Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ ширкат мекунад

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари пешини Эрон Алии Хоманаӣ дар Теҳрон. 30 июли соли 2024.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ, роҳбари пешини Ҷумҳурии Исломӣ, ба Эрон сафар кард.

Дафтари матбуоти президент 3-юми июл навишт, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро шуморе аз мақомҳои давлатӣ, аз ҷумла, вазирони корҳои хориҷӣ, энержӣ ва захираҳои бо ва раиси Кумитаи дин, ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар хабарномаи расмии дафтари матбуоти президент, ҳадаф аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон, "боздиди корӣ" гуфта шудааст.

Пештар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва ҳамчунин хабаргузории эронии "Тасним" навишта буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ ширкат хоҳад кард.

Пас аз чаҳор моҳ аз оғози ҳамлаҳои Амрико ба Эрон, ки Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии исломӣ ва гурӯҳе аз ҳамароҳон ва аъзои хонаводааш кушта шуд, ҳукумати Эрон барномаи вижаи ҷаноза ва хоксупории ӯро оғоз кардааст.

Ба гузориши хабаргузориҳои дохилии Эрон, субҳи ҷумъа, 3 июл ҷасади Алии Хоманаӣ ба Мусалло ё намозгоҳи Теҳрон интиқол дода шудааст. Бар пояи ин гузоришҳо, қарор аст имрӯз ҳайатҳои хориҷӣ "ба раҳбари пешини Ҷумҳурии исломӣ адои эҳтиром кунанд".

Масъулини Ҷумҳурии исломӣ барномаи якҳафтаиро барои "видоъ, ҷаноза ва дафн"-и Хоманаӣ дар назар гирифтаанд ва умедворанд "миллионҳо нафар" дар ин барномаҳо ширкат кунанд.

Алии Хоманаӣ, роҳбари пешини Ҷумҳурии исломӣ 28-уми феврали имсол дар аввалин рӯзи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон кушта шуд. Ҳамроҳи ӯ чанд фармондеҳи баландпояи эронӣ низ кушта шуданд.

Ҷанге, ки бо кушта шудани Алии Хоманаӣ оғоз шуд, 40 рӯз давом кард. Амрико ва Эрон аввали моҳи апрел оташбас карданд ва дар моҳи июн тафоҳумномаи сулҳро имзо намуданд.

Тоҷикистон аз имзои ин тафоҳумнома истиқбол кард ва гуфт, ки имзои ин санад ба амният дар тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 июн ба президентҳои Эрон ва Амрико Масъуди Пизишкиён ва Доналд Трамп барқияҳои алоҳида фиристод ва имзои тафоҳумномаи сулҳро барои онҳо табрик гуфт.