Дар Конибодом деҳаро обод карданду дар "бало" монданд

Раиси як деҳа дар Конибодом мегӯяд, ободкориҳои ӯ боис ба як ҳукми додгоҳ шудаанд. Абдумалик Сиддиқов гуфт, барои гузаронидани хатти обу мумфарш кардани роҳҳо баъзе дарахтҳоро бурид ва акнун додгоҳ ӯро ба осеб расондан ба табиат гунаҳкор кардааст.

Аммо мақомот мегӯянд, ки раиси маҳалла дарахтони сабзро буридааст ва барои ин амалаш бо ӯ қонунӣ бархӯрд шудааст.

Ба гуфтаи Абдумалик Сиддиқов, раиси деҳаи Нурафшони шаҳри Конибодом, барои гузаронидани хатти обу мумфарш кардани роҳҳо баъзе дарахтҳоро бурид ва акнун додгоҳ ӯро барои расондани осеб ба табиат ҷаримае баст, ки тавони пардохташро надорад.

Абдумалик Сиддиқов се сол боз раиси деҳаи Нурафшон дар ҷамоати Патари Конибодом аст. Ӯ то ин вақт дар Русия ошпаз буд ва бо даъвати сокинон ба ватан баргашт ва вазифаи ҷамъиятиро ба дӯш гирифт.

Сиддиқов мегӯяд, дар оғози фаъолияташ ҷудо шудани маблағ аз фонди амрикоии USAID барои гузаронидани об барояшон илҳом бахшид ва ободкориро дар дигар самтҳо ба роҳ монданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Конибодом деҳаро обод карданду дар бало монданд

Дар деҳаи Нурафшон кӯчаи марказиву чаҳор хиёбони дигарро дар ҳудуди тақрибан 7 километр бо ҳашар мумфарш карданд. Ин ба сокинон хуш омад.

Ҳасанбой Халилов, сокини шаҳри Конибодом мегӯяд, ки пештар ин кӯчаҳо чунон танг буд, ки фақат моторсикл ё мошинҳои хурд мегузашт. "Инҷо сафедор буд, мардуми маҳалла ҳашар карда, ҳамон дарахтҳоро буридем. Чунки инҷо хатти баландшиддати барқ ҳам буд ва ба он халал мерасонд. Даҳ сол пеш сими барқ ба сафедор расида, сӯхтор шуда буд ва инро Идораи барқ ҳам медонад. Барои ҳамин, дарахтҳоро буридем. Ҳама як шуда ҳамин корро кардем",-афзуд ин Хасанбой Халилов.

Вале ҳамин дарахтбурӣ сабаби мурофиаи додгоҳӣ шуд ва талошҳои дигарро боздошт. Барои бе иҷозат буридани беш аз 60 дарахти сарсабзу сояафкан, моҳи феврали имсол нисбати Абдумалик Сиддиқов аз рӯи моддаи "ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо", парванда боз карданд.

Фирдавс Ёдгорӣ, мудири Бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом мегӯяд, "дарахтбурӣ ин ба ободонӣ дахле надорад. Вай дарахти тарро буридааст. Баръакс ба табиат зарар расондан ҳисоб мешавад. Мо ин ҳолатро ошкор кардем ва ба прокуратура пешниҳод намудем. Парванда оғоз карданд. Худаш ба кори кардагиаш иқрор шуд. Суд баррасӣ кард".

Додгоҳи шаҳри Конибодом ахиран Сиддиқовро беш аз 80 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Комилҷон Ғанизода, додраси парванда дар ҳукми содирнамудааш гуфтааст, ки дар сурати пардохти ҷарима, маҳкумшуда метавонад озодона ба фаъолияти худ идома диҳад.

Вале Абдулмалик Сиддиқов мегӯяд, аз ҳукм норозист ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад: "Аз соли 2023 раиси маҳалла ҳастам, ин кор маош надорад, як танга маош намегирам. Фақат бонусаш меҳнату мукофоташ ҳамин маҳсули кор аст".

Абдумалик Сиддиқов, раиси деҳаи Нурафшони шаҳри Конибодом.

Дар ҳамин ҳол Султон Пирзода, ёрдамчии Додситони шаҳри Конибодом чанде пеш дар рӯзномаи ҳукуматии "Садои Конибодом" оиди амалкарди Абдумалик Сиддиқов матлабе ба нашр расонд.

Ӯ дар матлабаш навишт, "танҳо дар шаҳри Конибодом барои ҳифз нагардидани муҳити зист ва ифлос намудани ҳавову табиат 32 парвандаи маъмуриро баррасӣ намуда истодаанд" ва сокинонро барои риоя кардани қонуни ҳифзи муҳити зист даъват намудааст.

Чанде аз сокинони деҳаи Нурафшон бо ҷонибдорӣ аз заҳматҳои Абдумалик Сиддиқов мегӯянд, ки ба хотири талошҳояш дар ободӣ, аз ҷумла кашидани хатти об ва навсозии роҳу толори варзишу бунгоҳи тиббӣ ва қабристони деҳа, "гуноҳаш" ба таври истисноӣ бахшида шавад.