Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон имрӯз, 20-уми апрел ба хабарнигорон гуфт, ки феълан ҳеч тасмиме барои рафтан ба даври дуюми музокирот надоранд.
Аз ин пеш, Доналд Трамп, президенти ИМА гуфта буд, ки гурӯҳеро барои гуфтушунид бо Эрон ба Покистон фиристодааст ва агар онҳо шартҳоро напазиранд, ҳамлаи низомӣ идома хоҳад ёфт.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон.
Эрон дар ҳоле гуфтушунид бо ИМА-ро рад кард, ки низомиёни амрикоӣ як киштии тиҷории эрониро роҳ надоданд, ки аз тангаи Ҳурмуз убур кунад. Доналд Трамп, президенти ИМА дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки киштӣ дар ихтиёри онҳост ва хоҳанд дид, ки дар дохилаш чӣ ҳаст.
Эрон ин ҳодисаро як далели радди гуфтугӯ бо ИМА донистааст.
Тангаи Ҳурмузро дар оғози ҷанг Эрон ба рӯи киштиҳо баст, вале худаш аз ин роҳ бор интиқол медод. ИМА ҳоло ба киштиҳои Эрон иҷоза намедиҳад, ки аз ин оброҳа убур кунанд.
Аз оғози бӯҳрон дар Ховари Миёна, ҳаракати нафткашҳо дар тангаи Ҳурмуз бо мушкил рӯбарӯ шудааст.
То оғози ҷанг 20 дар сади захираҳои нафти ҷаҳон аз кишварҳои арабӣ тариқи ин оброҳа интиқол меёфт. Бастани ин роҳ иқтисоди дунёро ба мушкил гирифтор кардааст.
ИМА ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Эрон дар посух ба Исроил ва кишварҳои арабии ҳамсояаш, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико ҳастанд, бо паҳподу мушак ҳамла кард.
Ду ҳафта пеш ИМА оташбас эълон кард, то бо Эрон гуфтугӯ кунад. Шартҳои ИМА ин аст, ки Эрон аз барномаи ҳастаӣ ва сохтани мушакҳо даст кашад ва гурӯҳҳои мусаллаҳро дар Ховари Миёна сармоягузорӣ накунад.
Даври аввали гуфтугӯ дар Покистон натиҷа надод ва агар даври дуюм баргузор нашавад, нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ боз ҳам болотар хоҳад рафт. Муҳлати оташбас ҳам ин ҳафта ба поён мерасад ва агар он идома накунад, дубора оташи ҷанг минтақаро фаро хоҳад гирифт.