То соли 2030 дар ин кишвар ният доранд, ки беш аз 200 миллион дарахт шинонанд ва ҷангалзорҳои нобудшударо барқарор кунанд.
Сафедорзори тозабунёд дар канори Кобул аз ҷумлаи талошҳое барои барқарор кардани ҷанглазорҳои Афғонистон аст, ки дар се даҳаи охир 50 дарсадаш нобуд шудааст. Созмони Милали Муттаҳид ва Бунёди Оқохон аз ниҳолшинонӣ дар Афғонистон пуштибонӣ мекунанд
Ғуломалӣ Пуё, раиси як деҳа дар атрофи Кобул мегӯяд, "тақрибан 30-35 сол пеш мо анбӯҳи ҷангалҳо доштем. Дар норомиҳои ҳама аз байн рафт ва касе ҷилави инро гирифта натавонист".
Талош барои эҳёи ҷангалзорҳо аз соли 2023 дар Афғонистон оғоз шудааст. Созмонҳои байналмилаӣ гуфтаанд, ки то соли 2030 ба мардуми Афғонистон кӯмак мекунанд, ки 200 миллион дарахт шинонанд.
Бунёди ҷангалзорҳоро ягона роҳи коҳиши чангу ғубор медонанд, ки ҳамасола аз Афғонистон то Тоҷикистон мерасад ва ба муҳити зисту сокинон зиён мерасонад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Боди афғонӣ" дар Тоҷикистон камтар мешавад?
Аҳмад Холид, сокини Чоряккор дар вилояти Парвон мегӯяд, "инҷо ниҳол мешинонад. Ниҳол чизи хуб аст. Ба муҳити зист фоида дорад ва оксигенро хуб тавлид мекунад".
Ба гуфтаи Бабегим Аҳмадӣ, як деҳқон дар ин минтақа, "зиндагии мо сиҳатии худи мост. Дарахтҳо олудагии ҳаворо ҷазб мекунанд, заминро сарсабз нигоҳ медорад. Чӯбаш ҳам фоида аст".
Ҳоло дар чанд вилояти Афғонистон вобаста ба иқлим аз арчаву сафедор то дарахти пиставу дигар навъи дарахтони сояафкану мевадиҳанда мешинонанд.
Мақомоти Толибон, ки Афғонистонро назорат мекунанд, ба созмонҳои байналмилалӣ ваъда додаанд, ки роҳи дарахтбуриро мегиранд ва ба мардум барои бунёди боғу ҷангал кӯмак мекунанд.