Як ниҳоди украинӣ мегӯяд, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.
Лоиҳаи "Зистан мехоҳам", ки аз ҷониби давлати Украина дастгирӣ мешавад, номи қариб 13 000 шаҳрванди Осиёи Марказиро муайян кардааст, ки барои ширкат дар ҷанги Украина бо Вазорати дифои Русия шартнома бастаанд.
Пойгоҳ маълумоти шахсии 12 666 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказиро дар даст дорад. Бахше аз онҳо кушта шудаанд, бархи дигар дар ҷанги Русия бо Украина ширкат кардаанд ё айни замон дар он ширкат мекунанд.
- Ӯзбекистон аз рӯи шумораи афроди муайяншудааш ҳамоно пешсаф аст. Ин шумора 4853 нафарро ташкил медиҳад.
- Тоҷикистон бо 3407 нафар дар ҷойи дуюм аст.
- Аз Қазоқистон 2389 нафар шиносоӣ шудаанд.
- Қирғизистон бо 1439 шаҳрванди муайяншуда дар ҷойи чаҳорум аст.
- Аз Туркманистон бино бар ин тарҳ, 578 нафар аз тарафи Русия бо Украина ҷангидаанд ё меҷанганд.
Тарҳи "Зистан мехоҳам" баҳор ва тобистони соли 2025 низ чунин феҳристенро нашр карда буд. Он вақт номи 5740 нафар муайян гашта буд. Дар ин байн шумораи иштирокчиёни муайяншуда беш аз ду баробар афзудааст.