Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина хост, бо вуҷуди ҳамлаҳои беамони Русия ба Украина, аз ҷумла дар наздикии марзи Лаҳистон ва ё Полша, ҳамлаҳо ба анборҳои маводи сӯхт ва нафтии Русияро қатъ кунад.
Ӯ ҳангоми сафараш ба Ирландия дар рӯзи 13-уми сентябр ба хабарнигорон гуфт: “Ҳадафҳои зиёди дигар низ ҳастанд. Ба маводи сӯхти дизелӣ зарба назанед. Бояд аз байн бурдани маводи сӯхти дизелиро дар Русия бас кунед».
Баёнияи Доналд Трамп як ҳафта пас аз сафари фиристодагони ӯ Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер ба Киев ва Маскав садо дод. Боздиди онҳоро яке аз талошҳои дигари Амрико барои музокирот байни ду тараф ва поён додан ба ҷанг дар Украина медонанд.
Агарчӣ ҳамаи тарафҳо ин музокиротро «пурмӯҳтаво» хонданд, аммо вазъ дар хатти пеши ҷанг тағйир наёфтааст ва Русия бо наздик шудани фасли сармо ҳамлаҳо ба зербунёдҳои ғайринизомӣ, иншооти энергетикӣ ва дигар ҳадафҳо дар Украинаро идома медиҳад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудаастДар посух ба ин ҳамлаҳо Украина бо паҳпод ва ё дронҳои дурпарвоз иншооти энергетикӣ ва низомиро дар дохили Русия нишон мегирад. Киев аз ин роҳ мекӯшад, даромади Русияро аз ҳисоби фурӯши маводи сӯхт камтар ва онро ба музокира водор кунад.
Аз оғози тобистон ҳамлаҳои паҳподҳои украинӣ сабаби камбуди сӯзишворӣ дар саросари Русия шуда, норозигии шаҳрвандонеро барангехт, ки то кунун асароти ин ҷангро, ки чаҳорумним сол аз он мегузарад, дуруст эҳсос накарда буданд.
Ҳушдори Украина ба Русия: «Ба дари НАТО мекӯбанд»
Талошҳои дипломатии тоза оташи ҷангро ҳеч фӯру нанишонд ва Русия субҳи 13-уми сентябр бо паҳпод дар наздикии марзи Лаҳистон зарба зад. Ҳамлаи аввал ба як нуқтаи маводи сӯхт дар наздикии гузаргоҳи марзии Ягодин байни Лаҳистон ва Украина, дар вилояти Волин сурат гирифт. Касе дар ин ҳамла осеб надидааст.
Дар ҳамлаи дуввум ба ҳамин вилоят як қатори мусофирбар дар ду километрии марзи Лаҳистон осеб дидааст, ки ба гуфтаи мақомоти Украина аз Киев ба самти шаҳри Варшава ҳаракат мекард.
Ширкати муттасаддии роҳи оҳан «Укрзализнитсия» гуфт, азбаски ба ронандагони қатор аз пеш дар бораи ҳамла огоҳӣ додаанд, касе осеб надидааст. Дар видеоҳо аз маҳалли ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки мардум ҳангоми таркиш аз истгоҳи роҳи оҳан мегурезанд.
Ширкати «Укрзализнитсия» дар баёнияи дигаре гуфтааст, ки «ба эҳтимоли зиёд» ҳадафи аслии ҳамла метавонист «қатори дипломатӣ» бошад, ки мақомоти баландпояи аврупоӣ, аз ҷумла Борис Ҷонсон, нахуствазири собиқи Бритониёро мебурд. Айни замон ба гуфтаи ширкат, Дэйвид Петреус, мудири собиқи Хадамоти Истихборотии Амрико низ дар он вақт дар қатори дигаре ҳузур доштааст.
Ҳамзамон бо ин таркишҳо дар чанд минтақаи шарқии Лаҳистон бонги хатар аз ҳамлаи ҳавоӣ садо додааст. Агарчӣ дар бораи нақзи қаламрави ҳавоии Лаҳистон гузориш нашудааст, вале Ятсек Горишевский, сухангӯи Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар гуфтааст, ки «таҳдид ба Лаҳистон воқеӣ буд».
Дар ҳодисаҳои дигар дар рӯзи 13-уми сентябр, мақомоти Руминия аз ворид шудани як паҳпод ба ин кишвар гузориш доданд ва Литва пас аз мушоҳидаи эҳтимолии паҳпод аз сокинони пойтахт ва минтақаҳои атроф хост, ки ба паноҳгоҳҳо бираванд.
Фурудгоҳи аслии кишвар дар шаҳри Вилнюсро бастанд ва ҳавопаймоҳои ҷангии НАТО ба ҳаво бархостанд. Бонги хатар дар зарфи як соат беэътибор карда шуд.
Андрей Сибига, вазири умури хориҷии Украина, рӯзи 13-уми сентябр дар шабакаи иҷтимоии X навишт: «Ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Русия ба марзи Украина ва Лаҳистон дар Ягодин танҳо идомаи ҳамлаҳо ба марзҳои давлатии мо нест. Ин террори Путин аст, ки мустақиман дарҳои Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро мекӯбад».
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 13 уми сентябр дар як баёнияе дар Телеграм навишт, дар ҳафтаи гузашта Русия ба саросари Украина бо 2100 паҳпод, 1700 бомби ҳидоятшаванда ва 73 мушак зарба задааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Трамп аз Зеленский хост, корхонаҳои сӯхти дизелии Русияро ҳадаф қарор надиҳад