Талошҳои Маскав барои роҳандозии VPN-и давлатӣ. Мушкилот ва паёмадҳои ин тарҳ чист?

Аз замони оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, мақомҳои рус бастае аз маҳдудиятҳо ва сензураи ошкор ва пинҳонро бар ахбор, садоҳои мухолифу мунтақид ва баҳсҳои вобаста бо ин ҷангро ҷорӣ кардаанд. Маҳдудиятҳое, ки ҳатто мавзӯи раҳбарии Владимир Путин низ шомили онҳо мешавад.

Шаҳрвандони Русия низ дар вокуниш ба ин вазъият ба истифода аз VPN рӯй овардаанд. Абзорҳои онлайние, ки макони корбарро пинҳон мекунад ва имкони дастрасӣ ба ахбори бесензура ва бедахолати ҳукуматро, фароҳам месозад.

Ин масъала боиси норизоятии ниҳодҳои назоратии Русия ва ҳамчунин созмонҳои қудратманди истихборотӣ ва амниятии ин кишвар шудааст, дар ҳоле, ки онҳо талош кардаанд истифода аз VPN-ро маҳдуд ва ҳатто ҷиноят бишуморанд.

Тибқи гузоришҳо, "Роскомнадзор", ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти фановарӣ дар Русия, идеяи нав барои ҳалли ин масъала матраҳ кардааст: VPN-и зери назорати ҳукумат.

Наталя Ковалева, пажӯҳишгари барномаи Русия ва Авруосиё дар Chatham House дар Лондон ин хабарро "воқеан ҳайратовар" хонд ва гуфт, "як VPN-и таҳти ҳимояти ҳукумат, ки барои дур задани маҳдудиятҳое тарроҳӣ шудааст, ки худи ҳукумат ҷорӣ кардааст, ба назар мутаноқиз мерасад".

Ӯ афзуд, "наметавонам дар бораи имконпазирии фаннии ин пешниҳод изҳори назар кунам, аммо нисбат ба он бисёр шак дорам".

Наталя Ковалева танҳо касе нест, ки чунин назар дорад. Дмитрий Козелев, рӯзноманигори рус, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунад ва дар ғайбаш ба иттиҳоми "беобрӯ кардани артиши Русия" маҳкум шудааст, ҳам дар паёме дар "Телеграм" навишт:

"Ин бештар ба як шӯхӣ мемонад: аввал ҳама чизро мебанданд, баъд як VPN-и ҳукуматӣ месозанд, то аз маҳдудиятҳои худ убур кунанд. Эҳтимолан хеле ҳам пурхароҷот аст". Ҳамон тавр, ки мегӯянд, "тиҷорати сердаромад аст".

БЕФОИДА ВА АЗ НАЗАРИ ФАННӢ ҒАЙРИ ҚОБИЛИ ИҶРО

Хабари ин тарҳ андаке пас аз ҷаласаи рӯзи 8 июн паҳн шуд. Ҷаласае, ки дар он "Роскомнадзор" ин идеяро бо мудирони калонтарин ширкатҳои фановарии Русия дар миён гузошт ва хабари онро нахустин бор расонаи онлайнии The Bell, нашр кард.

Бар асоси гузориши The Bell, Олег Терляков, муовини "Роскомнадзор", гуфтааст, ки VPN-и ҳукуматӣ барои таҳиягарон ва барномасозони фановарии иттилот, ки "воқеан ба он ниёз доранд", тавсия хоҳад шуд, то битавонанд ба манбаъҳои берун аз Русия дастрасӣ дошта бошанд.

Ин ниҳод ҳамчунин ваъда додааст, ки сурати сар задани мушкил барои ширкатҳои фановарии Русия дар истифода аз VPN-и ҳукуматӣ ё дастрасӣ ба абзорҳои хориҷӣ, ба онҳо кӯмак кунад.

Ба гузориши The Bell, намояндагони ширкатҳои фановарӣ, аз ҷумла, "Яндекс", VK, InfoWatch ва Positive Technologies аз ин пешниҳод истиқбол накардаанд ва бархе нигарони қатъи дастрасии худ аз сӯи ниҳодҳои назораткунанда буданд.

Ҳеч тасдиқи расмӣ ва умумӣ дар бораи ин гузориш, нашр нашудааст ва "Роскомнадзор" низ ба дархостҳо, посухе надодааст.

Дар ҳамин ҳол, Игор Ашманов, як соҳибкори шинохтаи арсаи фановарӣ дар веблоги шахсии худ ин тарҳро "бефоида ва аз назари фаннӣ ғайри қобили иҷро" хонд, ки ин ёддошт баъдан аз веблогаш ҳазф шуд.

"ИНТЕРНЕТИ МУСТАҚИЛ"

Мақомоти Русия наздик ба ду даҳсола аст, ки талош мекунанд интернетро зери назорат дошта бошанд. Талоше, ки аз тариқи қабули қонунҳо, таҷҳизоти фаннӣ, фишор бар корбарон ва муттаҳидкунии саноати фановарӣ, пайгирӣ шудааст.

Ҳадафи онҳо эҷоди чизе буд, ки "интернети мустақил" номида мешавад, интернете, ки таҳти назорати доимии ҳукумат қарор дошта бошад.

Ин талошҳо пас аз оғози ҳамла ба Украина ва вақте, ки мақомот кӯшиданд огоҳии умумӣ дар бораи мавзӯъҳое чун ҷинояти ҷангӣ, талафоти вазнин ё амалкарди на чандон муваффақи артиши Русияро маҳдуд кунанд, авҷ гирифт.

Дар солҳои ахир, Украина тавоноиҳои паҳподии худро ба таври қобили мулоҳиза густариш дод ва қисман шабакаҳои иттилоотии мобилии Русияро барои раҳнамоӣ кардани паҳбодҳо ба ҳадафҳои худ истифода кардааст.

Барои муқобила бо ин ҳамлаҳо, мақомоти Русия ба қатъи интернети мобилӣ рӯй оварданд, ин иқдом аввал дар минтақаҳои марзӣ амалӣ шуд ва баъдан ҳатто ба Маскав низ расид ва ба шиддат норизоятии умумиро ба миён овард.

Дар моҳҳои ахир паёмрасони "Телеграм" ба шиддат суст шудааст. Иқдоме ки гуфта мешавад ба дархости Хадамоти федеролии амнияти Русия анҷом шудаст.

Дар моҳҳои ахир паёмрасони "Телеграм" ба шиддат суст шудааст.

Мушкили "Телеграм" барои сокинони оддӣ, саноати фановарии Русия ва ҳатто нухбагони Кремл ҷиддитар шудааст. Ин барнома аз сӯи Павел Дуров, соҳибкори арсаи фановарӣ дар Русия, ки ҳоло дар Аврупо зиндагӣ мекунад, таъсис дода шудааст.

Бар асоси гузоришҳои қаблии The Bell, Путин ба идораи дувуми Хадамоти федеролии амният, ки бештар бинобар таъқиби Алексей Навалний, фаъоли зидди фасод, шинохта мешавад -- ихтиёр дода буд, ки ҳам суръати интернетро коҳиш диҳад ва ҳам "Телеграм"-ро маҳдуд кунад.

Аммо ин тасмим барои дафтари раёсати ҷумҳури Русия мушкилоте эҷод кард, зеро ки бисёре аз масъулони ин ниҳод барои идораи низоми сиёсии кишвар ба "Телеграм" вобаста ҳастанд.

Мақомот ҳамчунин талош кардаанд "Телеграм"-ро бо як паёмрасони дохилӣ бо номи Max ("Макс") ҷойгузин кунанд ва таблиғоти густурдае барои он анҷом додаанд. Аммо гузоришҳо нишон медиҳад, ки русҳо бо нофорамӣ аз он истифода мекунанд.

"НАМЕТАВОН ҲАМА ЧИЗРО ХОМӮШ КАРД"

Ба гуфтаи The Bell, ангезаи аслии ҷаласа миёни "Роскомнадзор" ва раҳбарони арсаи фановарӣ, дастрасӣ ба платформаҳои рушди нармафзор, монанди GitHub будааст. Абзорҳое, ки барномасозони саросари ҷаҳон барои тарҳҳои худ аз онҳо истифода мекунанд.

Дар чорчӯби таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бинобар ҳамла ба Украина, дастрасӣ ба бархе аз ин платформаҳо маҳдуд шуд ва онҳо барои идомаи кор ба VPN-и тиҷорӣ рӯй овардаанд.

"Роскомнадзор", ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти фановарӣ дар Русия идеяи VPN-и ҳукуматиро матраҳ кардааст.

Кунд кардани VPN-ҳо ё ҷиноят эълон кардани истифода аз онҳо метавонад амалан арсаи фановарии иттилооти Русияро фалаҷ кунад. Маҳдуд кардани дастрасӣ танҳо ба як VPN-и ҳукуматӣ низ мумки аст натиҷаи монанд дошта бошад.

Алена Епифанова, пажӯҳишгари амнияти дигиталӣ дар Шӯрои робитаҳои хориҷии Олмон мегӯяд, "Русия ҳанӯз то ҳадди зиёде ба зерсохти интернети ҷаҳон пайваст аст ва наметавонад ба осонӣ ҳама чизро хомӯш кунад".

Ӯ афзуд, "ҳадаф ин аст, ки ҳама чиз баста шавад, аммо чанд вебсайт ё паёмрасон барои иртибот ё хондани ахбор -- ё ба истилоҳ ахбор -- дар дастраси мардум боқӣ бимонад".

Аммо барои таҳиягарон ва барномасозон, мавзӯъ фаротар аз ин аст: "Баҳс бар сари моҳияти интернет аст, дар бораи рамзе, ки марз намешиносад, дар бораи ҳамкорӣ ва ёфтани роҳҳале барои мушкилоти нармафзорӣ".

Алена Епифанова мегӯяд, "Русия то ҳади зиёде муваффақ шудааст интернети давлатии худро таъсис диҳад. Давлат роҳи худро интихоб кардааст: Сензураи пурра, назорати пурра ва назорати пурраи ҳукумат. Онҳо ин роҳро то охир идома додаанд. Аммо баҳои он ин аст, ки дигар наметавон саноати фановарии иттилооти рақобатпазир дошт".