Интиқоди вакилони рус аз тағйири номҳои замони шӯравӣ дар Қирғизистон

Русия бори дигар аз тағйири номи кӯчаву хиёбонҳои даврони Шӯравӣ дар Қирғизистон ибрози норозигӣ кард. Дар ҷараёни қабули созишномаи бунёди шаҳраки Донишгоҳи славянии Қирғизистон-Русия, вакилони порлумони Русия аз "русбадбинӣ" ва ба қавли худашон "шӯрависитезӣ" дар Бишкек, сӯҳбат карданд.

Дар ҷаласаи умуми Думаи давлатӣ дар 21 апрел, бунёди шаҳраки нави Донишгоҳи славянии Қирғизистон-Русия, мавриди баҳс қарор гирифт. Ин донишгоҳ, ки ба номи Борис Елтсин, аввалин раисҷумҳури Русия мебошад, 33 сол аст, ки дар Бишкек фаъолият мекунад ва дар ин муддат донишҷӯён дар биноҳои на чандон роҳат, ки дар саросари шаҳр пароканда буданд, таҳсил мекарданд.

Соли гузашта Маскав тасмим ба бунёди як шаҳраки нав дар масоҳати 30 гектар гирифт. Акнун вакилони Русия ба баҳсу баррасии ин созишнома оғоз кардаанд. Чанд узви порлумон аз номгузории донишгоҳ ба номи Елтсин ибрози норозигӣ карданд. Яке аз намояндагон иддао кард, ки Елтсин масъули коҳиши шумори русзабонон дар саросари ҷаҳон аст.

Ренат Сулаймонов, вакили порлумони Русия.

Ренат Сулаймонов, вакили порлумон пурсид, "ба сурати умумӣ, саҳми Елтсин дар робитаҳои Русия ва Қирғизистон чист? Фикр мекунам, ки ин барои мо як масъалаи усулӣ аст. Ҳангоми тасмимгирӣ дар бораи бунёди он, бояд ном, алоқамандӣ ва бамавқеъ будани онро дар назар бигирем".

Сипас намояндагони порлумони Русия ба масъалаи "русбадбинӣ" дар Қирғизистон пардохтанд. Вакили порлумон Михаил Матвеев аз идеяи тағйири номҳои чандин кӯчаву хиёбон дар Бишкек, ки ба номи чеҳраҳои Русия ва Шӯравӣ номгузорӣ шудаанд, хашмашро баён кард.

Матвеев пурсид, "мо дар ҳоли аз байн рафтани номҳои русӣ ва шӯравӣ дар Қирғизистон ҳастем. Кишваре, ки дар ҳоли ҷанг аст, акнун 15 миллиард рубл ба Қирғизистон медиҳад. Оё наметавон дар ин созишнома банде вуҷуд дошта бошад, ки дастикам моро аз русҳаросӣ ва шӯрависитезӣ, ки дар ин ҷумҳуриҳо ривоҷ меёбад, муҳофизат кунад? Бо таваҷҷуҳ ба маҳви номҳои русӣ дар шаҳрҳо ва кӯчаҳои Қирғизистон, ин ҳамаро чигуна шарҳ медиҳед?"

Аммо вакили дигари порлумон Константин Затулин, ногаҳон ба тарафдорӣ аз Қирғизистон бархост. Ӯ борҳо кишварҳои Осиёи Миёнаро ба доштани рӯҳияи зиддирусӣ муттаҳам карда, онҳоро ба "сенарияи украинӣ", таҳдид карда буд.

Константин Затулин, вакили порлумони Русия.

Ӯ иброз дошт, ки қирғизистониҳо, бо вуҷуди муҳоҷирситезӣ, ки ба гуфтаи ӯ, дар порлумон ривоҷ дорад, ояндаи худро бо Маскав мебинанд. Ӯ ба як пажӯҳиши ширкати таҳлилии амрикоии Gallup истинод кард, ки нишон медиҳад, сокинони Қирғизистон аз раҳбарияти Русия назар ба раҳбарияи Украина бештар розӣ ҳастанд.

Пас аз ин, Затулин ғайричашмдошт эълон кард, ки иваз кардани ном кори дохилии кишваре аст, ки дар он сурат мегирад.

Затулин гуфт, "мутаассифона номҳои ҷуғрофӣ дар бисёре аз кишварҳо, тағйир мекунанд. Ин қонуни дохилии онҳост. Мо фақат метавонем дар ин бора афсӯс хӯрем. Дар воқеъ, бо фароҳам овардани имкониятҳое монанди таъсиси донишгоҳи қирғизистонӣ, мо монеи ин раванд мешавем".

Медет Тюлегенов, сиёсатшиноси қирғиз ба ин бовар аст, ки чунин баҳсҳое дар порлумони Русия, асосан сиёсӣ ва рамзӣ ҳастанд. Ин коршинос мегӯяд, Маскав пас аз ҳамла ба Украина, нуфузи худро дар бисёре аз кишварҳо аз даст медиҳад ва Бишкек акнун шарики калидӣ ва вафодор дониста мешавад.

Намое аз шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон.

Айни ҳол, Русия дар талош аст, то ҳувияти пасошӯравиро дар кишварҳое, ки дар ҳавзаи нуфузаш ҳастанд, тақвият кунад. Аммо Медет Тюлегенов ба муассир будани ин равиш шубҳа дорад. Ӯ таъкид мекунад, ки шуморе каме аз мардуми Қирғизистон Иттиҳоди Шӯравиро ба ёд меоранд.

Медет Тюлегенов мегӯяд, "бо таваҷҷуҳ ба ошуфтагиҳои феълӣ, ки аз ҷанг дар Украина ва дигар омилҳо сарчашма мегиранд, сохтани оянда бар асоси навъе муштаракот низ душвор аст".

Маскав ба таври анъанавӣ ба ташаббусҳои даст кашидан аз номҳои русии маконҳо дар кишварҳои шӯравии пешин бо эҳсосот вокуниш нишон медиҳад.

Дар Қирғизистон тағйири номҳое, ки хашми вакилони порлумони Русияро барангехт, дар миқёси хурдтаре идома дорад. Раванди тағйири овезаҳо кунд аст ва густурда нест. Ба унвони мисол, дар Бишкек ҳар чаҳор ноҳияи шаҳр номҳои шӯравӣ доранд -- Свердловский, Ленинский, Первомайский ва Октябрский.

Коршиносон мегӯянд, сиёсатмадорони ин кишвар одат доранд, ки боэҳтиёт рафтор кунанд.

Моҳи ҷорӣ Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон эълон кард, номи ҳама шаҳракҳое, ки русӣ номгузорӣ шудаанд, то соли оянда тағйир хоҳанд кард. Дар расонаҳои русӣ дарҳол ин хабар нашр шуд. Котиби матбуотии Содир Ҷабборов баъдан хабар дод, ки раҳбари давлат фақат пешниҳод кардааст, ки номгузории деҳаҳо ба номи шахсиятҳои таърихӣ муваққатан манъ карда шавад, дар бораи даст кашидан аз ҷойҳои русӣ сухан намеравад.