Муроҷиат ба идораҳои давлатӣ ё саргардонӣ?

Акс аз бойгонӣ.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё идораи Омбудсмен дар як гузориш роҷеъ ба вазъи муроҷиати сокинон дар идораҳои давлатӣ гуфтааст, санҷишҳои онҳо нишон дод, ки дар баробари пешравиҳо, ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд.

Ин ниҳод набуди воҳиди алоҳидаи кории вобаста ба сабти муроҷиатҳо ва ҳуҷраи алоҳида барои қабули шаҳрвандонро аз ҷумлаи ин мушкилиҳо номидааст.

Ҳамчунин таъкид намудааст, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шакли дастаҷамъона ё дар ҳузури афроди зиёд сурат мегирад, ки ин боиси риоя нашудани маҳрамияти мавзӯи муроҷиат мегардад.

Масъалаи саргардонии корафтодагон аз як идора ба идораи дигар барои ҳалли муроҷиаташон дар гузориши Омбудсмен зикр нашудааст. Аммо ин натиҷаи мушкилотест, ки он зикр намудааст.

ЧУН "ТӮБИ ФУТБОЛ" ҲАР СӮ МЕЗАНАНД

Яз зани ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ саҳнаи чунин сарсониҳояшро ба "тӯби футбол" монанд кард, ки онро ба ҳар сӯ мезананд. Тӯби футбол дар байни додситонӣ, парлумон ва дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ. Дар ҳеҷ кадоме аз инҳо ба мушкилаш расидагӣ нашудааст.

Мегӯяд, моҳи май соли 2022 чанд тан аз наздикони ҳамсари собиқи писараш дар заминаи баҳсе бе иҷоза вориди хонааш шуда, ӯ ва духтарашро заданд ва ӯ акнун аз дар ба даре дар пайи адолат мегардад. Ин зан нахост чеҳрааш нишон дода шавад.

"Бовар кунед, гуфтем, магар тӯби футбол ҳастем, ки моро ҳар тараф мезанед. Ба духтарам гуфтам, ки меравем ба "боло"-ҳо. Баъд рафтем прокуратураи шаҳрӣ, аризаи моро қабул карданд. Ҳамон ҷо илтимос кардам, ки аризаи моро ҳамин ҷо дида бароед ва ба прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ нафиристед. Ҳар қадар, ки прокуратураи шаҳриро хоҳиш кардам, майлаш гуфтанд, боз ба ҳамон ҷо фиристоданд".

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, қазия чаҳор сол аст, ки идома дорад ва натиҷае надодааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муроҷиат ба идораи давлатӣ ё саргардонӣ?

Дар Додситонии кул ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ниҳод ва дигар зерсохторҳояш бар асоси қонун ва расмиёти пешбинишуда, муроҷиати сокинонро қабулу баррасӣ мекунанд.

Як ҳамсӯҳбати мо, ки салоҳияти сӯҳбат дар ин мавзӯъро надоштааст, танҳо афзуд, ки додситонӣ аризаҳоро ба идораҳои дахлдор мефиристад.

"НАМЕДОНАМ БА КУҶО МУРОҶИАТ КУНАМ"

Мусоҳиби дигари мо маҳбуси собиқест, ки мехоҳад доғи судияшро бардоранд. Мегӯяд, ба нозири минтақаашон муроҷиат кардааст, то ӯро ҳамчун нафари ислоҳшуда ба қайд гирад, ки чунин расмиёт ҳангоми бардоштани доғи судияш лозим мешудааст, вале ин хоҳишаш нодида гирифта шудаааст.

"То ҳанӯз намедонам ба куҷо муроҷиат кунам, ки маро ҳамчун шаҳрванд ба қайд гиранду ба ман кӯмак расонанд. Се фарзанди ноболиғ дорам, доғи судиямро гирам, ман ронандаи касбӣ мебошам, дар ширкати таксӣ ронанда шуда кор кунам",- мегӯяд Умеда Рӯзимадова, маҳбуси собиқ ва сокини Душанбе.

Нозире, ки ӯ дар назар дорад, ба зангҳои телефонии мо посух надод.

"АЗ ФАҲМИШИ ҲУҚУҚӢ ВОБАСТА АСТ"

Ба назари ҳуқуқшинос Бахтиёр Насруллоев, мушкил дар ҳалли муроҷиати корафтодагон аз сатҳи донишу фаҳмиши ҳуқуқии сокинон ҳам бастагӣ дорад, ки гоҳе ба ҷойе арз мекунанд, ки берун аз салоҳияташон аст ё дар тартиб додани ариза хато мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, камбудҳое низ аст, ки ба мансабдорон бастагӣ доранд.

Бахтиёр Насруллоев, ҳуқуқшиноси тоҷик.

"Дар масъалаи муҳлат камбудиҳо аз тарафи шахсони мансабдору хизматчиёни давлатӣ бисёр аст. Бо ҳар хел сабабҳои объективу субъективӣ, дар ҳамин масъалаи муроҷиати сокинон, камбудиҳо бисёр мебошад. Мо вақте ариза менависем, ҷавоб барои худамон ҳам дертар меояд, ҳамин хел камбудиҳоро ҳис мекунем",-мегӯяд Бахтиёр Насруллоев.

Қонунгузории Тоҷикистон мансабдоронро вазифадор кардааст, ки ба арзу муроҷиати сокинон расидагӣ кунанд ва дар сурати беэътиноӣ ё сари вақт баррасӣ накардани муроҷиатҳо, ҷазо пешбинӣ шудааст.

Бар асоси гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, соли гузашта аз ҷониби додситонӣ 55 парвандаи ҷиноии марбут ба муроҷиати шаҳрвандон боз шудааст. Вале маълум нест кадом мансабдор ва аз кадом ниҳод чигуна муҷозот шудааст.