Аврупо Қирғизистонро таҳрим кард. "Ҷазо барои садоқат ба Русия"?

Иттиҳоди Аврупо охири ҳафтаи гузашта Қирғизистонро шомили феҳрасти таҳримҳои худ кард. Ҳоло ба ин кишвар содироти як қатор молҳое, ки Маскав метавонад барои истеҳсоли низомӣ истифода кунад, манъ шудааст.

Гузашта аз ин, ду бонки Қирғизистон ва биржаи криптовалютӣ ба феҳристи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ворид шудаанд.

Дар ин байн президент Содир Ҷабборов ғайричашмдошт барои мулоқот бо Владимир Путин ба Маскав парвоз кард. Рӯзноманигорони рус мегӯянд, таҳрим алайҳи Қирғизистон як навъ муҷозот шудани ин кишвар барои садоқаташ ба Русия аст.

Ҳанӯз аз зимистони имсол маълум буд, ки Қирғизистон ба 20-умин бастаи таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия шомил мешавад.

Иттиҳоди Аврупо бори аввал содироти баъзе навъи дастгоҳҳо ва таҷҳизоти радиоии аз рӯи рақам идорашавандаро ба ин кишвар ба далели хатари содироти дубораи онҳо ба Русия ва истифода дар тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо, манъ кард.

Ба гуфтаи Брюссел, воридоти чунин коло ба Қирғизистон ахиран ҳудуди даҳ баробар ва содирот аз Қирғизистон ба Русия беш аз дувоздаҳ баробар афзоиш ёфтааст. Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, бо Бишкек пайваста машваратҳо доир мекард, аммо мақомот ба таъмини Русия бо маҳсулоти мамнӯъ идома медоданд.

Сарфи назар аз дархости сершумор ва табодули иттилоот, Қирғизистон чораҳои кофиро барои кафолат додани он, ки молҳои таҳти таҳрими Иттиҳоди Аврупо дигарбора ба Русия содирот намешаванд, амалӣ накардааст. Ин хатари истифода шудани кишварро барои канорагирӣ аз чораҳои маҳдудкунандаи Иттиҳоди Аврупо ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо алайҳи ду бонки Қирғизистон - "Капитал" ва "Каромат", ки аллакай дар Бритониё ва ИМА таҳти маҳдудият қарор доранд, таҳрим ҷорӣ кард. Ҳоло ба ин бонкҳо муомилот бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо манъ шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди Қирғизистон

Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳур Содир Ҷабборов ғайричашмдошт барои мулоқот бо Владимир Путин ба Маскав парвоз кард. Дар бораи ин сафар қаблан эълон нашуда буд. Ҷониби Русия дар ин маврид пеш аз мулоқоти ду раҳбар хабар дода гуфт, ки тарафҳо ҳамкориҳои Қирғизистону Русияро баррасӣ кардаанд.

Ба иддаои рӯзноманигорони Шабакаи якуми Русия, ташаббускори ин мулоқот Содир Ҷабборов аст ва гӯё хабари таҳримҳо замоне расид, ки ӯ аллакай дар Кремл буд. Хабарнигори ин шабака маҳдудиятҳо зидди Бишкекро ҳамчун "муҷозот барои садоқат ба Русия", тавсиф кардааст.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия инро ба таври дигар баён намуд. "Ин садоқат ба Русия нест. Ин пеш аз хама содиқ будан ба манфиатҳои худ мебошад. Ва агар кишваре ба хотири манфиатҳояш коре кунад, ин маънои онро дорад, фоидаи мегирифтааш аз манфиати фоидаи эҳтимолии тарафи дигар зиёдтар аст. Дар ин ҳолат ин аллакай таваккали дуруст мешавад,"--гуфт Песков.

Аз нигоҳи сиёсташиноси қирғиз Эмил Ҷураев, раҳбарони ду кишвар маҳз мавзӯъи таҳримҳоро баррасӣ карданд. Ба тахмини ӯ, Маскав метавонад аз Бишкек хоҳиш кунад, ки барои давр задани маҳдудиятҳо кумаки бештар расонад. Ба таъкиди коршинос, вазъи иқтисодии Русия сангин буда, барои Қирғизистон муҳим аст, ки ба гирдоби ин мушкилот кашида нашавад. Ба андешаи ӯ, таҳримҳои Иттиҳоди Аврупоро набояд сода гирифт.

"Кайҳо маълум аст, ки бонкҳои Русия ин кишварро ҳамчун як пойгоҳи бетараф барои анҷоми муомилоти миллиарддолларӣ истифода мебаранд. Ҳарчанд ин метавонад то ҳадде манфиатовар бошад, аммо иштирок дар чунин нақшаҳо хатари маъруф шудани кишварро ба унвони "мошини шустушӯи пул"-и молиявӣ ба бор меорад, ки метавонад ба низоми қарздиҳӣ, бонкӣ ва молиявӣ таъсири манфии амиқ расонад. Мавқеи "мо бо Русия ба қадри кофӣ тиҷорат дорем ва метавонем бе Ғарб ҳам кор кунем", набояд бартарӣ дошта бошад",- мегӯяд Эмил Ҷураев.

То оғози соли ҷорӣ 28 ширкат, чаҳор бонк ва чаҳор созмони криптовалютии Қирғизистон аз ҷониби ИМА, Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо ба феҳристи таҳримҳо ворид карда шуданд.

Моҳи сентябр дар Маҷмаи Умумии СММ раисиҷумҳур Содир Ҷабборов аз кишварҳои ғарбӣ талаб кард, ки таҳримҳо алайҳи ниҳодҳои молии Қирғизистонро лағв кунанд. Вай изҳор дошт, ки худи Иттиҳоди Аврупо равобити тиҷорӣ бо Русияро идома медиҳад, аммо ба дигарон ин корро манъ мекунад.