Ташкили ғайриқонунии ҳаҷ ё тӯҳмати як зоир?

Бадриддин Сафаралиев, сокини шаҳри Ҳисор.

Пойи Бадриддин Сафаралиев, сокини шаҳри Ҳисор, ба идораи пулис кашида шудааст. Ӯро ба ташкили сафари бе иҷозаи зоирони тоҷик ба ҳаҷ гумонзад медонанд.

Худаш мегӯяд, воқеан беш аз ду сол дар шаҳри Макка дар Арабистони Саудӣ буд ва дар ҳамкорӣ бо як ширкати узбекистонӣ ҳоҷиёни камтавону пиронсолро бо ароба мегардонд, аммо касеро аз Тоҷикистон то онҷо набурд.

Бадриддинро 14-уми марти имсол, ҳангоми бозгашт аз Арабистони Саудӣ, дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон дастгир ва дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии Душанбе бозпурсӣ кардаанд. Ҳоло дар озодист, вале таҳқиқи қазияаш идома дорад.

Бадриддин Сафаралиев афзуд, "гуфтанд, шумо соҳибкори ғайриқонунӣ. Яъне, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Арабистон ба зиёрат мебаред. Гуфтам, ба ҷуз аз хонаводаи худам ягон касро набурдам. Вале агар касе занг зада, пурсад, ки шароит чӣ хел аст, мегӯям, шароит хуб аст. Ё мегӯям, кадом меҳмонхона наздик аст. Аз ягон кас ягон сомонӣ напурсидам. Гуфтанд, нисбат ба ту як ҳоҷӣ баёнот дод, ки 150 нафарро ба ҳаҷ бурдӣ".

Бадриддин Сафаралиев ин далели мақомотро беасос дониста, иддао дорад, ки маъмурони интизомӣ гуё зери фишор аз як шиносаш бо номи Дилшод Ҷӯраев баёнот гирифтаанд ва ҳоло онро ба зидди ӯ истифода мекунанд.

Дилшод Ҷӯраев, сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, "соли гузашта, баъд аз моҳи Рамазон, бо ҳамин кас ба ҳаҷ рафта будем. Баъди як ҳафтаи бозгашт ба идораи амният фарёд карданд. Пурсиданд, ки чанд бор ба ҳаҷ рафтӣ. Гуфтам, як маротиба. Як шаппотӣ зад, дигар худамро гум кардам. Гуфтам, се бор рафтам. Аслан ҳамроҳи ин акаам як бор рафтем".

Нигаронӣ аз роҳи фишор ё маҷбурӣ гирифтани баёноти шоҳидону гумонзадҳо дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад.

Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, ҳоло дар аризае ба Додситони кул навиштааст, ки зери фишор дар баёнот имзо гузошта буд ва бояд ин масъала таҳқиқ карда шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ташкили ғайриқонунии ҳаҷ ва ё туҳмати ҳоҷӣ?

Як муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 27-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ оғози парвандаро нисбат ба Бадриддин Сафаралиев тасдиқ кард ва танҳо ҳаминро гуфт, ки барои гумонбар кардани ӯ маводи кофӣ доранд. Вай афзуд, барои шарҳи бештари мавзуъ "ба додситониву Вазорати корҳои дохилӣ номаи расмӣ фиристед".

Солҳои охир шумораи довталабони ҳаҷ, бахусус ҳаҷи умра аз Тоҷикистон зиёд шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз мардум хостаанд, ки ба воситаи ширкатҳои расмӣ ба онҷо раванд, то бе хӯроку меҳмонхона ва сарсону саргардон намонанд.

Дар Тоҷикистон чанд ширкат ва Кумитаи дин хоҳишмандонро барои адои ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ мефиристанд. Аммо баъзе аз сокинон бартар медонанд, ки ба воситаи Узбекистон ва ширкатҳои сайёҳии ин кишвар ба Макка раванд. Арзон будани нарх далели асосии сафари онҳо ба воситаи Узбекистон гуфта мешавад.

Харҷи сафари ҳаҷи умра тариқи ширкатҳои расмӣ ва аз Тоҷикистон то якуним ҳазор доллар будааст. Ин сафар ба воситаи фурудгоҳи Узбекистон аз 1100 то 1300 долларро ташкил медиҳад.

Номи Бадриддин Сафаралиев ва баъзе аз пайвандонаш дар гузашта дар пайванд ба марги падарашон Абдураҳмон Сафаралиев ба расонаҳо роҳ ёфтааст. Ҳоло ӯро ба ташкили сафари бе иҷозаи зоирон ба Арабистони Саудӣ гумонзад медонанд. Худаш қабул надорад. Мақомот мунтазири хулосаи тафтишот ҳастанд.