ки рушди иқтисодӣ аст, ё интиқоли пули бештари муҳоҷирон аз хориҷ ва ё талаботи бештар ба пули нақд дар бозори кишвар.

Аз тарафи дигар шикояти муштариён аз кори бонкҳои Тоҷикистон ҳам кам нест, ки мегӯянд, зимни муомилот ё пулашон гум мешавад. Моҳи март ва июли ҳамин сол номи “Душанбе сити”, яке аз бонкҳои сермуштарии кишвар, сари забонҳо шуд, чун мардуми зиёде шикоят мекарданд, ки муддати як ҳафта наметавонистанд ба ҷое пул фиристанд ё баръакс пулашон бигиранд.

Иддае ҳам мегуфтанд, ки як дафъа аз ҳисобашон 100 сомонӣ пардохтанд, вале бонк онро се бор ҳисоб кардаву сесад сомонияшонро гирифтааст. Баъдан раиси Бонки Миллии Тоҷикистон вазъро шарҳ дод ва гуфт, аз 890 арзу муроҷиате, ки дар бораи кори бонкҳо ба онҳо расидааст, 30 дарсадаш дар бораи кори "Душанбе Сити" будааст.

Яке аз мушкилоти аслӣ дар Тоҷикистонро, ки монеи пардохтҳои ғайринақдӣ мешаванд ба гуфтаи мутахассисон, дастрасӣ надоштани мардум ба интернети баландсуръат дар деҳоту минтақаҳои дурдаст ва ба зербунёдҳои бонкӣ мебошад.