Неъматҷон Ашӯрматов моҳи марти соли ҷорӣ бо талаби дарёфти 280 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ба додгоҳ шикоят бурда буд.
Ӯ ҳудуди дувуним сол пеш бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз сӯи маъмурони пулис дар Хуҷанд боздошт ва ба гуфтааш, аз сӯи онҳо мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифта буд.
Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқи Неъматҷон Ашӯрматов ҳимоят мекунад, рӯзи 19-уми июн хабар дод, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 18-уми июн даъвои ӯро "қисман қонеъ кардааст".
Дар хабар гуфта нашудааст, ки додрас ВКД-ро ба пардохти чӣ миқдор ҷуброни зиён ба Неъматҷон Ашӯрматов вазифадор кардааст.
Вале вакилони дифои Неъматҷон Ашӯрматов мегӯянд, ки ният дорад бо дарёфти қарори додгоҳ онро баррасӣ карда, ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ баранд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то кунун дар ин бора ибрози назар накардааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳам мавзӯъро шарҳ надодааст.
Неъматҷон Ашӯрматов 22-юми феврали соли 2024 аз сӯи кормандони Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Хуҷанд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт мешавад ва ба гуфтааш, ҳангоми дар бинои шӯъба қарор доштан, аз сӯи маъмурони пулис мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор мегирад.
Дар пайи ин ҳодиса, 29-уми апрели соли 2024 Додситонии вилояти Суғд алайҳи 4 корманди Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд барои "сӯистифода аз ваколат" парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ду корманд ба ҳабс гирифта шуда, ду нафари дигар дар пайгард қарор гирифтанд.
Баъдан бо дархости вакилони дифои Неъматҷон Ашӯрматов, амали кормандони милиса аз рӯи моддаи "шиканҷа" тафтиш шуд.
Ба иттилои вакилони дифои Неъматҷон Ашӯрматов, соли 2025 яке аз ин кормандони пулис Дилшод Нарзуллозода, бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ ба 21 сол зиндон, 10 соли маҳрумият аз ишғоли мансабҳои муайян ва адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш шадид маҳкум шуд.
Корманди дигари пулис Абдуқодир Каримов ба 19 сол зиндон бо маҳрум сохтан аз ишғоли мансаб ба мӯҳлати 10 сол маҳкум шуд.
Истифода аз шиканҷа барои ҳосил кардани эътирофи "гуноҳ" дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад.
Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал аввали моҳи майи имсол аз "гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷа, бахусус аз тарафи афсарони милиса ва афсарони идораҳои амниятӣ дар боздоштгоҳ ва зимни бозпурсиҳо" изҳори нигаронӣ кард.
Кумитаи Созмони Милал барои маҳви шиканҷа гуфт, ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон барои бадрафториву шиканҷа ҷазои сахт таъйин шудааст, иҷрои он камтар ба назар мерасад ва теъдоди онҳое, ки барои шиканҷаи зиндонӣ ё боздоштшудае ҷазо гирифтаанд, бисёр кам аст.
Ба гуфтаи Вазорати адлияи Тоҷикистон, аз соли 2018 то соли 2025 танҳо 13 нафар барои шиканҷа ҷазо гирифтаанд, агарчӣ шикоятҳои расмӣ аз рафтори тарафи маъмурони амниятиву интизомӣ аз 100 адад ҳам зиёдтар будааст.