Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико, рӯзи 5-уми август гуфт, музокирот барои даст ёфтан ба созиш бо Эрон "печида ва пурчолиш" хоҳад буд ва ба вақт ниёз дорад. "Эрониҳо афроди фавқулода душвор барои гуфтугӯ ҳастанд ва сохтори ҳукуматии онҳо дучори чанддастаӣ аст," -- гуфт ӯ дар суҳбат бо телевизиони Fox News.
Венс дар ин мусоҳиба дар бораи музокирот бо мақомҳои эронӣ гуфт, "вазифаи мо ин аст, ки аз ин марҳила гузарем ва беҳтарин натиҷаро барои мардуми Амрико ва ҳамчунин барои раисҷумҳури Амрико ба даст оварем. Ба назари ман, саранҷом ба нуқтае хоҳем расид, ки албатта масири расидан ба он печида хоҳад буд ва ниёз ба вақт дорад."
"Дар ниҳоят, ҳамон тавр, ки мебинед, фикр мекунам қимати нафт имрӯз ҳудуди 79 доллар сари ҳар бушка буд. Ин нарх коҳиш хоҳад ёфт ва поин хоҳад монд. Эрон ҳаргиз ба силоҳи ҳастаӣ даст нахоҳад ёфт ва Иёлоти Муттаҳида низ дар ҷойгоҳи қавитаре қарор хоҳад гирифт," -- афзуд ӯ.
Муовини Трамп эълон кард, "мо акнун дар миёнаи ин раванд ҳастем ва фикр мекунам баъзе аз афрод талош мекунанд аз ҳамин ҳоло дар бораи натиҷаи ниҳоии қазоват кунанд."
Ҷей Ди Венс дар айни ҳол гуфт, дарк мекунад чаро мумкин аст амрикоиҳо аз раванди кунди музокирот эҳсоси ноумедӣ кунанд. Ӯ шарҳ дод, "гоҳе лозим аст як қадам ба пеш биравед, ду қадам ба ақиб баргардед, баъд се қадам ба пеш ва дубора як қадам ба ақиб."
Изҳороти Венс дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Эрон анҷоми ҳаргуна музокиротро бо Амрико рад карда, мегӯяд, бо Умон барои расидан ба созише дар бораи вазъияти тангаи Ҳурмуз дар ҳоли гуфтугӯ аст.
Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 5-уми август гуфт, Эрон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки оё иҷрои тафоҳумнома миёни Эрон ва Амрикоро идома диҳад ё не.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, низ дар ҷараёни суханронӣ дар шаҳри Лас Вегас гуфт, расидан ба созиш бо Эронро беҳтар мешуморад, чун намехоҳад мардум кушта шаванд.