Рӯзи 12-уми май раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин барои сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими бошукӯҳи шодбош баргузор кард. Сипас ду раҳбар дидори як ба як доштанд ва мулоқоти онҳо бо ширкати ҳайатҳои ду ҷониб идома пайдо кард.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати раҳбари Чин ҷараён гирифт ва мулоқоти онҳо як рӯз пеш аз сафари президенти ИМА Доналд Трамп ба Пекин, он ҳам бо даъвати Си Ҷинпин ҷараён гирифт. Дар арафаи сафар Раҳмон дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии Чин Синхуа хостори густариши робитаҳои кишвараш бо Чин шуд ва Пекинро дар ин замина “шарики стратегӣ” унвон кард. Ин дар ҳолест, ки Раҳмон бо баҳонаи омодагӣ ба ин сафар дар гашти низомии Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат накард. Расонаҳои русӣ навиштанд, бори аввал аст, ки президенти Тоҷикистон дар паради идона дар канори раҳбари Русия Владимир Путин қарор нагирифт.
Дар аввалин рӯзи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин, нахустин ҳамоиши «Пайванди тиҷорати рақамии Чин ва Тоҷикистон» дар шаҳри Пекин баргузор шуд. Садҳо намояндаи тиҷоратӣ аз ҳар ду кишвар дар ин ҳамоиш ширкат карданд ва мавзуъҳое чун “иқтисоди сабз” ва ҳуши маснуӣ дар он баҳс шуд.
Расонаҳои расмии ду кишвар аз имзои қарордодҳои миллиард долларӣ хабар доданд, вале мустақилона тасдиқ кардани ин маълумот мушкил аст.
Хабаргузории давлатии Тоҷикистон “Ховар” 12-уми май гузориш дод, ки миёни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва чинӣ “беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 8 миллиард доллари ИМА” имзо шудааст.
Ба қавли ин манбаъ, аз ҷумла ширкати «Watcher Capital»-и Чин ният дорад, ки ба маблағи 1,5 миллиард доллар дар Тоҷикистон неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ созад. Ҷузъиёти бештари ин созишнома ва кай сохта шудани ин неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ маълум нест.
Ҳамзамон дар дидори раиси кулли ширкати China National Gold Group Ҳю Ченгуанг бо вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир ҷалби сармояи бештар барои коркарди захираҳои табии Тоҷикистон, тило, нуқра ва металҳои нодир баррасӣ шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сели сармояи Чин ба Тоҷикистон ҷорӣ мешавад?
Ширкати чинии «ZyF Holding» бо Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон барои сохтани корхонаи коркарди масолеҳи алюминий шартнома имзо кардааст. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба ин лоиҳа тақрибан 80 миллион доллар эълон шудааст, аммо шароити он фош нашудааст.
Ширкати “TBEA”, ки қаблан дар Душанбе Маркази барқу гармидиҳӣ сохта, барои ин чанд кони тиллоро соҳиб шуда буд, аз сармоягузории бештар дар бахшҳои энергетика ва саноати Тоҷикистон хабар додааст, аммо ҷузъиёташ маълум нест. Маркази барқу гармидиҳии сохтаи ин ширкат барои Душанбе қаблан нигаронии ҳомиёни муҳити зистро ба миён оварда буд.
Чин шарики муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон мебошад. Тибқи оморҳои ахири Вазорати молия, Тоҷикистон аз Чин беш аз 700 миллион доллар қарздор аст.
Дар дидори Раҳмон бо сарвазири Чин Ли Сиян гуфта шуд, ки ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар дар чормоҳаи аввали соли 2026 ба 790 миллион расидааст, ки дар қиёс ба як соли пеш панҷоҳ дарсад зиёд аст. Ва сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ба 6 миллиард доллар расидаанд.
Сафари навбатии 22-юми раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сармоягузориҳои Чин ва ҳузури онро дар иқтисоди Тоҷикистон ва ба ҳамин андозаи вобастагиро ба ҳамсояи азимаш ба маротиб бештар хоҳад кард.