Як акси норӯшан мардеро нишон медиҳад, ки аз сӯйи ду нафар бо либосҳои ғайринизомӣ маҷбур карда шудааст, дар барф зону бизанад. Аксро ҳафтаи гузашта Хадамоти амнияти федеролии Русия нашр кард. Дар он лаҳзаи дастгир шудани як марди 48-сола дар Ярослав, тақрибан 250-километрии шимол-шарқи Маскав, нишон дода мешавад, ки бо иттиҳоми "аксбардорӣ ва наворбардории пинҳонӣ" аз гӯристони сарбозони кушташуда дар ҷанги Украина боздошт шудааст.
Ин парванда тозатарин маврид аз ҳолатҳое аст, ки дар он одамон бинобар акс ва наворбардорӣ аз гӯрҳои низомиёни Русия бо иттиҳоми хиёнат рӯбарӯ шудаанд. Дар охири моҳи июни имсол мақомоти минтақаи Томск дар Сибир эълон карданд, ки "чанд нафар" ба далели ҷамъоварии маълумот дар бораи сарбозони рус, аз ҷумла кушташудагони ҷанг, дар ивази дарёфти пули нақд, боздошт шудаанд.
Аксҳои норӯшане марде дар минтақаи Ярослав, ки аз сӯи Хадамоти амнияти федероли Русия ба иттиҳоми аксбардорӣ аз гуристони сарбозони кушташудаи рус дар ҷанги Украина боздошт шудааст.
Дар як ҳолати ба ин монанд дар минтақаи Свердловск ду нафар гумонзад шудаанд, ки дар ивази дарёфти маблағе муодили ҳудуди як доллар барои ҳар акс онҳоро барои "роҳбаладон"-и худ фиристодаанд.
Дар Екатеринбург, маркази ин минтақа, мақомот эълон карданд, ки гаштҳои амниятӣ дар гӯристонҳо тақвият дода шуданд, "то афроде, ки ҳадафи истихдомкунандагон (барои таҳияи акс аз гӯрҳо) қарор мегиранд, дарк кунанд, ки ин як масъалаи бехатар нест, балки ҷурме аст, ки метавонад ҷазои воқеӣ дар пай дошта бошад".
Хадамоти амнияти федеролии Русия дар бештари мавридҳо иддао мекунад, ки гумонбарҳо барои "роҳбаладон"-и украинӣ кор мекунанд.
ГӮРҲО, САНАДЕ АЗ ТАЛАФОТИ САНГИН
Аксҳои гирифташуда аз гӯрҳо манбаи маълумотии муҳиме барои рӯзноманигорон ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар будаанд, ки ба дунболи арзёбии шумори русҳои кушташуда дар ҷанги Украина ҳастанд. Оморе, ки мақомоти Русия бисёр майл доранд онро махфӣ нигаҳ доранд. Омори гуногун дар бораи мизони ин талафот вуҷуд дорад.
Дар моҳи май як мақоми баландпояи истихборотии Бритониё эълон кард, ки аз замони оғози ҳамлаи густурдаи Кремл ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, наздик ба 500 ҳазор сарбози рус кушта шудаанд. Гузорише, ки моҳи гузашта аз сӯи "Маркази мутолеоти стратегӣ ва байналмилалӣ" дар Вашингтон нашр шуд, ин рақамро 450 ҳазор нафар эълон кард.
Сет Ҷонс, таҳлилгари ин марказ, дар аввалҳои соли ҷорӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "Кремл тамоми талошҳои худро барои пинҳон кардани шумори воқеии талафот ба кор бастааст. Артиши Русия бадтар аз ҳар артиши бузурги дигаре, ки дар як қарни гузашта баррасӣ кардаем, амал кардааст".
Гӯристони сарбозони рус дар Санкт-Петербург.
"Маркази мутолеоти стратегӣ ва байналмилалӣ" дар гузориши худ ба мусоҳибаҳое бо мақомоти амрикоӣ, украинӣ ва аврупоӣ, ҳамчунин гузоришҳои Mediazona, як расонаи хабарии мустақили Русия, ки аз сӯи мақомоти он кишвар ҳамчуни "агенти хориҷӣ" табақабандӣ шудааст, такя кардааст.
Ин расона номи 236 ҳазор сарбози русро сабт кардааст, ки мегӯяд, марги онҳо дар Украина тасдиқ шудааст. Дар моҳи май, тибқи таҳқиқоти ин расона, шумори воқеии кушташудагони ҷанг ҳудуди 350 ҳазор нафар буд.
Дмитрий Трешанин, сардабири Mediazona ба шабакаи "Current Time"-и Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "барои мо гӯристон манбаи маълумоти бисёр муҳиме аст. Пеш аз ин ҳаргиз чунин коре хиёнат таъбир нашуда буд".
Парвандаҳои марбут ба хиёнат дар Русия аз замони оғози ҳамлаи густурдаи ин кишвар ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 рӯ ба афзоиш будааст.
"ҚАЛЛОБОН ОИЛАҲОРО ҲАДАФ ҚАРОР МЕДИҲАНД"
Дмитрий Трешанин гуфт, сарфи назар аз тамоюли мақомоти Русия барои пинҳон нигоҳ доштани шумори кушташудагони ҷанг, парвандаҳои ахир дар пасманзари талошҳои қаллобон барои ҳадаф қарор додани хонаводаҳое сурат мегирад, ки наздикони худро дар ҷанг аз даст додаанд.
Ин кор метавонад шомили тамос бо онҳо ва ироаи маълумоти нодуруст дар бораи инки азизонашон дар воқеъ тавассути нерӯҳои украинӣ асир шудааст ва сипас дархости пул барои замонати озодии онҳо бошад. Аксҳои гӯрҳо метавонад ба ёфтани қурбониён барои ин ҳадаф кумак кунад.
Дмитрий Трешанин гуфт, "онҳо ба ман паём додаанд ва номи кушташудагонро хостаанд". Вай афзуд, ин вазъият хатари наверо барои довталабоне эҷод мекунад, ки барои таҳқиқоти боз (Open Sources) аз гӯрҳо акс мегиранд.
Ӯ гуфт, "онҳо дар хатари калоне қарор доранд. Мумкин аст ба хотири ин аксҳо ба 12 то 20 сол зиндон маҳкум шаванд".
Додситон дар пайванд ба қазияи сокини Ярослав мегӯяд, шахси гумонбар аксбардорӣ ва наворбардориро дар моҳи октябри соли 2024 оғоз кардааст. Дар баёнияе, ки аз сӯи додгоҳ нашр шуд, омадааст, "ин сокини Ярослав маълумотро аз тариқи паёмрасон барои Хадамоти махсуси Украина фиристодааст".
Дар ин баёния ҳамчунин эълон шудааст, ки ин парванда пушти дарҳои баста баррасӣ хоҳад шуд".
Дмитрий Трешанин гуфт, Хадамоти амнияти федеролии Русия ба осонӣ метавонад бо пешниҳоди пул барои аксбардорӣ, афродро ба дом афтонад. Ӯ гуфт, "ҳатто ниёзе нест, ки қаллобон вуҷуди хориҷӣ дошта бошанд. Шумо вазифаеро ба як нафар супоред ва сипас ҷурмеро, ки зоҳиран ӯ барномарезӣ карда буд, "кашф" мекунед".
Ба даст овардани маълумоти дасти аввал аз кушташудагони ҷанги Русия аз тариқи гӯристонҳо акнун ба фаъолияти бисёре хатарноке табдил шудааст. Аммо роҳҳои дигаре низ вуҷуд дорад, аз ҷумла паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби дӯстон ё аъзои оила ё маълумот дар бораи маросими дафн.