Дар нимаи аввали соли равон ба буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби ҷарима ва муҷозоти дигар 390,7 миллион сомонӣ ё 42 миллион доллар ворид шудааст.
Ин маблағ аз пешбинии мақомот 88 миллион сомонӣ ё 9,5 миллион доллар камтар аст. Ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, нақшаи даромади буҷа аз ҳисоби ҷаримаҳо фақат 81 дарсад иҷро шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар нӯҳ моҳи аввали соли гузашта нақшаи пешбинишуда қариб 50 дарсад зиёдтар иҷро шуда буд.
Мақомот мисли гузашта шарҳ надодаанд, ки дар шаш моҳи аввали имсол сокинон бештар барои кадом қонуншиканӣ ҷарима шудаанд. Дар Тоҷикистон шикоятҳо аз ҷаримаҳои зиёд борҳо садо додааст.
Дар моҳҳои январ-июни имсол додгоҳҳои Тоҷикистон барои муттаҳамони чанд парвандаи пурсарусудо ҳукми ҷарима таъйин карданд.
Аз ҷумла, моҳи июли имсол Додгоҳи олии Тоҷикистон, Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанберо 165 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.
Пеш аз ин, дар моҳи январи имсол Додгоҳи шаҳри Душанбе панҷ мансабдори собиқи Фурудгоҳи пойтахтро низ бо пардохти ҷарима озод карда буд.
Ин афрод якҷо бо Исматулло Абдуллозода ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, гумонзад шуданд.
Додгоҳ гуфт, мансабдорони пешини Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз ҳукм шикоят накарданд. Вале бархе сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳукмро сабук хонданд.
Навор дар Инстаграм:
Солҳои охир мақомоти Тоҷикистон ҳаҷми ҷаримаро боло бурдаанд, ки гоҳе боис ба нигаронии сокинон ҳам мешавад. Ба гуфтаи коршиносон, пули ҷаримаву муҷозоти сокинон набояд дар нақшагирии буҷа ҳамчун сарчашмаи асосӣ нишон дода шавад.