“Ширин шавад, шакар шавад, Аввалинаш писар шавад.”
Дар маросими издивоҷ дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон барои навхонадорон орзу мекунанд, ки тифли нахустинашон писар ба дунё биёяд.
Бартарӣ додан ба писар ҳамчун ворис асрҳо боз дар Осиёи Марказӣ тамоюл шудааст.
Дар гузашта ҷинси кӯдакро танҳо пас аз зода шудан мефаҳмиданд, вале ҳоло замони ҳомиладорӣ ин имконпазир аст.
Таҷҳизоти пешрафта заминаро барои як навъи табъиз фароҳам кардааст, ки он аз батни модар сар мешавад.
Вақте тифли батн духтар аст...
Барои бархе хонаводаҳо шунидани хабаре, ки тифл духтар аст, боиси поёни ҳомиладорӣ мешавад. Инро исқоти интихобии ҳамл меноманд.
Гулии 35-солаи сокини Фарғонаи Узбекистон чор духтар дорад. Ӯ нақл кард, ки замони бордориаш хонаводаи шавҳар ба ӯ фишор меоварданд, то писар ба дунё биорад. Бори чоруми ҳомиладорӣ низ пизишкон гуфтанд, тифли батнаш духтар аст. Наздикони шавҳар аз ӯ хостанд, ки "аборт" ё исқоти ҳамл кунад, вале ӯ розӣ нашуд. Шавҳараш гуфтааст, ки зани дигар мегирад.
Гулӣ мегӯяд, фикр кардам, шавҳарам шухӣ мекунад, вале ин воқеият буд.
"Хушдоманам ба такрор мегуфт, ки айби ман аст, ки духтар мезоям. Пас аз зода шудани духтари чорум хушдоманам талош кард, ки писараш зани дуюм гирад ва бовар дошт, ки ӯ соҳиби писари деринтизор мешавад. Ҳамсари дуюмаш ҳам чор духтар зод. Ҳоло шавҳарам ҳашт духтар дорад,”—нақл кард Гулӣ.
Писар ё духтар таваллуд шудан аз кӣ вобаста аст?
Ин саргузашт дар минтақа ягона нест. Бино бар омори расмӣ, дар Узбекистон ва Тоҷикистон аз духтар дида, писар бештар зода мешавад. Дар Узбекистон ба 100 духтар 107 ва дар Тоҷикистон ба 100 духтар 110 писар рост меояд.
Коршиносон бештар зода шудани писарон дар Осиёи Марказиро ба фигона ё аборти интихобӣ рабт медиҳанд.
Дар 25 соли ахир дар Узбекистон нисбат ба писарон 650 ҳазор духтар камтар ба дунё омадааст. Дар Тоҷикистон низ дар чанд соли ахир ин тамоюл дида мешавад.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?
Пизишкон ин андешаро, ки духтар ё писар таваллуд шудан ба зан вобастааст, афсона медонанд. Воқеият дигар аст.
Фарангис Мамадбоқирова, генетик аз Душанбе аз нигоҳи илмӣ зода шудани духтару писарро чунин шарҳ дод: “Ҳар як инсон 23 ҷуфт хромосома дорад ва маҳз хромосомаи 23-юм ҷинсро муайян мекунад. Дар занҳо ин XX, дар мардҳ XY. Тухмдони зан ҳамеша хромосомаи X, вале аз мард ҳам X ҳам Y дорад. Агар X бо X омезиш ёбад, духтар ба дунё меояд ва агар X бо Y бошад, тифл писар мешавад.”
Бо ин вуҷуд ҳанӯз ҳам дар аксар хонаводаҳо ба дунё омадани духтарро мушкили зан медонанд.
Таъна: "Ворис ба дунё намеорад"
Марям, сокини Душанбе ҳам чор духтар дорад. Ӯ мегӯяд, ҳар ҳомиладориаш бо сахтӣ мегузарад. Хушдоманаш ӯро таъна мекунад, ки ворис ба дунё намеорад. Шавҳар аз ӯ пуштибонӣ намекунад.
Ӯ гуфт: “Пас аз зодани ҳар духтар шавҳарам асабӣ ва бо ман сард мешавад. Ӯ аз нишастан бо дӯстону хешовандонаш канорагирӣ мекунад. Метарсам, ки рӯзе аз талоқ гап занад ё пинҳонӣ зани дигар гирад.”
Дар Тоҷикистону Узбекистон исқоти ҳамл то 12 моҳи ҳомиладорӣ иҷоза ҳаст. Баъди он танҳо бо хулосаи пизишкон, ки бордорӣ ба саломатии зан марговар аст ё тифл нуқс дорад, ин иҷоза дода мешавад.
Коршиносон мегӯянд, ҳолатҳои исқоти ҳамл пас аз семоҳагии ҳомиладорӣ низ зери фишор сабт мешавад. Қонун ба ин иҷоза намедиҳад, вале наздикон талош мекунанд, ки “роҳе” пайдо кунанд. Дар аксар ҳолат тасмими хонаводаро на фишор, балки як кори “дуруст” ва “ногузир” медонанд. Андешаи дақиқ кардани ҷинси кӯдак дар ҷомеа реша давондааст.
Дилмурод Эргашев, пизишк аз Узбекистон мегӯяд, “зани бечора зери фишори шавҳар писар зодан мехоҳад. Чунки писар бо волидон мемонад ва онҳо набераҳояшонро аз наздик мебинанд. Духтарро ба шавҳар медиҳанд ва ту набераро намебинӣ. Барои ҳамин мехоҳанд, ки бештар писар дошта бошанд”.
Занҳо кам мешаванд. Мардҳоро чӣ интизор аст?
Дар Осиёи Марказӣ солҳо анъанаи гузоштани номҳои ”мӯъҷизаофар” вуҷуд дошт. Агар дар хонавода пайиҳам духтар зода мешуд, ба онҳо номҳое мегузоштанд, ки маънояш бас будани таваллуди духтар ва интизори писарро бозгӯ мекарданд.
- Дар тоҷикӣ: Басгул, Хотима, Додар
- Қазоқӣ: Улжан — “писарҷон”
- Қирғизӣ: Уулболсун — “бигзор писар шавад”
- Туркманӣ: Огулкерек — “мӯҳтоҷи писар”
- Узбекӣ: Уғила - “писари маҳтобӣ”
Ҳоло чунин номҳо хеле кам шудаанд, вале ақида ва бархӯрд боқӣ мондааст.
Коршиносон пайомади ин бархӯрдро фаротар аз як хонавода медонанд.
Гулнора Бекназарова, ҷомеашиноси тоҷик пайёмадҳои инро нохуб медонад: “Ин ба мардоне, ки шумораашон нисбат ба занон бештар мешавад, зарба хоҳад зад. Ва чуноне ки мо мефаҳмем, ин бештар ба мардони камбизоат таъсир мерасонад. Ба касоне, ки дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, даромади камтар ва сатҳи пасти маълумот доранд. Шумораи занон аз назари миқдорӣ кам мешавад. Ин маънои онро дорад, ки фишор болои онҳо низ бештар хоҳад шуд. Ва интизориҳои ҷомеа ва оила аз онҳо сахттар мешавад, зеро онҳо ба як "манбаи камёфт" табдил меёбанд.”
Ҳанӯз 10 сол пеш СММ гуфта буд, ки бо сабаби исқоти ҳамл ва бартар донистани писар аз духтар дар Ҷанубу Ғарбу Шарқи Осиё ва Осиёи Марказӣ шумораи занон аз мардон дида 170 миллион нафар камтар шудааст.
СММ инро як навъ табъиз медонад, ки бояд ба он хотима дода шавад.
Кишварҳои минтақа ҳоло мехоҳанд, бо баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ аз фигона ё бачапартоиҳои маҷбурӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Аммо коршиносон мегӯянд, тағйири воқеӣ замоне пеш хоҳад омад, ки ба таваллуди духтар чун нокомӣ ва ноумедӣ нигоҳ накунанд.