Ба гузориши ин созмон, беш аз 90 дарсади онҳо аз сӯи нерӯҳои исроилӣ кушта ва беш аз 800 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
ЮНИСЕФ рӯзи сешанбе эълом кард, ки аз авоили соли гузашта дар канораи ғарбии руди Урдун ва Байтулмуқаддаси шарқӣ дастикам ҳафтод кӯдак кушта шудаанд.
Ҷеймс Элдер, сухангӯи ЮНИСЕФ мегӯяд, "кӯдакон нархи гарони авҷ гирифтани амалиёти низомӣ ва ҳамлаҳои шаҳракнишинҳо дар саросари канораи ғарбии руди Урдун ишғолшуда, аз ҷумла дар Байтулмуқаддаси шарқиро мепардозанд".
Ба гуфтаи сухангӯи ЮНИСЕФ, гуфт, 93 дарсади кӯдакон аз ҷониби нерӯҳои исроилӣ кушта шудаанд, ки аломати ҷинояти амдӣ аст.
Ӯ мегӯяд, боқимондаҳо қурбони ҳамлаҳои шаҳракнишинҳо, муҳимоти ҷангии нотаркида ё зарбаҳои тасодуфии нерӯҳои фаластинӣ буданд.
Як навраси фаластинӣ дар Ғазза. Акс аз бойгонӣ.
Артиши Исроил ба дархости хабаргузории "Рейтерз" барои изҳори назар дар ин бора посух надод.
"Мо мебинем, ки ҳамлаҳо ҳамоҳангтар мешаванд. Ҳолатҳои сабтшуда мавридҳои тирпарронӣ, корд задан, лату кӯб ва истифодаи маводи ашковар зидди кӯдаконро дар бар мегиранд. Ҳоло ин ҳодисаҳои ҷудогона нестанд. Онҳо ба як тамоюли доимӣ ба нақзи даҳшатноки ҳуқуқи кӯдакон, инчунин ҳамлаҳо ба ятимхонаҳо, мактабҳо ва обанборҳое, ки ба онҳо вобастагӣ доранд, ишора мекунанд",-мегӯяд Ҷеймс Элдер, сухангӯи ЮНИСЕФ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ЮНИСЕФ аз талафоти афзояндаи кӯдакони фаластинӣ хабар дод
Созмонҳои ҳуқуқи башар гузориш медиҳанд, ки аз соли 2023 хушунат алайҳи фаластиниҳо аз ҷониби шаҳракнишинҳо ва сарбозони исроилӣ дигарбора афзоиш ёфтааст.
Созмони Милали Муттаҳид ва аксари кишварҳо шаҳракҳои исроилӣ дар заминҳои тасарруфшуда дар ҷанги соли 1967-ро ғайриқонунӣ медонанд. Исроил инро қабул надорад.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки шадидан мухолифи ташкили давлати Фаластин аст, сохтмони шаҳракҳоро суръат бахшидааст.
Ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо низ аз афзоиши хушунатҳои шаҳракнишинҳои исроилӣ изҳори нигаронӣ карданд ва рӯзи 11 май дар бораи таҳримҳои нав алайҳи онҳо ва афроди "Ҳамос" мувофиқа намуданд.