Фиреби муҳоҷирони тоҷик бо ваъдаи кор дар Аврупо зиёд шудааст

Корҷӯёни тоҷик дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират мегӯяд, танҳо дар моҳи феврали имсол аз интиқоли беш аз 200 ҳазор сомонии корҷӯёни тоҷик ба қаллобон дар хориҷа пешгирӣ шудааст. Намояндагони созмон аз сокинон мехоҳанд, пеш аз фиристодани пул ба қаллобон ба барномаи "Хати оҷил" муроҷиат кунанд.

"Баъзеҳо 50 ҳазор сомонӣ додаанд"

Як сокини вилояти Хатлон, ки талош дорад барои кор ба Аврупо равад, як моҳ пеш ба доми қаллобон афтодааст. Ӯ бо шарти фош нашудани маълумоти шахсияш нақл кард, ки эълони корро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кард ва тамос гирифт. Аз вай ҳуҷҷат ва пул талаб кардаанд.

"Рафтем, пул гирифтем, 2050 сомонӣ ба корти ҳамон духтар фиристодем," -- гуфт ӯ ва афзуд, танҳо пас аз интиқоли ин миқдор пул шубҳа кардааст, ки оё ваъдаи кор дуруст аст ё на.

Дар маркази "Хати оҷил дар бораи муҳоҷирати бехатар", ки аз сӯйи Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират ҳимоят мешавад, ба вай гуфтаанд, дигар пул нафиристад. "Гуфтам, ҳамин хел шуд, бинед. Гуфтанд, хуб кардӣ, ки омадӣ. Мардуми моро бисёр фиреб мекунанд. Аз ту 2000 сомонӣ аст. Мардум то 5 ҳазор, 20 ҳазор, 30 ҳазор сомонӣ додаанд. Баъзеҳо 50 ҳазор сомонӣ додаанд," -- нақл кард ин корҷӯи тоҷик.

Дар Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират гуфтанд, дар моҳи феврали имсол аз интиқоли беш аз 200 ҳазор сомонӣ ба қаллобон пешгирӣ шудааст. Дар ҳамаи ин мавридҳо қаллобон дар ивази кор дар хориҷа аз тоҷикистониҳо пул хостаанд.

Виктор Лутенко, роҳбари дафтари Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, "ба мо одамоне муроҷиат карданд, ки аллакай 100 ҳазор сомонӣ зарар дида буданд. Дар баъзеҳо ҳолат метонавем кумак расонем, дар баъзе ҳолат маблағро баргардонем. Вале баъзан ин кор имконнопазир аст. Гуфта метавонем, ки мо аз интиқоли то 200 ҳазор сомонӣ пешгирӣ кардем. Одамон пеш аз он ки маблағро ба қаллобон фиристанд, бо мо тамос гирифтанд ва аз ҳамин ҳисоб мо тавонистем пешгирӣ кунем. Ва ин ҳолат ҳар моҳ давом дорад".

Видео дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фиреби муҳоҷирон бо ваъдаи кор дар Аврупо

"Муроҷиат дар бораи қаллобон зиёд аст"

Ба гуфтаи Виктор Лутенко, шумори ҳарчи бештари тоҷикистониҳо мехоҳанд, барои кор ба хориҷа раванд ва аз ин ҳисоб қаллобон суистифода мекунанд. Лутенко мегӯяд, дар соли 2025 ба "Хати оҷил" тақрибан 5 ҳазор бор тамос гирифта шудааст.

"Нисфе аз муроҷиатҳо пурсиш дар бораи сафар ба хориҷ буд. Муроҷиатҳо дар бораи қаллобон ҳам зиёд аст. Мо мушовироне дорем, ки дар ин бахш кор мекунанд. Онҳо нишонаи эълонҳои қаллобиро медонанд. Ва метавонанд мушаххас кунанд, ки кадомаш воқеӣ аст, кадомаш қаллобӣ", - мегӯяд Виктор Лутенко, роҳбари Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон.

Вай афзуд, шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо қаллобӣ, балки дар мавридҳои дигари изтирорӣ низ метавонанд ба "Хати оҷил" тамос гиранд. Мисли банд мондан дар фурудгоҳҳо, гум кардани ҳуҷҷат ё афтодан ба ғуломӣ ва ғайра. Ба гуфтаи вай, Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират талош мекунад, ки бо ёрии ниҳодҳои дигари давлатӣ ба мушкили муҳоҷирон расидагӣ кунад.

Бино ба омори гуногун, ҳар сол бештар аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои ёфтани кор ба хориҷ мераванд. Бештари онҳо ба Русия ва теъдоде ҳам ба Қазоқистон ва кишварҳои аврупоӣ сафар мекунанд.