Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи шаш корманди милиса Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахтро оғоз кардааст, ки ба гуфтаи муфаттишон, сабабгори марги Мақсудҷон Саидов, як гумонбар ба ҷиноят шудаанд.
Як манбаъи огоҳ аз қазия бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа 1-уми июн оғоз шуда, то кунун ду муҳокимаи додгоҳӣ баргузор шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, аз гумонбарони ин парванда панҷ нафарашон дар додгоҳ ҳузур доранд, вале як нафарашон нопадид шудааст.
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, мурофиа боз ва бо ҳузури хешовандони кормандони милиса мегузарад. Чор вакили мудофеъ аз ҳаққи милисаҳои боздоштшуда ҳимоят мекунанд.
Назари ин гумонбарон ва вакилони дифои онҳо феълан барои мо маълум нест.
Ҳамаи ин шаш корманди пешини пулис ба "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ", муттаҳам мешаванд.
Аз ҷумла, яке аз иттиҳомот ин будааст, ки маъмурони милисаи Душанбе, бар хилофи муқаррарот, бе огоҳии ҳамкорони худ дар Кӯлоб дар ин шаҳр амалиёт анҷом додаанд, ки "як навъ худсарӣ" ба ҳисоб меравад.
Таҳқиқи парванда тақрибан чаҳор моҳ идома кард. Ин парванда бар пояи ҳодисае боз шуда буд, ки моҳи январи имсол сурат гирифтааст.
Мақсудҷон Саидов, сокини 36-солаи шаҳри Кӯлобро рӯзи 8-уми январ кормандони Шӯъбаи дуввуми корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе дар Кӯлоб боздошт карда, ба пойтахт овардаанд. Ӯ ба фӯруш ва паҳн кардани "кристал" -- як навъи маводи мухаддир, муттаҳам мешуд.
Вале баъди муддати кӯтоҳе ҷасади Мақсудҷонро ба аҳли хонаводааш дода ва хостаанд, ки зуд ӯро ба хок супоранд. Маросими дафн ҳам рӯзи 12-уми январ сурат гирифтааст.
Истифода аз шиканҷа барои ҳосил кардани эътирофи "гуноҳ" дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад.
Аввали моҳи майи имсол Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал аз "гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷа, бахусус аз тарафи афсарони милиса ва афсарони идораҳои амниятӣ дар боздоштгоҳ ва зимни бозпурсиҳо" изҳори нигаронӣ кард.
Кумитаи Созмони Милал барои маҳви шиканҷа гуфт, ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон барои бадрафториву шиканҷа ҷазои сахт таъйин шудааст, иҷрои он камтар ба назар мерасад ва теъдоди онҳое, ки барои шиканҷаи зиндонӣ ё боздоштшудае ҷазо гирифтаанд, бисёр кам аст.
Ба гуфтаи вазорати адлияи Тоҷикистон, аз соли 2018 то соли 2025 танҳо 13 нафар барои шиканҷа ҷазо гирифтаанд, агарчӣ шикоятҳои расмӣ аз рафтори тарафи маъмурони амниятиву интизомӣ аз 100 адад ҳам зиёдтар будааст.